Китоби нав. Ғанихӯҷа Шарифов: “Тоҷикистон, ҷони ман!”
Маҷмуаи нави ашъори шоир ва нигоштаҳои марғуби адиби ширинбаён, омӯзгори шинохта, Аълочии маорифи кишвар Ғанихӯҷа Шарифов бо дастгирии молиявии ҷавонмарди дарёдил ва фарди фарҳангпарасту саховатпеша, Қандили Алимаҳмад ба нашр расидааст.
ҒАНИХӮҶА ШАРИФОВ 24-уми марти соли 1947 дар ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Соли 1954 ба синфи 1-и мактаби зодгоҳаш қабул шуда соли 1965 онро бомуваффақият хатм намуд. Сипас, худи ҳамон сол ба Иститути давлатии педегогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, бахши химия ва биология дохил шуда, онро соли 1970 бомуваффақият ва дипломи аъло хатм кардааст.
Баъди хидмати аскарии яксола ба зодгоҳаш баргашта, то ҳол касби омӯгориро идома медиҳад. Ғанихӯҷа Шарифов марди соҳибхирад ва оромтабиат буда, муносибаташон бо омӯзгорони мактаб, шогирдон ва волидайни онҳо дар сатҳи баланд қарор дорад. Нисбат ба кори худ ҷӯянда, серталаб ва дар корҳои омӯзгориаш нававару эҷодкор мебошад. Қобилияти хуби омӯзгори ва таҷрибаю маҳорати бисёрсола дар ҷодаи таълиму тарбияро дорост.
Номбурда аз айёми мактабхониаш то инҷониб ба навиштани шеъру ҳаҷвияҳо мароқи калон зоҳир намуда, ашъораш дар васфи Ватан, деҳа, модар, волидон, падар, Истиқлол, одамони обрӯманди диёр ва ишқу муҳаббат ба Ватани аҷдодӣ эҷод гардидааст.
Бар замми ин, бояд зикр кард, ки мавсуф ба давлату миллати саҳибистиқлоли худ меҳру муҳаббати зиёд дорад, ки бештари чакидаҳои хомааш перомуни дӯст доштани Ватан ва мардуми сарбаланди он эҷод гардида, ашъоршро аз завқи баланди саршор ва зебою табиӣ бо истифода аз санъати мухталифи бадеӣ рӯйи авроқ овардааст, ки гулҳои хушрангу буйи эҷодаш таровату фасоҳати махсус бахшидаанд.
Хонандагон китоби «Тоҷикистон, ҷони ман!»-ро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунед.
Фарзона Шарифова,
Мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.