Гӯшаи китобҳои профессор Сабур Абдуллоев дар Китобхонаи миллӣ

Моҳи декабри соли 2018 узви вобастаи Академияи табиатшиносии Русия, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Абдуллоев Сабур Фузайлович ҳудудан 300 китоб аз китобхонаи шахсии худро ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» туҳфа карда буд. Айни замон дар «Толори академикон ва докторони илм» гўшаи китобҳои олими варзида таъсис дода шудааст, ки наздики 300 нусха адабиётро дар бар мегирад ва дастраси хонандагон мебошад.

Абдуллоев Сабур Фузайлович 1-уми июни соли 1959 дар деҳаи Яккабоғи ноҳия Истаравшан ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи рақами 20-и ҳамин ноҳия таҳсил кардааст.

Соли 1980 факултаи физикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) – ро ба итмом расонда, чун муҳандис дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияташро шурўъ намудааст.

Солҳои 1982-1984 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст. Инчунин соли 1989 иштирокчии фаъоли экспедитсияи шўравӣ – амрикоӣ дар Тоҷикистон, солҳои 1991-1992 таҷрибаомўзи Маркази байналмилалии лазерии ДДМ ба номи М.В. Ломоносов буд.

Соли 1994 рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, ба унвони номзади илмҳои физика ва математика мушарраф мегардад. Дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ корро идома медиҳад, дар вазифаҳои ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ кор кардааст. Аз соли 1994 мудири лабораторияи физикаи атмосфераи Институти ёдшуда мебошад.

Мавсуф соҳиби унвону дараҷаҳои илмӣ ва мукофотҳои соҳавию давлатӣ гардидааст. Дар шаҳри Санкт-Петербург соҳиби унвони доктори илмҳои физикаю математика (соли 2014) шудааст. Профессори Академия табиатшиносии Русия (соли 2017), узви вобастаи Академияи табиатшиносии Русия (соли 2017), Ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Русия (соли 2017), профессори даъватшудаи Донишгоҳи Ланчжоуи Чин (солҳои 2018-2020), иебошад. Бо Ифтихорномаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (солҳои 2015, 2016, 2019) сарфарон гардидааст. Барандаи Ҷоизаи АМИТ ба номи академик С.У. Умаров (соли 2019) ва дорандаи медали «Хизмати шоиста» (соли 2020) мебошад.

Ҳамзамон роҳбарии 6 мавзўи илмӣ-таҳқиқотии лабораторияи физикаи атмосфера (солҳои 1994-2020), 2 лоиҳаи Маркази байналмилалии илми техникӣ (солҳои 2009-2016), лоиҳаи ҳамкории илмии Тоҷикистону Олмон оид ба омўзиши бўҳрони чангу ғуборро (солҳои 2014-2021) бар уҳда дошт.

Таҳти роҳбарии ў 3 нафар рисолаи хатм, 6 нафар рисолаи номзади илм ва 1 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд. Ў муаллифи 6 монография, 2 патент ва зиёда аз 430 мақолаи илмӣ мебошад, ки перомуни аэрозоли ғубор дар минтақаи хушки Тоҷикистон, таъсири ғубор ба олудашавии фазо, физикаи фазо, экология, тағйирёбии иқлим ва ғайра дар ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он ба нашр расидааст.

Таҳқиқотҳои ў дар ҳамоишҳои илмӣ дар Тоҷикистон, Русия, Чин, Олмон, Туркия, Австрия, Италия, Малайзия, Кувайт ва ИМА мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Осори ў:

Экспериментальное исследование оптических и микрофизических характеристик пылевого аэрозоля в условиях аридной зоны Таджикистана. – М., 1994;

Комплексные исследования пылевых и газовых примесей в аридных зонахи их влияние на региональныйклиматический режим юго-восточной части Центральной Азии: Дисс…доктора физ-мат. наук. – М., 2014;

Физиология пшеницы в условиях изменения климата в Таджикистане. – Д., 2015 (соавтор);

Исследования структуры и свойств пылевых и аэрозолеобразующих примесей в аридной зоне юго-восточных районов Центральной Азии и их влияние на региональный климат. – Д., 2015 (соавтор);

Динамические процессы при пылевых вторжениях в Центральной Азии. – Д., 2016 (соавтор);

Состав пылевого аэрозоля аридной зоне Таджикистана. – Д.,2016 (соавтор). Бюллетень лаборатории физики атмосферы Физико-технического иснтитута им. С.У. Умарова Академии наук Республики Таджикистан (2010-2015 гг). – Д., 2016, Научно-технический потенциал Республики Таджикистан в 2016 году: Аналитический сборник. – Д., ГУ НПИЦентр, 2016, Атмосферный Центральной Азии. – Д., 2017 и тд.

 

Имсол донишманди маъруф ба синни 63-солагӣ расид ва ба ин муносибат, эшонро аз номи кулли кормандон ва муштариёни Китобхонаи миллӣ самимона табрик гуфта, барояш саломатӣ, умри дароз ва дар корҳои эҷодӣ комёбиву бурдбориҳои навро таманно намуда, аз забони шоир мегўем:

 

Фалак мусоиду иқбол ёру бахт қарин,

Танат дурусту умедат равову ҳукм равон.

 

Бибираъно Ҷӯраева,

сардори шуъбаи нигоҳдории

рисолаҳои илмӣ.