Анонс. Маҳфили фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи маъюбон дар Тоҷикистон
Шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон дар Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони “Бо амри дил”- ро ба нақша гирифтааст.
Қарор аст дар он роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, намояндагон аз ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе “Имконият”, ҷамъияти нобиноён, ташкилоти ҷамъиятии рушди иҷтимои миллии маъюбон “Неъмат” ва ғайра, инчунин хонандагони фаъоли шуъба иштирок ва суханронӣ намоянд.
Рӯзи баргузорӣ: 3-юми июли соли 2025
Замон: соати 10:00
Макон: Китобхонаи миллӣ
Вуруд озод.