Китобҳои брайлӣ. Аниса Абдуллоева. «Муҳитро тоза нигоҳ доред”

Аниса АбдуллоеваИн китобчаи хуб, ки бо забони басо фаҳмо ва дар шакли ҳикояҳои пандомӯз дар бораи ҳифзи муҳити атроф суҳбат мекунад, соли 2020 чоп шудааст. Бо ҳуруфи Брайлӣ бошад ба тозагӣ интишор ёфтаву вориди Китобхонаи миллӣ шудааст.

Аз касе пинҳон нест, ки одамон, ҳайвонот, парандаҳо ва рустаниҳо аз ҳаво нафас мекашанд ва агар ҳаво олуда бошад, метавонад ба саломатӣ зарарҳои ҷуброннопазир расонад. Вале муҳити зисти мо ҳамеша чунин тозаву софу беолоиш нест.

Дуде, ки аз мӯрии хона ва коргоҳҳо берун мешавад, чангу гарде ки шамол меорад, ҳаворо сахт ифлос мекунад. Боз дуди ғализи мошин, қатор ва ҳавопаймо ба ин ҳама илова мешавад ва ҳавои моро ғуборолуда мекунад.

Дар замони мо поку тоза нигоҳ доштани ҳаво мушкил аст. Як сабаби тағйири иқлим ин партоби газҳои гулхонаист, ки оламиёнро ба ташвиш овардааст.

Китоби “Муҳитро тоза нигоҳ доред” дар ҳамин мавзуъ аст ва ҳоло хонандагони нобино ҳам метавонанд аз он баҳра бардоранд ва дар покии муҳити атроф саҳм бигиранд.

Ин китоб бо хати Брайлӣ дар толори хониши шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд дастрас аст.