Иштирок дар конфронси илмии «Хонишҳои Румянсевӣ» -2024»

Дар доираи ҳамкориҳои илмию байналмилалии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 то 25 апрел кормандони  Китобхонаи миллӣ дар конфронси анъанавии солонаи «Хонишҳои Румянсевӣ» («Румянцевские чтения») иштирок намуданд.

Ҳузури кормандони Китобхонаи миллӣ дар кори конфронси мазкур ба таври маҷозӣ – онлайнӣ сурат гирифта, дар асоси талаботи тахассусӣ дар бахшҳои «Омоданамоии кормандони китобхона: мушкилот ва ҳалли онҳо», «Китобҳои нодир ва ёдгориҳои китобӣ», «Таваҷҷӯҳҳои илмии муҳаққиқони ҷавон» дар доираи лоиҳаи «Пешоҳангони ҷавони илмии китобхона» ва «Гирдоварандагон, муҳаққиқон, нигоҳдорандагон. Китобхонаҳо ва осорхонаҳо дар моҳияти таърих»  иштирок намуданд.

Дар кори конфронси мазкур муовинони директор Сайфиддин Камолзода, Зафар Саидзода, сардори Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ Муҳаммадиқбол Атозода ва муовини сардори Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ Ҷамил Валиев иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳими соҳа суолу ҷавоб карданд.

Конфронси илмии «Хонишҳои Румянсевӣ» («Румянцевские чтения») яке аз ҳамоишҳои илмии анъанавии ҳарсола буда, ҳамасола аз ҷониби Китобхонаи давлатии Русия ба номи В.И. Ленин баргузор карда мешавад, ки дар он китобдорони кишварҳои хориҷ, аз ҷумла собиқ кишварҳои узви Иттиҳоди Шуравӣ иштирок ва муҳимтарин масъалаҳои кори китобхонаҳоро таҳлилу баррасӣ менамоянд.