Китоби Эмомалӣ Раҳмон “Чеҳраҳои мондагор”. Носири Хусрав суханвари бузург ва марди андеша
Дар саҳифаҳои таърихи қадимаи миллатамон сабт шудааст, ки бар асари лашкаркашиҳо ва тохтутозҳои пайиҳами сулолаву хонаводаҳои аҷнабӣ давлату давлатдории тоҷикон борҳо зери хатари нестӣ монда буд. Вале фарзандони дурандешу фарҳангпарвари миллат ҷабру ҷафои бегонагонро бо муқовимат ва пайкори фарҳангиву маърифатӣ, тадбир, таҳаммул ва бурдбории мардона паси сар намуда, барои ҳифз ва таҳкими ҳувийяти миллӣ талошҳо кардаанд, зиндагӣ ва ҷаҳонбинии қавму халқиятҳои бегонаро бо дастовардҳои тамаддуни худ пурғановат сохтаанд.
Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз ҷумлаи чунин бузургони фарҳангу хиради миллати тоҷик ба шумор меравад, ки умри азизи хешро баҳри худшиносӣ, ситоиши ифтихори миллию ватандорӣ ва раҳоиш аз зулму истибдоди аҷнабиён, хурофот ва дигар падидаҳои манфӣ сарф кардааст.
Овони кӯдакӣ ба балоғати ӯ дар шаҳри Тӯс, Тахти Қубод, Тахти Сангин, Қалъаи мир, Кайқубодшоҳ ном шаҳристонҳои қадимаи Каёниён ва Бохтари бостон, ки воқеъ дар қаламрави Тоҷикистони имрӯзаанд, гузашттаст. Меҳри ин сарзамини аҷдодӣ дар ташаккули ғояҳои ватандӯстӣ истиқлолхоҳии ӯ нақши якумрӣ бозидааст. Ӯ дар айни замон истеъдоди фитрии шоирашро дар мактаби адабии Рӯдакӣ ва дигар сухансароёни аҳли Сомониён сайқал дода, аз асолати забони модарӣ ва фарҳанги волои миллати хеш ба ҳадди аъло бархурдор гаштааст
Зиндагӣ ва рӯзгори ин ҳакими бузург ба интиҳои давлатдории Сомониён рост омада, фоҷиаи истилои сулолаҳои аҷнабии Fазнавиёну Салҷуқиёнро бо чашми сар дидааст.
Носири Хусрав, ки таҷрибаи дабирию коргузории дарборро аз падар омӯхта буд, муддате дар Балх ба хидмати ҳокимони ғазнавӣ даромад, лекин бо вуҷуди нуфузу эътиборе, ки дар доираҳои ҳоким пайдо карда буд, бо сабаби беадолатӣ ва носозгории муҳит аз хизмати дарбор канор рафт.
Сиёсати ҷангҷуёнаи сулолаи тундрави Fазнавиён, вазъи номусоиди иҷтимоию сиёсии кишвар, алалхусус, риёкории рӯҳониёну бегонапарастии бисёре аз мансабдорон, хорию зории аҳли илму фарҳанг дар ҷаҳони маънавии Носири Хусрав як гардиши куллиро ба вуҷуд оварданд.
Ӯ чун шоири ватандӯсту ватанпарвар ва марди андеша наметавонист дар баробари харобсозиҳои хоки Хуросон бетарафиро ихтиёр намояд. Шоири миллатдӯсту халқпарвар ба хотири тарбия ва роҳнамоии ҳокимони ғосибу ситампешаи салҷуқӣ муддате ранҷу заҳмат мекашад. Аммо ранҷу заҳматҳояш барабас рафта, аз беадолатиҳо ва ҷабру зулми амалдорони салҷуқӣ ба танг меояд ва комилан хидмати дарборро тарк мегӯяд
Ӯ дар шеърҳояш ба танқиду мазаммати амирони салҷуқӣ шурӯъ карда, онҳоро “гургони биёбон” меноманд ва аз шукӯҳи гузаштаи Хуросону подшоҳони адолатпешаи сомонӣ бо ҳасрат ва таассуф ёд мекунад.
Табиист, ки чунин танқиду мазаммати ошкорои шоир сафи душманони ӯро афзуд ва соҳибмансабони ғазнавию салҷуқӣ дар андешаи таъқиб ва ҳатто куштани ӯ афтоданд. Саранҷом, пас аз азиятҳои рӯҳии зиёд Носири Хусрав роҳи сафари тӯлониро ба сӯи кишварҳои дигар пеш гирифт.
Мусофирати Носири Хусрав қариб ҳафт сол идома ёфт. Ӯ аз роҳи Озарбойҷону Эрон гузашта, сарзамини Осиёи Хурдро паси сар кард ва сипас Сурия, Фаластин, Миср, Тунис ва Судонро саёҳат намуд. Ин ҳакими инсондӯсту адолатпарвар чор бор ба зиёрати Макка расида, тақрибан саросари ҷаҳонии исломро омӯхт. Алалхусус, давраи истиқомати Носири Хусрав дар Миср, ки се сол идома ёфт, ба зиндагӣ ва фаъолияти минбаъдаи вай таъсири амиқ гузошт.
