Инъикоси масъалаҳои фарҳанги миллӣ дар библиографияи тоҷик

фарҳанги миллӣ Чанд сухан оид ба китобномаи дуҷилдаи “Рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол / мураттиб Ф. Шарифзода; муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Истеъдод, 2021. – Ҷилди 1. – 320 с.; 2022. – Ҷилди 2. – 320 с.”

Истиқлолияти давлатӣ барои рушду нумуи истиқлолияти фарҳангӣ тамоми шароитҳоро муҳайё сохт. Дар навбати худ истиқлолияти фарҳангӣ имкон дод, ки таваҷҷуҳи асосӣ ҳарчи бештару беҳтар ба омўзишу таҳқиқ, эҳёву гиромидошт ва муаррифии  фарҳанги миллӣ зоҳир карда шавад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар фарҳанг ҳамчун соҳаи сарнавиштсоз ва такягоҳи боэътимоди маънавии ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳимму афзалиятнок эълон гардид ва баҳри таъмини рушди устувори он аз рўзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи пайваста ва ғамхории хосса зоҳир карда шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи моҳияти сиёсию иҷтимоии фарҳанг дар фосилаи кўтоҳи таърихӣ як силсила қонуну қарорҳои муҳим ва барномаҳои давлатиро қабул намуд, ки бо шарофати онҳо дар мамлакат барои эҳё, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ фазои мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам омада, ҷиҳати бунёди инфрасохтори замонавии он маблағгузории мақсадноки давлатӣ тадриҷан афзоиш ёфт. Бо шарофати тадбирҳои мушаххасу ҳадафманд ва пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳанг ба воситаи тавонои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ягонагӣ, сарҷамъии миллат табдил ёфта, зимни тақвияти раванди ташаккули худшиносии миллӣ ва арзишҳои нави маънавӣ эътимоди мардумро ба ояндаи неки Тоҷикистон мустаҳкам намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии хешро дар шароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ таҷлил намуд. Сию як соли истиқлолият солҳои талошу мубориза баҳри ҳифзи истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, саъю кўшиши беандоза баҳри маъруфияти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, марҳилаи омодасозии заминаҳои гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми комилан нав, хулоса солҳои гузоштани таҳкурсии боэътимоди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буданд.

Дар ин муддат зарурати дарки моҳияти сиёсиву иҷтимоии фарҳанг бамаротиб афзуд. Дар заминаи таҳлили амиқу ҷиддии авзои ахлоқиву маънавии ҷомеа стратегияи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафу ормонҳои рушди маънавӣ ва роҳҳои такомули тафаккури ҷомеаи навбунёд тарҳрезӣ гардиданд.

Муҳимтарин марҳилаи эҳёи асолати таърихиву фарҳангӣ, бозгашт ба шукўҳу азамати давлатдории аҷдодӣ, оғози сиёсати гуногунпаҳлўи фарҳангӣ, шинохту гиромидошти мероси фарҳангии ниёгон аз баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо гирифт. Дар ин робита муҳаққиқони фарҳанг кўшиш намуданд, ки мероси арзишманди таърихию фарҳангӣ ва осори пурқиммати ниёгонро бо нигоҳи тоза дар ҳамбастагӣ бо ғояҳои нави иҷтимоии миллӣ ва умумибашарӣ мавриди омўзиш қарор дода, тарзу усулҳо ва самтҳои истифодаи ин арзишҳои волои маънавиро дар ҷараёни таълиму тарбияи наслҳои имрўза ва оянда ҷиҳати  ташаккул ва такомули маърифати хештаншиносӣ бо хулосаҳои дақиқи илмӣ муайян намоянд. Илова бар ин, соҳибистиқлолии кишвар тақозо намуд, ки мазмуну мундариҷаи фанҳои таълимии соҳаҳои фарҳангу санъат дар муассисаҳои таълимии маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ бо дарназардошти рушди ҳар як соҳаи илм таҷдиди назар карда шавад. Дар баробари ин, ҳар як дастоварди фарҳангии даврони истиқлол аз ҷониби муҳаққиқону коршиносони соҳа мавриди таҳқиқ қарор гирифта, дар заминаи таҳлилу баррасии вазъи воқеии рўйдодҳои муҳимми марбут ба бунёду азнавсозии иншооти азими фарҳангӣ, эҳёву барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ташкил ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии сатҳи баланд, таҷлили санаҳои мавлуди чеҳраҳои мондагори миллат ва ҷашнҳои миллӣ,  асару мақолаҳои зиёд эҷод шуданд, ки барои пайдоиши навъҳои гуногуни дастурҳои библиографӣ шароит фароҳам овард.

