Маҳфили “Беҳтар аз дӯст”. Ширкаткунандагони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба баҳс кашида мешаванд
Дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бо ғолибони даври ноҳиявии ин озмун маҳфили “Беҳтар аз дӯст”- ро дар ҳамкори бо Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор намуд.
Дар доираи ин маҳфил адиби дӯстдоштаи бачаҳо Азизи Азиз бо иштирокдорон як ё ду асари тавсиявии озмунро таҳлил намуда, бо хонандагон суолу ҷавоб мекунад кард. Ин навбат асари “Марги судхур”-и Садриддин Айнӣ ва “Полвон”-и Болта Ортиқро таҳлил намуда, саргузаштҳои ҷолиби асарро бо ҳам нақлу баҳогузорӣ карданд. Хонандагони фаъоли шуъба, ки ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” низ ҳастанд бо завқи зиёд порчаҳои назмию насриро қироат намуданд.
Бояд гуфт ин қабил маҳфилу чорабиниҳо дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ пайваста баргузор мешавад, ки метавонад дар баланд бардоштани шавқи хонандагон ва таваҷҷуҳи бештари онҳо ба китоб саҳмгузор бошад.
Дар назар аст барнома рӯзҳои наздик тариқи Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” пешкаши бинандагони хурдсол гардад.
Наргис НАЗАРЗОДА