Гулҳои Душанбе дар маҳфили “Дастони моҳир”

Маҳфили навбатии «Дастони моҳир»-и Шуъбаи кўдакон ва наврасони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи гул дар мисоли гулҳои Душшанбе буд. Аз ширкаткунандагон тақозо мешуд, ки расми гул кашанд ва бо истифода аз маводҳои дафтардорӣ гулҳои гуногун бисозанд.

Аммо дар оғоз муаллима ба хонандагон дар бораи гул маълумот дод. Гуфт, ки гулро ҳама дидаанду медонанд ва ҳатто раҳораҳ то расидан ба Китобхонаи миллӣ даҳҳо навъи гулро ба кӯчаву хиёбонҳои пойтахт мебинанд, ки шукуфон аст.

Гул зеби табиат аст ва ин гул аст, ки бо накҳаташ хиёбонҳои моро ба сони як атри хушбӯ муаттар мекунад. Ба кӯчаҳо ҳусн мебахшад, дилҳоро фараҳафзо мекунад, табъро болида месозад.

Муаллима дар бораи гулу гулкорӣ, шеваҳои сабзиши он, гардолудшавии гулҳои гуногун бо ёрии ҳашараҳои мухталиф низ сухан ронд ва ба хонандагон дар ин бора маълумот дод. Шуруъ аз гулҳои аввалбаҳорӣ то гулҳои ороишӣ, ки аксаран онҳоро ҳатто дар хонаҳои худ мепарваранд, маълумот дод.

Сипас миёни хонандагон табодули афкор сурат гирифт. Муаллима хост донад, ки аз гуфтаҳои ӯ ширкаткунандагон чӣ омӯхтаанд. Онҳо дар бораи намудҳои гулҳо, гулҳои хонаашон, гулҳо дар кӯчаву хиёбонҳо ва мактабашон бо ҷӯшу хурӯш ва хеле шавқоват қисса карданд.

Дар поёни маҳфил ҳар кадом гул сохтанд ва ё расми гул кашиданд.

Шабнами Мустафо, мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.