Таҳия ва интишори китобномаи «Рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол», ки иборат аз ду ҷилд аст, натиҷаи афкори илмии олимону муҳаққиқони соҳаҳои гуногуни фарҳангу санъат маҳсуб меёбад.

Дар пешгуфтори ҷилди якуми китобнома мураттиб ҳадафи асосии китобномаро чунин шарҳ додааст: «Ҷамъовариву коркард ва феҳристнигории маводи интишорёфта, аз як ҷониб, барои омўзиш ва муайян намудани тамоюлҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол, дарёфти роҳҳои самарабахши ҳалли масъалаҳои соҳавӣ, муайян намудани ҳолат, ҷараён, самт ва равандҳои инкишофи он ва ба ин васила тавассути пешниҳоди донишҳои нав баланд бардоштани нуфуз ва нақшу манзалати фарҳанги миллӣ дар ташаккули фарҳанги сиёсии ҷомеа ва ҳифзу гиромидошти асолату ҳувияти миллӣ, шароит фароҳам оварад, аз ҷониби дигар, дар татбиқи яке аз вазифаҳои асосии лоиҳаи нави илмии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол» (2021-2025) мусоидат менамояд».

Ҷилди якуми китобнома аз пешгуфтор, 3 қисм ва кумакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ва ашхос иборат аст. Дар қисми якуми китобнома 510 номгўи санади меъёриву ҳуқуқӣ, аз қабили Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумат ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ, конвенсияҳои байналмилалӣ, шартномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, оинномаҳо, низомномаҳо, қоидаҳо, тартиботҳо, дастурамалҳо, ҳамзамон дар ин қисм маълумотномаҳо ва маҷмуаи санадҳо доир ба фарҳанг ҷамъоварию гурўҳбандӣ шудааст, ки бештари онҳо бори нахуст дар ин китобнома ворид шудаанд.

Дар қисми дуюми китобнома мураттиб 361 номгўи осори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масоили фарҳангро ҷой додааст. Ин қисм асосан номгўи асару мақолаҳо, мусоҳибаҳо, паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханрониҳо дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат, паёмҳои табрикотӣ ба муносибати ҷашнҳои миллӣ: Наврўз, Меҳгон, Сада, суханрониҳо дар маросими ифтитоҳи мақбараву муҷассамаҳои шахсиятҳои маъруфи таърихӣ, ба истифодадиҳии муассисаҳои фарҳангии кишвар: китобхонаҳо, осорхонаҳо, театрҳо, қасрҳои фарҳанг, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳамзамон номгўи суханрониҳои Пешвои миллат дар конференсияю симпозиумҳо ва форумҳои байналмилалӣ оид ба масоили илму маориф ва фарҳангу адабро дар бар мегирад.

Дар қисми сеюми китобнома 861 номгўи асару рисола, маҷмуаҳои илмӣ, нашрҳои маълумотдиҳанда, барномаву дарсномаҳо, маводи конференсияю симпозиумҳои илмию амалӣ ва мақолаҳои дар нашрияҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ доир ба масъалаҳои таъриху назария ва амалияи фарҳанги миллӣ нашршударо инъикос мекунад.

Ҷилди дуюми китобнома аз пешгуфтор, 6 қисм ва 4 зерқисм иборат буда, 3283 номгўи осори тўли солҳои 1991-2021 нашршударо, фаро гирифтааст. Ҷилди мазкур номгўи маводи интишорёфтаи марбут ба соҳаҳои осорхонашиносӣ, бостоншиносӣ, китобшиносӣ, китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ, бойгонишиносӣ, мусиқишиносӣ, театршиносӣ, киношиносӣ, сиркшиносӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангиро, инъикос мекунад.

Дар пешгуфтори ҷилди дуюми китобнома мураттиб омилҳои асосии рушди соҳаҳои болозикрро чунин асоснок кардааст: «Дар заминаи маводи ҷамъовардашуда ва таҳлили иҷмолии он ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар даврони истиқлол бо таъсири як қатор омилҳо ба рушди соҳаҳои мазкур шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, аз ҷумла:  татбиқи сиёсати фарҳангии давлат дар давраи нави таърихии рушди ҷомеа; таҳияву тасвиби санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ доир ба соҳаҳои гуногуни фарҳанг; рў овардан ба омўзиш, ҳифз ва тарғиби мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии халқи тоҷик; эҳё ва таҷлили санаҳои бузурги таърихии миллӣ ва бузургдошти чеҳраҳои мондагори илму адаб ва фарҳангу санъати тоҷик; ба фаъолият шурўъ кардани институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ; рушди таҳқиқоти бостоншиносӣ ва дар заминаи он ташкили экспедитсияҳои илмӣ ва ҳафриёти бостоншиносӣ; огоҳии аҳолӣ аз аҳаммияти мероси таърихию фарҳангии худ; ҳифзу гиромидошт ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ; бунёди навъҳои гуногуни муассисаҳои фарҳангӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ; таъсиси маҷаллаҳои тахассусӣ доир ба соҳаҳои фарҳангу санъат; ташкил ва баргузории симпозиумҳо, конференсияҳо ва семинарҳои илмии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мубрами фарҳангу санъат; созмондиҳӣ ва баргузории фестивалҳо, озмунҳо ва фестивал-озмунҳо доир ба соҳаҳои мухталифи фарҳангу санъат; ташкил ва гузаронидани намоишгоҳҳои дастовардҳои илмӣ, ҳунармандӣ, китоб».

Мураттиб барои интихоби адабиёти марбут ба соҳаҳои фарҳангшиносиву санъатшиносӣ шумораи зиёди манбаъҳои боэътимодро мавриди омўзиш қарор дода, баъд аз ташхиси библиографӣ маводи заруриро хоста гирифта, ба китобномаҳо ворид сохтааст. Дар ҳар ду ҷилди китобнома мураттиб 5015 номгўи китобу рисола, маҷмуаи илмӣ ва мақолаҳои дар саҳифаҳои 92 маҷаллаву нашрияҳои илмӣ ва илмӣ-оммавии ватанию хориҷӣ нашршударо, ворид кардааст. Манбаъҳои асосии интихобу хостагирии мавод дар китобномаҳо на танҳо маҷаллаву нашрияҳои илмии дар Тоҷикистон интишорёфта, балки асару маҷмуаҳои илмӣ ва мақолаҳои дар саҳифаҳои  нашрияҳои: «Библиография», «Библиография и книговедение», «Библиотека», «Биб­лио­тековедение», «Библиотечное дело», «Вестник Библиотечной Ассамблеи Евразии», «Вестник древней истории», «Вестник Казанского государственного института культуры», «Вестник Московского государственного областного университета», «Вестник Московского государственного университета культуры и искусств», «Вестник Челябинской государственной академии культуры и искусств», «Вопросы гуманитарных наук», «Вопросы психологии и педагогики»,  «Иран-наме», «Культура», «Музыковедение», «Проблемы музыкальной науки», «Ученые записки Азербайджанского государственного университета культуры и искусств» нашршуда мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Мураттиб дар қисми панҷуми китобнома 119 номгўи автореферат ва диссертатсияҳои номзадӣ (94 номгўй) ва докторӣ (25 номгўй), ки ба соҳаҳои фарҳангу санъат ихтисос доранд, ворид карда, онҳоро тибқи ихтисосҳои илмӣ гурўҳбандӣ кардааст. Мутобиқи таснифоти мураттиб доир ба масъалаҳои фарҳангу санъат тўли солҳои 1991-2021 аз рўи ихтисосҳои: 05.25.03 – китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва китобшиносӣ –  5 (4,2%); 07.00.02 – таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик) – 63 (52,9%); 07.00.07 – мардумшиносӣ, қавмшиносӣ ва антропология – 1 (0,8%); 07.00.09 – таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ – 8 (6,7%); 07.00.15 – таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ – 7 (5,8%); 10.01.09 – фолклоршиносӣ – 2 (1,6%); 10.01.10 – рўзноманигорӣ – 2 (1,6%); 10.02.20 – забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, типологӣ ва қиёсӣ –  1 (0,8%); 13.00.01 – педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот – 6 (5%); 13.00.05 – назария, методика ва ташкили фаъолияти иҷтимоию фарҳангӣ –  6 (5%); 17.00.01- санъати театрӣ – 3 (2,5%); 17.00.02 – санъати мусиқӣ – 12 (10%); 17.00.03 – кино, телевизион ва дигар санъатҳои экранӣ – 1 (0,8%); 17.00.09 – назария ва таърихи санъат – 2 (1,6%), рисолаҳои номзадию докторӣ дифоъ шуданд.

