Форуми байналмилалии «Китобхонаҳои Русия ва Тоҷикистон – таҷриба, зарфият, стратегияҳои рушди инноватсионӣ»
Рӯзҳои 1 ва 2–юми июни соли 2021, Форуми байналмилалӣ: Китобхонаҳои Русия ва Тоҷикистон – таҷриба, зарфият, стратегияҳои рушди инноватсионӣ тариқи онлайн баргшузор гардид, ки дар он намояндагони Китобхонаҳои Тоҷикистон ва Русия инчунин намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар, Китобхонаи илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Пажўҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, китобхонаҳои донишгоҳу донишкадаҳо, вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат намуданд.
Форумро муовини директор оид ба робитаҳои байналмилалии Китобхонаи давлатии Русия Самойленко Н. Ю. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, мухтасар дар бораи мавзӯъ ва ҳадафҳои он суханронӣ намуд. Баъдан, сардори Раёсати табъу нашр Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералиев Р. М., директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷумахон Хол, директори генералии Китобхонаи давлатии Россия Вадим Дуда Валерьевич сухани табрикотӣ намуданд.
Форум аз панҷ бахш иборат буд:
Бахши якум дар мавзўи «Осори китобӣ: нигоҳдорӣ ва пешбурд»;
Бахши дуюм «Рақамигардонӣ: хизматрасонии китобдорӣ-иттилоотӣ дар асри маҷозӣ»,
Бахши сеюм «Таъмиру тармим: суннатҳо ва навоварӣ”;
Бахши чорум «Китобхонаҳои намунавӣ: паҳлуҳо ва самтҳои фаъолияти китобхонаҳои шакли нав»;
Бахши панҷум «Фаъолияти лоиҳавии китобхонаҳои кўдакону наврасон».
Форуми мазкур давоми ду рӯз ҷараён гирифта дар рўзи якум бахшҳои «Осори китобӣ: нигоҳдорӣ ва пешбурд», «Рақамисозӣ: китобхонаҳо дар асри маҷозӣ» баргузор гардид, ки дар бахши якум муовини аввали директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Раҷабзода Салима ва дар бахши дуюм муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маҳмудов Гадобег модераторӣ намуданд.
Дар рўзи дуюм бахшҳои «Таъмиру тармим: суннатҳо ва навоварӣ», «Китобхонаҳои моделӣ: паҳлуҳо ва самтҳои фаъолияти китобхонаҳои шакли нав», «Фаъолияти лоиҳавии китобхонаҳои кўдакону наврасон» ҷараён гирифт, ки дар бахши сеюм директори Китобхонаи илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ Сӯфизода Шодимуҳаммад, дар бахши чорум сармутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ Шосаидзода Сафар ва дар бахши панҷум муовини директори Пажўҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Комилзода Шариф модераторӣ намуданд.
Дар форуми мазкур китобхонаҳои ҷумҳурӣ аз қабили китобхонаи миллии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, китобхонаи патентӣ – техникии Тоҷикистон, китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, китобхонаҳои вилоятии шаҳри Хуҷанд ва Бохтар ва китобхонаҳои илмии донишгоҳҳо, аз қабили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд фаъолона ширкат ва баромад намуданд.
Дар охир, ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки ташкил ва ба роҳ мондани чунин форумҳо ба манфиати кор буда, барои тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи миёни китобхонаҳои ду кишвар судманд хоҳад буд. Ва китобдорони ҷониби Русия ширкат дар чунин онлайнфорумҳоро ба мафиати кор дониста, пешниҳод намуданд, ки ин форумҳо зиёд баргузор шаванд ва ташкили онҳо имкон медиҳад аз фаъолияти китобхонаҳои ҳарду ҷониб огоҳӣ пайдо намуд.
Фарзонаи МИРЗО
Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ.