Таҷлили Рӯзи модар дар Китобхонаи миллӣ

Дирўз бо ташаббуси Шурои бонувон ва шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили бошукуҳ бахшида ба ифтихори Иди модар баргузор шуд.

Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода бонувонро бо ин ҷашни фархунда ва зебо табрик намуда, орзуи сарбаландиву хушбахтӣ ва барору комгориҳо дар кору рўзгорашон намуд. Ў аз мақоми зан дар ҷомеаи имрўзи кишвар ёдовар шуда, пешрафти давлату миллатро аз шарофату хидматҳои зан-модар донист.

Муовини Директори Китобхонаи миллӣ дар бахши дигари суханронии худ аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар  ҷомеа” ҳарф зад ва гуфт, ки ин

Фармони Пешвои миллат соли 1999 имзо шуда буд ва то кунун дар доираи он корҳои зиёде ба анҷом расидаанду мерасанд. Вай ин ҷумлаҳоро низ аз суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос овард, ки фармуда буданд: «Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд».

Дар чорабинӣ ҳамчунин озмуни беҳтарин рақси миллӣ, суруди алла ва галстукбандӣ доир гардид. Ғолибон сазовори тўҳфаи пулӣ гардиданд.

Дар чорабинии мазкур сарояндагон барои болидахотирии бонувон сурудҳо дар васфи модару баҳор ва ишқу зебоӣ сароиданд. Инчунин намоишномаи «Исёни арўсон»-и муаллиф Саид Аҳмад Ҳусайнхоҷаев  дар таҳияи ва иҷрои бонувони китобхона пешкаши ҳозирин шуд, ки мавриди истиқболи хуб гардид.

Маврид ба ёдоварист, ки Президенти кишвар дар Паёмашон ҳамасола аз мақоми баланди зан дар ҷомеа сухан ронда, ба ин қишри ҷомеа эҳтирому ғамхорӣ ва кўмаку дастгириҳои махсус зоҳир менамояд. Қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -3-юми декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» гувоҳи гуфтаҳои болост.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайваста бонувонро дастгирӣ намуда, дар самтҳои гуногун аз ҷумла соҳибкорӣ имтиёзҳои гуногун додааст.

Гуфта мешавад занон бештар аз нисфи аҳолии кишварро ташкил дода, аксаран дар соҳаҳои маорифу тиб фаъолиятҳои босамар доранд.

Раҳима Азам, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.