Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб. Лофзании гунҷишк
Рўзе буду рўзгоре буд. Як рўз ҳазрати Сулаймон паёмбар бо лашкари худ аз саҳрое мегузашт. Дар саҳро паррандагон рўи дарахтҳо ба кору зиндагии худ машғул буданд. Болои яке аз дарахтҳо ҳам гурўҳи гунҷишкҳо ҷамъ шуда, аз ин шоха ба он шоха пар мезаданд ва бо садои худ ғавғое барпо карда буданд.
Дар миёни гунҷишкҳо ду гунҷишки ҷавон ошиқ ва маъшуқи ҳам болои шохае нишаста, бо ҳам сухан мегуфтанд.
Гунҷишки мода гуфт:
– Ба он сў нигар, ҳазрати Сулаймон аст ва бо лашкараш он ҷо меравад.
Гунҷишки нар гуфт:
– Сулаймонро мон, биё аз худамон ҳарф бизанем.
Бод, ки дар фармони ҳазрати Сулаймон буд, садои парандагонро ҳам ба гўши ў мерасонид, ҳазрати Сулаймон вақте номи худро шунид, бодиққат ба сухани гунҷишкҳо гўш дод.
Гунҷишки мода гуфт:
– Не, мақсудам ин аст, ки ин Сулаймон чӣ даму дастгоҳе дорад, чӣ либосҳое, чӣ асбҳое ва чӣ хуб зиндагӣ мекунад.
Гунҷишки нар гуфт:
– Хуштар аз онҳо худамонем, ки ин ҷо дар канори ҳам нишастаем ва ҳеҷ кас намедонад чӣ қадар хушҳолем.
Маъшуқ гуфт:
– Хуб, мо ки хушҳолем, вале дар ин дунё чӣ қадар чизҳои зебо ҳам ҳаст…
Ошиқ гуфт:
– Бале, ҳама чиз ҳаст, вале аз ҳама зеботар туӣ ва аз ҳама хубтар мо ҳастем, каму камбуде надорем.
Гунҷишки мода гуфт:
– Дуруст аст, мо хеле хубем, вале зиндагии мардум бо ҳам хеле фарқ дорад, каму камбуде ҳам чаро нест? Ҳаст, масалан, мо қолинчаи ҳазрати Сулаймонро надорем.
Гунҷишки нар гуфт:
– Қолинча, қолинча, як қабза пашм бофтаанду номашро қолинчаи ҳазрати Сулаймон гузоштаанд. Охир, он чӣ лозим, фақат ҳамин ки рўяш бишинаду биравад ва доим бояд эҳтиёт кунад, ки наафтад. Вале худамон ҳар ҷо ки бихоҳем, пар мезанему меравем, хеле сабуктару осонтар. Бовар кун, ин зиндагии хубе, ки мо шуруъ мекунем, ҳеҷ кас надорад, биё ба он шохаи болотар биравем, то беҳтар саҳроро тамошо кунем.
Болотар рафтанд ва гунҷишки мода гуфт:
– Гуфтӣ қолинчаи Сулаймон чӣ лозим? Вале ин лашкари Сулаймон чӣ чизе мехўранд?
Гунҷишки нар гуфт:
– Чӣ мехўранд? Ҳеҷ чиз, ҳамон чизҳое, ки мо мехўрем. Мо ангури тоза мехўрем, онҳо хушкашро мехўранд, мо биринҷу гандум ва донаҳои тоза-тоза мехўрем, онҳо дар анбор мерезанду пўсидаашро мехўранд.
Маъшуқ гуфт:
– Вале охир, мо ки ҳама чизро надорем, ғайр аз дона хеле чизҳои дигар ҳам ҳаст, нони қандӣ, панир ва хеле чизҳои дигар ҳам ҳаст. Рўи кўлоҳашон пари товус надидӣ? Ва он чизе, ки ба гарданашон мебанданд ва барқ-барқ мезанаду медурахшад…
Гунҷишки нар гуфт:
– Хуб, ман худам ҳама чизро фароҳам мекунам, то ҳоло ҳеҷ камию камбуде надоштем, баъд аз ин ҳам ҳарчи ки хоҳӣ, меоварам ва мо хеле аз Сулаймон беҳтар зиндагӣ мекунем. Хубияш ин аст, ки ҳазрати Сулаймон ҳам ғуломи худам аст, агар бо ў бад бишавам, рафта як лагад мезанам, гунбаду боргоҳашро хароб мекунам.
Баъд гунҷишкҳои дигар ҳам ба рўи шоха омаданд ва суҳбати онҳо қатъ шуд, аммо бод тамоми ин суханҳоро ба гўши ҳазрати Сулаймон расонида буд.
Вақте ҳазрати Сулаймон ба хона расид, дар айвон рўи тахт нишасту гуфт:
– Биравед он гунҷишкро ҳозир кунед.
Рафтанду гунҷишки нарро оварданд.
Гунҷишк салом карду назди ҳазрати Сулаймон нишаст.
Сулаймон гуфт:
– Ин суханҳо чӣ буд, ки мегуфтӣ?
Гунҷишк аз тарс мисли бед дар ларзидан даромаду ҷавоб дод:
– Қурбонатон шавам, ман хеле кўчакам, ман ҷасорате накардам, ман ҷоннисори шумо ҳастам.
Сулаймон даст дароз карду аз даруни зарфе як фундуқ гирифта, рўи замин партофту гуфт:
-Не, охир, ту ки наметавонӣ ин фундуқро ҳам бишканӣ, чӣ тавр мехоҳӣ, гунбаду боргоҳи Сулаймонро ба сараш хароб кунӣ? Охир, ҷони ман, азизи ман, лофзанӣ ҳам андоза дорад, даъвогарӣ ҳам ҳисоб дорад. Ин гапҳои бемаъниро чаро мезанӣ, ки аз эътибори мо кам шавад? Вақте ту гунҷишки заиф ин ҳарфҳоро мезанӣ, шеру палангу фил чӣ хоҳанд гуфт, одамҳо чӣ хоҳанд гуфт, фикр намекунӣ, ки ин ҳарфҳо бар хилофи ақлу адаб аст?
Гунҷишк дид, ки гуфтори ҳазрати Сулаймон қадре падарона аст, дилаш ором шуду ҷавоб дод:
– Ҳақ бо шумост, вале ман мақсуде надоштам. Ман суханронию лашкаркашӣ намекардам, ман фақат бо номзади худам ҳарф мезадам. Ман ошиқи ў ҳастам ва мо мехоҳем бо ҳам арўсӣ кунем. Ман мехостам бо ин достонсароӣ бузургворӣ ва аҳаммияти худро ба ў собит кунам, ишқ ҳамеша бо ғайрат ҳамроҳ аст. Мехостам, ки ў хаёл кунад, ман аз ҳамаи мардум болотарам, ҳама кас дар танҳоӣ ин гуна суханҳоро мегўянд, ман намехостам ба шумо ҷасорате кунам. Худоё, чӣ кор кунам, аҷаб ғалате кардам, ки ин ҳарфҳоро задам.
Ҳазрати Сулаймон аз бечорагии гунҷишки ошиқ ба ханда афтоду гуфт:
– Ин дафъа туро мебахшам, вале ҳамеша фикр кун, то сухане бигўӣ, ки бо вазъи худат муносиб бошаду баъд расво нашавӣ.
Аз китоби маҳдии Озарияздӣ “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб” (Аз осори Фаридуддини Аттор). Душанбе “Ирфон”, 2024.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар толори хониши шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон бихонанд.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова, корманди шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.