Китоби нав. Бобоҷон Ғафуров. Нишондиҳандаи библиографӣ
Интишори навбатии силсилаи «Мавод оид ба библиографияи олимони Тоҷикистон» ба академики Академияи илмҳои ИҶШС, доктори илмҳои таърих Бобоҷон Ғафурович Ғафуров бахшида щуда, фаъолияти серсоҳаи олими намоён, ходими барҷастаи ҷамъиятию сиёсӣ, дипломат ва инсони фарҳехтаро дар бар мегирад.
Қобилияти нотакрори шахсияти Б,Ғ.Ғафуров, маъсулиятшиносӣ, муносибати нек ва одилонаи ў нисбат ба одамон, ба рушду такомули илм ва тарбияи насли нави шарқшиносон, ки баъдтар олимони шинохта гардиданд, мусоидат кардааст.
Дар Академияи илмҳои ИҶШС ба сифти директори Институти шарқшиносӣ таъин шудани Бобоҷон Ғафурович Ғафуров, ки зиёда аз 20 сол (1956-1977) давом кард, дар ташаккул ва инкишофи шарқшиносии тоҷику рус марҳалаи сифатан нав ва муҳим ба вуҷуд омад, ки дар рафти он шарқшиносии анъанавӣ ва омузиши масъалаҳои мубрами муосир ба таври органикӣ ба ҳам пайваст гардиданд.
Академик Бобоҷон Ғафуров ба илми шарқшиносӣ замоне омад, ки худшиносӣ ва бедории сартосарии милии мардумони кишварҳои Шарқ ва қораи Африқо оғоз гардид. Бо дарки масъулияти баланди илмӣ ў дар ҳамоҳанг намудани сиёсати хориҷии ИҶШС бо ҷараёнҳои иҷтимоию сиёсии қитъаҳои Осиё ва Африқо хадамоти созандаву арзандаеро анҷом дод. Маҳз дар замонги ў шуҳрати илми шарқшиносии шуравӣ ҷойгоҳи муътабаре дар арсаи ҷаҳонӣ ба худ касб кард. Бобоҷон Ғафуров бо вуҷуди ҳамаи маҳдудиятҳои идеологӣ бо дурандешии хоси хеш дар сиёсати илмӣ тадбирҳои муассиреро пеша кард, то шароити кору зиндагии муносиберо барои олимони соҳа муҳайё кунад.
Бобоҷон Ғафуров дипломати ҳирфай набуд, аммо, ба эътирофи бештари сиёсатмадорон ва олимон, саҳми ў дар густариши сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалии ИҶШС ва баланд бардоштани эътибори илми шарқшиносӣ хеле бузург арзёбӣ мегардад.
Ӯ ҳамчунин барои Тоҷикистон ва миллати тоҷик хидматҳои шоистае анҷом додааст. Тамоми мардуми кишвар аз ў барои хадамоти беназире, ки барои халқаш кардааст, миннатдоранд. Аз ҷумла, ба душвориҳои солҳои ҷанг ва баъд аз ҷанг нигоҳ накарда, Бобоҷон Ғафуров ба ташкили муассисаҳои илмию таълимии миллӣ, тайёр кардани кадрҳои илмии соҳаҳои гуногуни илм ва фарҳангу адаб саҳми бузург дорад.
Биобиблиографияи мазкур санаҳои муҳими ҳаёт ва фаъолияти Бобоҷон Ғафуров, мухтасари фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилию ҷамъиятии ў, мақолаҳо дар васфи ин шахсияти фарҳехтаро дар бар гирифт. Бахшҳои китоб асарҳои чопшудаи олим, тақризхо, асарҳои таҳия намуда ва зери таҳрири эшон ба нашр расида, адабиёт дар бораи ҳаёт ва фаъолияти устод ва ҳамчунин манобеи электрониро фаро мегиранд.Таснифи мавод дар китоб бо тарбияи хронологӣ, ва дар дохили ҳар як сол бо тартиби алифбо сурат гирифтааст.
Барои осон намудани кори пажўҳишгарон дар охири китоб дастгоҳи илмии ёрирасон оварда шудааст, ки аз нишондиҳандаи алифбои осор, нишондиҳандаи асарҳои таҳриркардаи устод ва нишондиҳандаи алифбоии ашхос иборат мебошад.
Китобро зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ Ш. Сӯфизода, Ё. Бердизода ва С. Нигматова омода кардаанд. Ин китобро ҳоло метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Шарофат Мирзоева,
Сармутахассиси шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ.