Иди модар дар тасаввури кӯдакону наврасон

 

Зан – Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва хушбахти башар аст. Дар фасли баҳор, ки фасли ишқу зебоӣ ва шукуфтанҳову рустанҳо ва бедории табиат аст, рост омадани Иди модар беҳуда нест. Дар арафаи иди Модарбахши Имрўз дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили “Дастони моҳир” бо иштироки хонандагони фаъоли шуъба бахшида ба Рӯзи модар баргузор гардид.

Маҳфилро корманди шуъба Шабнами Мустафо оғоз намуда, сараввал ў мавзуъро барои бачаҳо фаҳмонда, шеърҳои онҳоро дар мавзуи занғ модар шунид. Сипас бо истифодаи коғазҳои ранга ба сохтани табрикнома машғул шуданд.

Маҳфили мазкур моҳе як мартаба дар шуъбаи кўдакон ва наврасон доир шуда, бо ин роҳ ҳунари наққошии наврасонро сайқал дода, шавқи зебоипарастии онҳоро бедор менамояд ва дар ин самт нақши муассир мегузорад.

 

Раҳима Азам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