Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ ва достони “Козурписар”-и ӯ
«Ашъораш гавҳарест, ки дарьё бад-ў садаф надорад».
Малеҳо
Саид Камол, ки машҳур ба Фитрати Зардўзи Самарқандист, ҳунарманд ва шоири бомаҳорат аст. Дар соли 1658 таваллуд ёфтааст. Давраи кудакиро дар Самарқанд гузаронида, соли 1686 барои давом додани таҳсил ба Бухоро меояд ва боқии умри ў дар ин шаҳр мегузарад.
Оид ба аҳвол ва ашъори Фитрат маълумоти то андоза пурраеро Малеҳои Самарқандӣ, ки аз муосирони ўст, дар тазкираи «Музокир-ул-асҳоб» меоварад. Малеҳо дар бораи завқи баланди шоир бо шавқ қаламронӣ намуда, ўро яке аз беҳтарин шоирони замон медонад ва ду ғазалу якчанд байти алоҳида ва ҳаҷвияи ба Абдуллатиф ном шахс бахшидаи ўро меоварад. Аммо дар бораи соҳибдевон будани шоир ишорае намекунад, вале худи шоир гуфтааст:
Зи ҳар ҷинсе ба бозори маонӣ,
Баровардӣ матои хушбаёнӣ.
Дар натиҷаи ҷустуҷўй ғазалҳое пайдо шуданд, ки дар қисмати мақтаъ аз Фитрат ном бурда мешавад. Ба қарибӣ «Радоиф-ул- ашъор» ба даст афтод, ки мураттиби он Сайёҳ ном кас аст. Дар ин китоб низ чанде аз ғазалҳои шоир сабт шудаанд.
Мероси дигари Фитрати Зардўзи Самрқандӣ достони «Козурписар» аст. Достон зиёда аз 900 байтро дар бар мегирад. Мундариҷаи достон аз баёни фоҷиаи ишқи Толибу Матлуб иборат мебошад. Ҳарчанд шоир тасвир намудани фоҷиаи ишқи ду ҷавони намояндаи синфҳои гуногуни ҷаъмиятиро мақсади асосии маснавӣ қарор дода бошад ҳам, вале қисмати асосии достонро инъикоси меҳнат, тавсифи ҳунармандӣ ва аҳли ҳунар ташкил додаст. Ишқи Толибу Матлуб барои шоир воситаи ба синфи мазлум ва ҳунарӣ ҳамду сано гуфтан аст.
ИН ПОРЧА АЗ ҲАМИН ДОСТОН:
Чу чашми мутриби ақлам чунин дид,
Бад-ин ҳарфам чу қонун гўш молид,
Ки эй қофи тафаккур аз ту обод,
Зи шўхӣ гар ба мазмунат паризод.
Зи ҳар ҷинсе ба бозори маонӣ,
Баровардӣ матои хушбаёнӣ.
Намесозӣ чаро дар маснавӣ фикр,
Ки дорад ҳусни лафзаш маънии бикр.
Ба базми маъниороёни ин фан,
Бувад ҳар мисрааш як шамъи равшан,
Ҷаҳон пур аз ҳикоятҳои рангин,
Намегардӣ чаро к-аз боғ гулчин?
Хусусан достони ишқи козур,
Ки ҳар ҳарфаш бувад дар гўш як дурр…
Сукунам дод аз ин гуфтугў пушт,
Қалам дар ҷилва шуд бар каф чу ангушт.
Қабои лафзи рангин бемуҳобо,
Барафгандам ба дўши қисми аъло.
Зи авроқи дили холӣ зи кина,
Дар ин баҳр уфгандам ин сафина.
Расид аз баҳр нақши ин баротам,
Чу оҳ аз дил, сиёҳӣ аз давотам.
Зи таъсири ғами ин ишқнома,
Валӣ шуд лафз чун сар зад зи хома.
Чунон кардам шарори фикр равшан,
Ки шуд ҳар мисраам як нахли эман.
Шуданд огаҳ аз ин кайфият аҳбоб,
Ки дорад оташам саргармии об.
Зи абри гуфтугўи тарғибоин,
Бибориданд ранги сел таҳсин.
Зи ҷўши изтироби фикри бисмил,
Тапидан менамудӣ роҳ бар дил.
Шавад оинаамро то ҷилогар,
Кафи хокистарам оварда ахгар.
Чунон карданд таҳрикам дар ин кор,
Ки ҳар мўям забоне шуд ба гуфтор.
Аз ин имдод бар рухсори дафтар,
Гирифтам хомаву кардам сухан сар.
Биё мутриб, садое соз бунёд,
Ки дил дар синаҳо ояд ба фарёд.
Бизан нохун ба тору сина бихрош,
Ки гардад қиссаи «Козурписар» фош.
****** **** *****
Манбаъ: маҷаллаи “Садои Шарқ”, 1966 №10. Саҳ.113-114.
Достони “Козурписар”-и Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ дар таҳияи Лола Сулаймонова ва Алӣ Девонақулов бо каме ихтисор дар ҳамин шумораи “Садои Шарқ” чоп шудааст.
Таҳияи Мавҷуда Абдуллоева,
муовини сардори шуъбаи
матбуоти даврӣ.