Дар замони Носири Хусрав фотимиён дар қаламрави Миср баъзе ислоҳот гузаронида буданд, ки ба ҷунбишҳои милии мардумӣ, аз ҷумла, ҳаракати истиқлолхоҳии шуубия дар миёни аҷдоди мо таъсири зиёд расонидаанд. Зимнан бояд таъкид кард, ки ҳаракату ҷунбишҳои халқӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла, ҷунбиши шуубия, мазмуни нисбатан бой, рангин ва қисман мураккаберо доро буданд. Ин ҷунбишҳо дар даврони ташаккули рӯҳи муковимат ва истиқлолхоҳӣ доираҳои васеи мардумро фаро гирифта, ҷавҳари худшиносӣ ва худогоҳӣ доштанд. Муҳимтарин ҳадафи онҳо эҳёи асолати таърихиву фарҳангӣ, бозгашт ба шукӯҳу азамати давлатдории аҷдодӣ ва бунёди низоми адолатпеша буд. Ин ҷунбишҳо арзишҳои миллӣ ва диниро омезиш дода, ба неруи бонуфузи ғоявӣ иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ табдил шуданд.
Ҳамин тариқ, талошу пайкори истиқлолхоҳии ниёгони мо бар зидди аҷнабиёни истилогар дар тӯли садсолаҳо идома ёфта, гоҳе ба сурате исёну шӯришҳои ошкорон сиёсӣ ва ҳақталошона, гоҳе ба шакли ҳаракатҳои мазҳабӣ ва гоҳе ба тарзи баҳсҳои фалсафию мунозироти адабӣ падид омадаанд.
Ҳадафи аслии онҳо бедор кардани худшиносӣ, ҳувийяти миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар ниҳояти кор барафкандани девори сиёсати аҷнабиён ва ба ҷойи он зинда кардану пойдор доштани суннатҳои давлатдории Сомониёни адолатпеша буд. Алалхусус, дар доираҳои фарҳангӣ ҳаракатҳои озодихоҳӣ ва истиқлолпарастӣ дар либоси адабию ҷунбишҳои мазҳабӣ зоҳир гашта, чун тадбири сиёсии пуштибонӣ аз Ватану забон, ғояҳои истиқлолхоҳию асолати давлатдорӣ, ифтихороти миллию аҷдодӣ ба кор мерафтанд.
Ва ҷойи баҳс нест, ки Носири Хусрав низ ақидаҳои истиқлолхоҳӣ, озодандешӣ ва ватанпарастии худро аз пойгоҳи шеъру сухан, фаъолияти густурдаи адабӣ, маърифатпарварӣ, таблиғотӣ ва мунозироти фалсафӣ пеш бурдааст.
Воқеан, ӯ чун як фарди миллатдӯст, озодманиш ва инсонпарвар баландтарин арҷро ба инсони бедордилу ватанхоҳ мегузорад ва то вопасин нафаси умр дар роҳи истиқлолхоҳию ватанпарастӣ талош меварзад. Ин шоир ва мутафаккири бузург аз худ осори гаронбаҳои илмиву адабӣ боқӣ гузоштааст, ки “Ҷомеъ-ул-ҳикматайн”, “Кушоиш ва раҳоиш”, “Сафарнома” ва “Девони ашъор” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Яке аз муҳимтарин асарҳои Носири Хусрав “Сафарнома” аст, ки муаллиф дидаю шунидаҳои хешро дақиқ, воқеъбинона ва бемуболиға ёдошт карда, баъди бозгашт ба Балх онҳоро ба сурати китоб дароварда, ба ворисон ба ёдгор гузоштааст. Ба ақидаи бисёр донишмандон, китоберо наметавон пайдо кард, ки а з нигоҳи арзиши илмиаш бо “Сафарнома” қобили қиёс бошад. Зеро ин аср ҳам сафарнома, ҳам тазкира, ҳам маводи пурарзиши тахрихию ҷуғрофӣ ва ҳам сарчашмаи нодири мардумшиносию фарҳангшиносист.
Носири Хусрав чун Фирдавсӣ ситоишгари хирад ва хирадмандист. Хирадмандӣ дар осори ин мутафаккири бузург бо имону диёнат, покизакориву покдоманӣ баробар аст. Ӯ инсонро ҳадафи аслии офариниши одам дониста, хираду донишро василаи асосии худшиносии инсон мешуморад. Инсоне, ки роҳи худшиносиву такомули шахсиятро пеш гирифтааст, бояд аз хашму ситез, ҳирсу ҳасад, макру тазвир, кибру ғурур ва амсоли инҳо дур шуда, ба пояи инсони комил бирасад.
Муҳимтарин хислати инсони комил аз нигоҳи шоир некиву накӯкорист ба андешаи шоир, накӯкорӣ пеш аз ҳама роҳатрасоӣ ба мардум ёриву мадад ба ятимону мӯҳтоҷон, дилсӯзиву ғамхорӣ ба бечорагон, меҳрубониву пуштибонӣ аз бенавоёну барҷомондагон аст.
Инсон комиле, ки Носири Хусрав дар осори рангини худ офаридааст, ҷӯяндаи ҳақиқат ва дорои хислатҳои ҳамида буда, барои инсофу адолат, покиву накӯкорӣ ва аз байн бурдани зулму ситам, дурӯғу риё, ҳирсу тамаъ ва фитнаву ҷанг мубориза мебарад. Ӯ ҳамеша ақлу хиради инсонро ситоиш намуда, илму амалро меъёри арзёбии фаъолияти шахс мешуморад ва дар асори безаволи ахлоқиву фалсафии ғояҳои баланди инсондӯстӣ, андешаи миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватанпарварӣ мавқеи хоса доштаанд…
Идомаи ин мақолаи хонданиву илмиро шумо метавонед дар китои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”Чеҳраҳои мондагор” биҷӯед ва мутолиа намоед.
Ин китоб соли 2016 чоп шудааст.
Таҳияи Масрура Мирзоҳасанова,
сармутахассиси Медиатекаи Президентӣ