Ёде аз профессор Шарифҷон Ҳусейнзода

Аз  аввали  солҳои сӣ як зумра адибони ҷовон, ки «насли  комсол» номида шудаанд, ба асари адабиёт қадам ниҳода, дар пешрафти ҳаёти маданӣ ва маънавии Ҷумҳурӣ хидматҳои шоиста намудаанд. Дар байни онҳо як ҷавонмарди мавзунқомат, хушсурат, боадаб ва фурўтани тахминан бистусесола ҳам буд, ки дар мактабу омўзишгоҳҳои зодгоҳаш шаҳри Конибодом ва шаҳрҳои Қўқанду Самарқанду Боку таҳсил намуда, дар қатори зиёиёни нави фидокори роҳи маърифати мардум қарор гирифт.

 

Ин ҷавон умри пурфайзу баракате дида, зиёда аз шаст сол баҳри ривоҷи илм, адабиёт ва маорифи халқ бедареғ хидмат кард ва дар ҷомеа ҳамчун олим ва омўзгори номдор – Шарифҷон  Ҳусейнзода шўҳрат ёфт. Ба қарибӣ ба таваллуди ў 95 сол фаро мерасад. Аҳли илму адаб ва фарҳангу маърифат, дўстону шогирдон ва мухлисону иродатмандон ин санаи муборакро бо тантана ва ифтихор ҷашн хоҳанд гирифт ва бори дигар сипосу эҳтироми худро ба рўҳи поки ин марди шариф иброз хоҳанд кард.

            Устод Ҳусейнзода мутахассиси донову тавонои адабиёти форсу тоҷик буданд ва ин вазифаи касбии худро ба таври шоиста, бо ҳар тариқу восита адо мекаранд. Ба таълиму тадрис ва таҳқиқу таблиғи адабиёт машғул мешуданд, дар ташкили илм ва равнақи муассисаҳои тадқиқотӣ саҳм мегузоштанд, дар тарбияи кадрҳои илму адаб хидмат мекарданд, дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок менамуданд.

            Вале аз ҳамаи соҳаҳои фаолияти худ ба муаллимӣ бештар рағбат ва дилбастагӣ доштанд. Воқеан ҳам, кору рўзгори устодро бо ҳамин як калимаи «муаллим” метавон тавсиф намуд. Беҳуда нест, ки 63 соли умри худро ба ин касб бахшидаанд. Устод дар ин муддати тўлонӣ малака ва таҷрибаи фаровоне ҳосил намуда, мисли як ҳунарманди забардаст бо маҳорати фавқулода ва сухани сеҳромезу пурҷозиба дили шогирдонро тасхир мекарданд ва бо камоли шавқу сурур онҳоро ба сайри олами зебои адаб раҳнамун месохтанд.

            Касби муаллимӣ ба шарофати чунин омўзгорони мумтоз қадру арҷи баланде пайдо карда, кори муқаддас ва боифтихоре гардида буд. Муаллим дар ҷамъият обрўю эътибори бузурге дошт. Шогирдон ўро аз падару модари худ ҳам азизу мўҳтарам медонистанд. Одамони корафтода аксар вақт дар ҳалли мушкили худ ба муаллим муроҷиат мекарданд ва муаллим ҳам дар рафъи эҳтиёҷи мардум коре карда метавонист.

            Устод Ҳусйнзода таъкид мекарданд, ки адабиёти бадеӣ мактаби одамият ва манбаи маънавият аст, худ муҷассамаи зебоӣ буда, тавассути тасвири ҳаёт ва рўзгори одамӣ ва тавсифи ҳусни ботиниву зоҳирии инсон моҳияти аслии зебоиро ошкор месохтанд. Аз ин рў сухане, ки дар бораи адабиёт гуфта мешавад, низ бояд зебо бошад. Чунин тавофуқ ва тавозунро худи устод дар гуфтор ва навиштаҳояшон доимо муроот мекарданд. Он кас аҷаб шеваи дарсгўӣ доштанд. Оҳанги сухан ва лаҳни гуфторашон ба андозае гуворо ва муассир буд, ки ҳангоми дарс дар толор сукути том ҳукумфармо мегардид, чунон ки мегўянд, пашшае пар намезад. Устод суханронии худро бо овози паст шурўъ мекарданд, баъд оҳиста-оҳиста ба қадри хаёлан ворид шудан ба қаъри асрҳои куҳан аз қиссаҳои шўрангези ишқиву ривоятҳои қаҳрамонӣ ба шавқ омада, садояшон торафт балантар ва ҷарангоситар мешуд ва шогирдон ҳам беихтиёр бо роҳбаландии муаллим дар аҳди асотиру афсонаҳои бостонӣ воқеъ мегардиданд. Гузашти вақт эҳсос намешуд. Дил мехост занги танаффус назанад, то халал дар миёни сўҳбати ширин нарасад. Хушбахт аст касе, ки дарси муаллим Ҳусейнзодаро шунида, аз он сабақ омўхта, ё худ ба маҳфили он кас мушарраф гардида, аз сўҳбатҳои пур аз лутфу ҳакимонаашон баҳраҳо бурда бошад!

