Китоби нав. Фирдавс Арабов:  “Маркетинг дар соҳаи фарҳанг”

МаркетингМуаллифи ин китоби  дарсӣ Фирдавс Арабов ҷанбаҳои назарияви ва тавсияҳои амалӣ оид ба маркетинги соҳаи фарҳанг ва санъатро таҳия намудааст. Китоб самтҳои зерин: хусусиятҳои хоси маркетинги соҳаи фарҳанг ва санъат, маҳсулот  (хидматрасонӣ) соҳаи фарҳанг ва гурӯҳбандии онҳо, ташкили чорабиниҳои рекламавии маҳсулоти соҳаи фарҳанг, таҳияи маводи рекламавӣ  дар соҳаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва идораи маркетингӣ соҳаи фарҳангро дар бар мегирад.

Дар сарсухани китоб оварда шудааст ки, дар ҷаҳони муосир маркетинг яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти субъекти хоҷагидорӣ, алалхусус, субъекти асосӣ дар раванди  рақобати шадиди истеҳсолкунандагони молу хидматрасонӣ ба ҳисоб меравад. Мутахассиси соҳаи фарҳанг ва санъат дар қатори касбияти худ бояд малакаҳое дошта бошад, ки ниёзҳои бозорро ба таври муассир омӯзад, ва малакаҳои дар раванди омӯзиш хосилшударо дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ ҳадафмандона татбиқ намояд.Тафовути равандҳои истеҳсолот ва истеъмол дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фарқи истифодаи воситаҳои маркетингро дар бозорҳои  онҳо муайян мекунад. Вусъат додани равандҳои истеҳсоли хидматрасонӣ, ки он соҳаи асосии ба кор бурдани сармояи хусусӣ дар ҷумҳурии мо ба ҳисоб меравад, яке аз самтҳои асосии рушди соҳаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар кишвар ба шумор меравад.

Соҳаи фарҳанг ва санъат яке аз соҳаҳои муҳим дар ҳаёти ҷомеа буда, барои баланд бардоштани маънавиёти одамон ва рушд додани завқи эстетикиву худшиносии ҷомеа саҳми калон дорад. Бинобар ин, рушди минбаъдаи соҳаи фарҳанг ва ташаккули хидматрасониҳои фарҳангӣ ва  инъикоси фарҳанги миллӣ бе маркетинги соҳаи фарҳанг ба амал намеояд. Маркетинг муҳаррики асосии муассисаҳои фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, барои инъикоси маҳсулоти фарҳангӣ ва ба истеъмолкунанда расонидани хусусиятҳои хоси он хидмат менамояд.

Набудани мутахассисӣ маркетингӣ дар муассисаҳои фарҳангӣ боиси бозоргир нашудани маҳсулоти (хидматрасонӣ) фарҳангӣ гардида, завқи бинанда ва истеъмолкунандаро нисбат ба он коста мегардонад. Дар шароити иқтисоди бозорӣ ҳар як маҳсулот бояд вобаста ба завқи бинанда ва истеъмолкунанда омода карда шавад, дар акси ҳол метавонад рақобатпазирии худро дар бозор аз даст диҳад.

Вобаст ба ин китоби мазкур  самтҳои омӯзиш, таҳия ва коркарди махсулоти фарҳангиро дар бар гирифта, барои мутахассисони ояндаи соҳаи фарҳанг ва санъат дар раванди омӯзиши бозор ва гузаронидани тадкиқотҳои маркетингӣ кӯмак хоҳад кард.

Хонандагони азиз китоби “Маркетинг дар соҳаи фарҳанг”-ро  метавонанд дар Китохонаи миллӣ мутолиа намоянд. Китоб соли 2024 чоп шуда, барои зинаи бакалавр ва мутахассис пешбинӣ шудааст.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии  фонд.