Рӯ ба илм. Замини оташин, яъне чӣ?

Замини оташин (Tierra del Fuego), галаҷазира дар интиҳои ҷанубии Амрикои  Ҷанубӣ. Онро  гулугоҳи Магелан аз материк ҷудо мекунад. Қисми бештари ҳудуди ғарбию ҷанубиаш ба давлати Чили (зиёда аз 60%), қисми  шарқиаш ба Аргентина таалуқ дорад. Масоҳати умумиаш 73753 км2. Галаҷазазираи  Замини оташин аз ҷазираи ҳамном (48 ҳазор км2) ва чандин ҷазираи хурд (Осте, Наварино, Леннокс, Исла-Нуэва ва ғ.) иборат аст.

Аҳолиаш 252,1 ҳазор нафар (2016). Зичии миёнаи аҳолӣ 3,403 нафар дар 1 км2. Нуқтаи баландтаринаш 2488 м (кўҳи Дарвин). Дар ҷазираи Горн ба гурўҳи чазираҳои Вулластони димоғаи Горн мансуб аст.

Ин  мавзеъро соли 1520 баҳрнаварди португалӣ Фернан Магеллан зимни саёҳати хеш ба интиҳои ҷанубии қитъаи Амрико кашф кард ва дар соҳили он гулханҳои зиёдеро, ки аҳолии маҳаллӣ афрўхта буданд, дида онро «Замини оташин» номид.

Масоҳати зиёди галаҷазираи Замини оташинро теппаҳои баланди моренавӣ ва пастиҳои пиряхӣ иҳота кардаанд. Соҳилҳои уқёнуси Атлантик ҳамвор аст. Қисми зиёди Замини оташин кўҳсор буда, баландии  кўҳи Шиптон (то 2469 м) бо фордҳо бурида шудаанд; қисмҳои шимолӣ ва шарқиаш – пастӣ. Масоҳати зиёди кўҳҳо ва баландиҳояш яхпўшанд (зиёда аз 2300  км).

Аз қисми шимолӣ то кўли Фаняно кўҳҳо то 800–900 м паст шудаанд. Дар қисми шимолу шарқии ҷазираи Замини оташин нафту газ истихроҷ мекунанд. Иқлимаш муътадили уқёнусӣ, зимистонаш  нарм, тобистонаш серун. Ҳарорати миёнаи январ 9–110С, июл 20 С. Миқдори  боришоти  солона аз ғарб ба  шарқ аз 3000 то 350мм кам  мешавад. Баландии хатти барфи доманаи кўҳҳо дар ғарб 700 м, дар  шарқ то 900 м (дар нишебии Кордилераи Дарвин).

Дарёи калонтарини Замини оташин – Рио-Гранде. Замини оташин кўлҳои бисёр (Фаняно, Лаго – бланко ва ғ.) дорад. Қисми  зиёди ҳудуди Замини оташин аз ҷангали ҳамешасабз ва баргрез иборат аст. Дар баландиҳо (аз 450 – 600 м) оилаи гуногуни рустаниҳо: болиштакҳо, буттазорҳо, гулсанг, ушна мерўянд. Зиёда аз 40 дарсади ҳудуди ҷазираи Замини оташинро рустаниҳои хўшадор ва марғзорҳо ташкил медиҳанд. Дар Замини оташин гуана, рўбоҳ, саги обӣ,  қундуз, харгўш ва дар соҳили обии галаҷазираҳо наҳангҳо зиндагӣ мекунанд. Соҳили шимолии ҷазираи Замини оташин ҷои зимистонгузаронии  парандагони гуногуни кўчӣ (қози магеланӣ, оруи регзор ва ғ.)  мебошад.

 Ҳудудҳои  ҳифзшавандаи Замини оташин – боғҳои  миллии  Терра – дел – Фуэго (Аргентина), Алберто де Агостини ва димоғаи Горн  (Чили) ба рўйхатти Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд.

Замини оташин маркази муҳими сайёҳӣ ва экологии мамлакат  мебошад. Аҳолӣ ба гўсфандпарварӣ ва моҳидорӣ машғул  аст. Маҳалҳои  бузурги  аҳолинишинаш – Ушуая (Аргентина)  ва  Порвенир (Чили) мебошанд.

Муаллиф: А.Ягонӣ

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2018. – Ҷ.7. – С. 9.

Таҳияи Шаҳнозаи Шеравган

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.