Идомаи боз як Форуми ҷаҳонӣ дар Китобхонаи миллӣ

Рӯзи дуюм аст, ки дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Форуми байналмилалии Рушди сармояи инсонӣ мегузарад.

Форум дар фазои кушод ва сатҳи хеле баланд ҷараён дошта, меҳмонони зиёде дар он иштирок доранд. Сатҳу сифати толорҳо ва хидматрасониро шуъбаи менеҷмент ва маркетинги Китобхонаи миллӣ ба уҳда дошта, талош дорад ин хидматрасониҳо дар сатҳи лозим бошанд, то Форум тавонад бе ягон монеъа ба кори худ идома диҳад.

Толорҳои ҷаласоти Китобхонаи миллӣ ҳамеша омодаи баргузории чунин форуму маҳфилҳои бошукӯҳи сатҳҳои гуногунанд.

Барои баргузории чорабиниҳои худ аз ин толорҳо истифода кунед.

Толорҳои муҷаҳҳаз бо техникаи замонавӣ, Интернети босуръат, муҳити мусоиди муколамаву суҳбат.

  • Форуми ҷаҳонӣ дар Китобхонаи миллӣ_06
    Форуми ҷаҳонӣ дар Китобхонаи миллӣ_06
  • Форуми ҷаҳонӣ дар Китобхонаи миллӣ_05
    Форуми ҷаҳонӣ дар Китобхонаи миллӣ_05
  • Форуми ҷаҳонӣ дар Китобхонаи миллӣ_04
    Форуми ҷаҳонӣ дар Китобхонаи миллӣ_04
  • Форуми ҷаҳонӣ дар Китобхонаи миллӣ_03
    Форуми ҷаҳонӣ дар Китобхонаи миллӣ_03
  • Форуми ҷаҳонӣ дар Китобхонаи миллӣ_02
    Форуми ҷаҳонӣ дар Китобхонаи миллӣ_02
  • Форуми ҷаҳонӣ дар Китобхонаи миллӣ_01
    Форуми ҷаҳонӣ дар Китобхонаи миллӣ_01

Мавзуна Орумбекова,
сардори шубаи менеҷмент
ва маркетинги Китобхонаи миллӣ.