Ифтитоҳи Гӯшаи китоби Ҷумҳурии Исломии Покистон
Боварии комил дорем, ки ҳамкориҳои мо бо муассисаҳои фарҳангӣ ва илмии Ҷумҳурии Исломии Покистон ба марҳилаи нави худ расида, дар ояндаи наздик дар ҳама самтҳо ҳамкориҳо рушд хоҳанд кард ва доду гирифти судманд иҷро хоҳад шуд, – изҳор дошт Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ Лутфия Абдулхолиқзода зимни суханронии хеш дар маросими ифтитоҳи Гӯшаи китоби Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Китобхонаи миллӣ.
Толори адабиёти хориҷии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз пурмеҳмон буд, зеро бо иштироки директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ ва Сафири Ҷумҳурии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ирфон Аҳмад дар доираи ҳамкориҳои судманди тарафайн Гўшаи китоби Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи Гӯшаи китоб Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳайати кории Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон, олимон, омӯзгорон, донишҷӯён, кормандони Муассиса ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода зимни сухани ифтитоҳии хеш меҳмонони олиқадри китобистони ҷумҳуриро хайрамақдам гуфта, афзуд: “Китобхонаи миллӣ дар баробари хазинаи бузурги маънавии миллати тоҷик будан, ҳамзамон як макони муколамаи тамаддунҳо, ҳифзи осори фарҳанги башарӣ ва василаи муҳим барои густариши фарҳангу забону тамадунни кишварҳои дӯсту бародар мебошад. Боиси зикр аст, ки ҳоло Китобхонаи миллӣ бо беш аз 60 муассисаю созмонҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ, инчунин бо зиёда аз 20 китобхонаи калонтарини давлатҳои дунё ҳамкорӣ дорад. “
Зикр гардид, ки миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва 16 китобхонаи кишварҳои хориҷӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ амал мекунад ва чунин иқдом қадами муҳим дар густариши ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳо маҳсуб мешавад.
“Мо дар доираи мубодилаи байналмилалии китоб ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди хеш дар Китобхонаи миллӣ намоиши китобҳои хориҷӣ дорем, ки гӯшаи китоби 19 давлати ба мо дўстро ҷой кардаем. Ин аст, ки шаҳрвандони мо ва корбарони Китобхонаи миллӣ метавонанд аз таъриху фарҳанг ва анъанаҳои давлатҳои ба мо дӯст ба хубӣ огаҳӣ пайдо намоянд,” – қайд намуд Лутфия Абдулхолиқзода.
Дар зимн, Китобхонаи миллӣ қаблан Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои дуҷониба барои рушди бойгониҳо ва китобхонаҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расонидааст.
Ҳамзамон директори Китобхонаи миллӣ арз намуд, ки “хушбахтона, имрўз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 7 Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории дуҷониба барои рушди бойгониҳо ва китобхонаҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон Гӯшаи китоби Ҷумҳурии Исломии Покистон ифтитоҳ мешавад. Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон низ дар навбати худ талош намудааст, ки ин гӯшаи китоб пурмазмун ва аз лиҳзози маънавӣ бой бошад.”
Лозим ба ёдоварист, ин Гӯшаи китоб адабиёти гуногуни соҳавиро фаро гирифта, барои мо ва мардуми шарифи тоҷик воситаи муҳим дар шинохти бештару беҳтари таъриху фарҳанг, арзишҳои миллию адабӣ ва урфу одатҳои кишвари ба мо дўст мебошад.
Дар идома Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ изҳор дошт: – Боварии комил дорем, ки ҳамкориҳои мо бо муассисаҳои фарҳангӣ ва илмии Ҷумҳурии Исломии Покистон ба марҳалаи нави худ расида, дар ояндаи наздик дар ҳама самтҳо ҳамкориҳо рушд хоҳанд кард ва доду гирифти судманд иҷро хоҳад шуд.
Сипас ба хотири рушди дӯстӣ ва поси эҳтиром ба муносибатҳои неки фарҳангии ду кишвари бародар ва дӯст яке аз китобҳои арзишманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Таърих ва тамаддуни Ориёӣ” ба муҳтарам Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон Ирфон Аҳмад тақдим гашт. “Ин китоб бо далелҳои илмию таърихӣ нишон медиҳад, ки мардумони Тоҷикистон ва Покистон дар баробари муштаракоти фарҳангӣ, ҳамзамон, қаробатҳои нажодӣ низ доранд,” – қайд кард директори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ.
Дар фароварди сухани хеш Лутфия Абдулхолиқзода бо итминон изҳор дошт, ки “Гӯшаи китоби Ҷумҳурии Исломии Покистон барои Китобхонаи миллӣ ва захираи бойи китоби он як бахши пурарзиш маҳсуб шуда, барои истифодабарандагон хидмат хоҳад кард.”
Сипас Сафири Покистон дар Тоҷикистон Ирфон Аҳмад баромад намуда, ифтитоҳи гӯшаи мазкурро омили аҳамияти мубодилаи фарҳангиву зеҳнӣ миёни кишварҳо номид. Ҳамчунин аз ҳамкориҳои судманди тарафайн гуфта гузашта, иброз дошт, ки ба воситаи намоиши китобӣ шаҳрвандон аз урфу одат ва таъриху фарҳанги ҳамдигар бештар маълумот пайдо карда метавонанд.
Дар идомаи ҳамоиш сухан ба сардори Саридораи Бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Шарифзода дода шуд. Лутфия Шарифзода зимни баромади худ иброз дошт, ки Китобхонаи миллӣ махзани илму маърифат ва равшангари роҳи илму маърифати имрӯзу фардои миллати тамаддунофари тоҷик мебошад. Номбурда аз ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, сиёсати дарҳои кушод, эҳтиром гузоштан ба фарҳангу тамаддуни халқиятҳои муқими сайёра ёдовар шуда, фаъолият намудани Сафоратхонаҳо Консулгариҳои давлатҳои шарикони рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро далели гуфтаҳои боло арзёбӣ намуд. Лутфия Шарифзода тазаккур дод, ки ифтитоҳи Гӯшаи китоби Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нишонаи дӯстии Сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон дар ҷаҳони пуртаззод аст. Ҳамзамон сардори Саридораи Бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард, ки байни Саридораи Бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораи кулли Бойгонии Покистон Ёддошти тафоҳум аз соли 2021 ба имзо расидааст ва кормандони Саридораи Бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо намудан бо адабиёту фарҳанги кишвари ба мо дӯст ташкил намудани Гӯшаи китоби Ҷумҳурии Исломии Покистон тасмим гирифтаанд.
Сипас профессори кафедраи забони урдуи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳабибулло Раҷабов ва рӯзноманигор, иҷрокунандаи раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Покистон – Сайфиддин Суннатӣ суханронӣ намуданд.
Баъдан аз тарафи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ашурова Фароғат ва Макнуна Умарзода шеърҳо қироат гаштанд.
Дар интиҳо меҳмонони ҳамоиш бо Гӯшаи китоби Покистон аз наздик шинос шуданд.
Махфират Муҳидинова