            Солиҳои аввали ба кори муаллимӣ пардохтани устод Ҳусейнзода китобҳои дарсӣ набуданд ё намерасиданд. Ба худи муаллимон лозим меомад, ки онҳоро ба вуҷуд оваранд. Ин буд, ки устод Ҳусейнзода китобҳои дарсии «Назарияи адабиёт» (барои дорумуаллимини тоҷики шаҳри Тошканд,) «Адабиёт» (барои синфи 5), «Адабиёти Ватан» (барои синфи 7), «Адабиёти тоҷик” (барои синфҳои 8 ва 9) ва чандин хрестоматияҳои адабиёт таълиф намуданд. Ба ин восита дар баробари таълиму тадрис ҷанбаи дагари фаолияти эҷодии устод-тадқиқи таърих ва назарияи адабиёт сар мешавад. Масъалаҳои даврабандии таърихи адабиёт, тадқиқи ҳавзаҳои адабӣ, тавсифи жанрҳо ва навъҳои адабӣ, баррсаии робита ва таъсири мутақобили адабиётҳо, омўзиши ҳаёт ва эҷодиёти намояндагони барҷастаи адабиёти классикӣ ва муосир тоҷик, аз қабили Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ,Ҷомӣ, С.Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, Ҷ.Икромӣ ва дигарон, ҳамчунин чанде аз адибони халқҳои бародар Навоӣ, Муқимӣ, Ҳамза, Пушкин, Горкий, Маяковский ва ғайра мавзўи як силсила мақолаву рисолаҳои илмии устод қарор гирифтанд. «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик», ки бо сарварӣ ва иштироки бевоситаи устод Ҳусейнзода офарида шудааст, аз муҳимтарин асарҳои адабиётшиносии солҳои панҷоҳум маҳсуб меёбад. Метавон гуфт, ки ба система даровардани таърихи адабиёти тоҷик,ҷорӣ намудани фанни назмшиносӣ дар мактабҳои олии Ҷумҳурӣ ва иқдоми нахустин дар гирдоварӣ ва ҳифзи архиви адибони тоҷик ба номи устод алоқаманд аст.

            Ин ду ҷанбаи фаъолияти устод Ҳусейнзода – муаллимӣ ва муҳақиқӣ бо ҳам сахт марбут аст, яъне дар тадқиқашон нақши муаллим, дар тадрисашон нақши муҳаққиқ ба назар мерасад. Бинобар ин унвонҳои ифтихории «Ходими шоиста илм» ва «Муаллими хизматнишондода» ба он кас хеле муносиб ва сазовор дода шудаанд.

            Устод одами хайрхоҳ, некандеш ва поктинат буданд. Сифатҳои писандидатарини одамиро ба шогирдон, ҳам ба гуфтор ва ҳам бо рафтору кирдори худ, талқин мекарданд. Мегуфтанд, ки инсон ҳар қадар дар сират пок бошад, ҳамон қадар дар сурат зебо ва нуронӣ мешавад. Шумо низ дар сират ва сурат зебо бошед.

            Сифатҳои барозандаю нотакрори ин марди хирадманд, ки тамоми умри худро ба тарбияи насли наврас ва бузургдошти инсон сарф намудааст, шоистаи он аст, ки  дар васфаш китобҳо офарида шуванд. Ин китоб, ки ба муносибати ҷашни зодрўзи устоди шодравон ба дасти хонандаи мўҳтарам гузошта шуд, ба таъбири «аз нўги хамир фатир» буда, аз шеъру мақола ва хотироти дўстону  шогирдон фароҳам омадааст ва меҳру муҳабати ҳар яки ононро нисбат ба муаллим, мураббӣ ва дўсти бузургвор ифода месозад. Маҷмўа аз асари нотамом ва то ин дам ба табъ нарасидаи устод, ки бо нияти офаридани китоби дарсии «Назмшиносӣ» таълиф шудааст, таҳти унвони «Камоли манзум» оғоз меёбад. Ин рамзест, ки устод имрўз ҳам бо мо, ҳамеша бо мо мебошад.

Абдуқодир Маниёзов

                                                                  

 Аз китоби  “Каломи манзум”, Душанбе 2001.

Таҳияи Нафиса Қурбонова,

мутахассиси шуъбаи кудакон ва наврасон.