155 сол пеш дар ин рӯз. Маъруфтарин нависандаи англис Чарлз Диккенс аз олам гузашт

Чарльз Диккенс
Аз даргузашти нависандаи маъруфу пуровозаи англис, романнависи бузурги асри Виктория Чарз Диккенс 155 сол мегузарад. Диккенс аз ҷумлаи шинохтатарин ва таъсиргузортарин адибони англис ба шумор меравад. Ӯ умри дароз надид. 9-уми июни соли 1870, замоне, ки ҳамагӣ 58 сол дошт, оламро тарк карда.

Асарҳои нависандаи англис, офарандаи қаҳрамонҳои ҳаҷвӣ Чарлз Диккенс классикаи адабиёти ҷаҳон маҳсуб мешаванд. Гуруснагӣ ва асорати қарзе, ки дар кӯдакӣ аз сараш гузашт, ба гул-гулшукуфии истеъдоди адабии ӯ монеъ нашуд, балки ба нависанда имкон дод, ки дар романҳои худ паҳлӯҳои нозуки ҷомеаи Викторияро нишон диҳад.

Бо амри тақдир волидайни Диккенс барои ҳашт фарзандашон зиндагии осуда таъмин карда натавонистанд. Фақр ва қарзҳои бепоёне, ки нависандаи ҷавон аз сар гузаронд, баъдтар дар эҷодиёти ў ифода ёфт.

Дар соли 1824, падари нависанда ба чоҳи даҳшатноки қарз афтод, ки аҳли хонавода аз ин дар азоб буданд. Тибқи қонунҳои давлатии Британияи Кабир дар он вақт, қарздиҳандагон қарздоронро ба зиндони махсус мефиристоданд, ки Ҷон Диккенс ҳам ба он афтид. Зан ва фарзандони ӯ низ ҳар рӯзи истироҳат дар зиндон нигоҳ дошта мешуданд, чунки онҳо низ ғуломони қарз ба ҳисоб мерафтанд.

Шароити зиндагӣ нависандаи ояндаро маҷбур кард, ки барвақт ба кор равад. Дар кӯдакӣ, писарбача корҳои гуногунро иҷро мекарду маоши ночизе мегирифт, аммо бахт ба оилаи бадбахт Диккенс табассум кард. Ҷон моликияти хеши дурашро ба мерос гирифт, ки ин ба ӯ имкон дод, қарзҳояшро пардохт кунад. Вай нафақаи адмиралтӣ мегирифт, дар як рӯзномаи маҳаллӣ ҳамчун мухбири нопурра кор мекард.

Пас аз озод шудани падараш Чарлз ба кор дар корхона ва таҳсил идома дод. Соли 1827 ӯ Академияи Веллингтонро хатм кард ва сипас дар як ширкати ҳуқуқшиносӣ ба ҳайси корманди хурд бо маоши ҳафтае 13 шиллинг ба кор даромад. Дар ин ҷо Чарлз як сол кор кард. Дар соли 1830 фаъолияти нависандаи ҷавон боло рафт ва ўро ба ҳайати таҳририяи рўзномаи «Монинг Хроникал» даъват карданд.

Хабарнигори пуртаҷриба дарҳол таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ ҷалб кард, хонандагон ёддоштҳои ӯро қадр карданд, ки ин ба эҷодиёти Диккенс илҳом бахшид. Адабиёт дар ҷавонӣ барои Чарлз маънои ҳаёт гардид.

Дар соли 1836 аввалин асарҳои дорои характери тасвирӣ ва ахлоқӣ ба табъ расидаанд, ки онҳоро романнавис «Очеркҳои Боз» номидааст. Мазмуни асарҳо ба мавқеи иҷтимоии мухбир ва аксарияти сокинони Лондон мувофиқ буд.

Романи аввалини насрнависи асри 19 “Қайдҳои пас аз марги Клуби Пиквик” (1837) буд. Дар китоб эскизҳои жанрӣ мавҷуданд, ки хислатҳои англисҳо, табъи хушбин ва зиндаи онҳоро тавсиф мекунанд. Хушбинӣ ва осонии асарҳои Чарлз таваҷҷӯҳи рӯзафзуни хонандагонро ба худ ҷалб кард. Романи «Саргузашти Оливер Твист», ки соли 1838 навишта шудааст, дар ҷомеаи Англия сару садое ба бор овард. Нақши иҷтимоии ин асарро аз ҳад зиёд баҳо додан душвор аст: хонаҳои бачагони пойтахт тафтиш мешуданд, ғайр аз ин, қонунгузорӣ тағйир ёфт, ки ҳаёти бачагони ятим ва камтаъминро беҳтар кард.

Ҷолиб он аст, ки асари «Мартин Чезлвит» боиси хашму ғазаби хонандагони амрикоӣ гардид – ба шаҳрвандони ИМА маъқул набуд, ки чӣ тавр нависандаи машҳур тарзи зиндагӣ ва одатҳои онҳоро масхара кардааст.

Асари дигари ба назар намоёни нависанда «Афсонаҳои солинавӣ» мебошад.

Библиографияи нависанда инчунин асарҳои муштаракро дар бар мегирад, масалан, «Сафари танбалонаи ду шогирди бекор», ки Чарлз дар ҳаммуаллифӣ бо дӯсти худ Вилки Коллинз навиштааст.

Романи «Дэвид Копперфилд» (1859) дар осори нависанда яке аз маъруфтарин романҳо гардид, аммо муаллиф ба хотир овардани онро дӯст намедошт. Диккенс дар китобҳои худ аксар вақт номҳо ва тасвирҳои одамони атрофашро истифода мебурд. Ҳамин тавр, Дора, зани Копперфилд, мувофиқи нақша мурд. Ҳангоми навиштани китоб фарзанди нуҳуми Чарлз ба дунё омад ва нависанда ба духтарча Дора ном гузошт. Кӯдак як сол ҳам зиндагӣ накард ва нависанда барои ин тамоми умр худро гунаҳкор ҳисоб мекард.

Пас аз як сафари адабӣ ба шаҳрҳои Амрико мушкилоти саломатиаш зиёд шуд. Дар соли 1869 дасту пойҳои нависанда давра ба давра фалаҷ мешуданд. 8 июни соли 1870, ҳангоми будубоши Чарлз дар мулки Гадшилл, ӯ ба сактаи мағзи сар гирифтор шуд, ки сабаби маргаш гардид – субҳи рӯзи дигар классики бузург аз байн рафт.

Диккенсро дар Абби Вестминстер дафн карданд. Пас аз маргаш шӯҳрат ва маъруфияти нависанда афзоиш ёфт ва мардум ӯро ба бути адабиёти англис табдил доданд. Китобҳои машҳури ў ҳоло ҳам ба умқи дили хонандагон роҳ ёфта, онҳоро водор мекунанд, ки дар бораи  тақдир андеша кунанд. Бисёр китобу филмҳо ба хотираи Диккенс – яке аз бузургтарин насрнависони асри XIX бахшида шудаанд. Ба муносибати 100-солагии нависанда насрнавис ва адабиётшиноси англис Ангус Вилсон китоби «Дунёи Чарлз Диккенс»-ро аз чоп баровард.

Таҳияи Сафаргул ҲУСАЙНОВА