Барои амиқомўзии масъалаҳои дар китобномаҳо пешниҳодшуда мураттиб дар қисми шашуми ҷилди дуюми дастур 61 номгўи донишномаву луғатҳо, маълумотномаву роҳнамоҳо, истилоҳномаву тақвимҳо ва 51 номгўи намудҳои гуногуни дастурҳои библиографиро ворид кардааст.

Дар ҳар ду ҷилди китобнома унвони осори интихобшуда мутобиқи талаботи стандарти маъмул ба забони асл тасвир шуда, навиштаҷоти библиографӣ ба асарҳои такроран чопшуда тибқи замони нашрашон, зери як асар, бо нишон додани ҳамаи манбаъҳои интишорӣ, пешниҳод шудааст. Асарҳое, ки аз тариқи сарлавҳаашон дарки мазмуни нашр душвор аст, бо тавсифҳои маълумотӣ таъмин гаштаанд. Тақризҳои марбут ба китобҳо зери китобҳои тақризшуда ҷой дода шудаанд. Мавод дар қисмҳо ва зерқисмҳои китобнома тибқи замони чопи асарҳо ва дар дохили онҳо бо тартиби алифбо аввал ба забони тоҷикӣ ва сипас ба забони русӣ ҷобаҷо гузошта шудааст.

Чунон, ки таҳлил нишон дод дар китобномаҳо на ҳамаи маводи марбут ба мавзуъ интишорёфта, ворид шудааст. Сабаби асосии ворид нагаштани тамоми маводи ба мавзуъ ихтисосдоштаро, мураттиб дар он медонад, ки на ҳамаи маҳсулоти чопии дар қаламрави ҷумҳурӣ нашршуда аз ҷониби муассисаҳои интишоротӣ, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ, ба ҳайси нусхаҳои ҳатмӣ ба ташкилоту муассисаҳо – гирандагони нусхаҳои ҳатмӣ ворид мешаванд. Илова бар ин, ба андешаи мураттиб, бо теъдоди ниҳоят кам нашр шудани маводи чопӣ (аз 50 то 100 нусха) имкони дастрасиро душвор гардонида, барои бақайдгирӣ ва феҳристнигории саривақтии он монеа эҷод мекунад.

Дар баробари ин зикри ҳамин нукта муҳим аст, ки ҳар ду ҷилди китобномаи «Рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол» бо теъдоди ниҳоят кам, яъне ҷилди якум – 150 нусха ва ҷилди дуюм ҳамагӣ 100 нусха чоп шудааст, ки албатта бо чунин теъдод талаботи рўзафзуни мутахассисони соҳаро қонеъ гардонидан имконнопазир аст.

Агар ҷилдҳои минбаъдаи ин силсила бо кумакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ва ашхос таъмин шаванд ба манфиати кор хоҳад буд, чунки истифодаи онҳо кори пажўҳандагонро осон ва вақти пурқиммати онҳоро сарфа мекунад.

Дар маҷмуъ, нашри дуҷилдаи китобномаи «Рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол» воқеан дастоварди камназир дар библиографияи тоҷик маҳсуб ёфта, ҳамчун асари калонҳаҷми библиографӣ дар пажўҳишу интихоби адабиёти илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ба муҳаққиқону мутахассисони соҳаҳои фарҳангу санъат кумак мерасонад.

Сафар ШОСАИДЗОДА,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
Сайзароб НОДИРЗОДА,
директори АМСБРСК –
Хонаи китоби Тоҷикистон