Мухтасар дар бораи як маҷаллае, ки аз Москав ба тозагӣ расид

photo_2024-04-15_11-34-09Человек и мир” маҷаллаест аз ҷониби Институти таҳқиқоти миллии рушди  алоқа (Русия) нашр мешавад. Нусхаҳое аз он ба тозагӣ, дар мулоқоти муовини директори ин нашрия Алина Гасумянова бо Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Ҷумахон Файзализода ба Китобхона туҳфа шуд.

Як бахши муҳими шумораи дуввуми маҷалла, ки ба дасти мо расид, ба ҳаёти деҳот бахшида шуда ва таҳлилҳои ҷолибе дар мавриди деҳоти имрӯз дар Русия ва дигар кишварҳои ИДМ дорад. Аз ҷумла мақолаи Мунис Мирпулотова (докторанти  институти архитектураи Тошканд) “Он ҷо чинорҳо такя доранд” ба вазъу ҳоли имрӯза деҳоти кӯҳистон дар қаламрави Тоҷикистон ва Узбекистон бахшида шудааст. Муаллиф 20% қаламрави Узбекистонро манотиқи кӯҳсор медонад ва менависанд, ки деҳоти ин минтақа батадриҷ вориди марҳилаи нави рушди худ мешаванд ва ба ин омилҳои зиёде, аз ҷумла ҳифзи архитектураи биноҳо аз гузашта ба имрӯз ва омезиши хонасозии қадиму имрӯз таъсир расондаанд.

Дар боби Тоҷикистон таваҷҷуҳи муаллифро тағйир ёфтани намоди хонасозӣ дар деҳоти кӯҳистони кишвари мо ба худ кашидааст. Ба андешаи муаллиф деҳоти кӯҳистони Тоҷикистон дорои иқтидору зарфиятҳои болои гидроэнержӣ, конҳои маъдан мебошанд, ки ин бидуни шак ба инфраструктураи минтақа бетаъсир намемонад. Ҳоло мо шоҳиди онем, ки дар миёни архитектураи манзилҳои истиқоматӣ минтақаҳои истироҳатӣ, санаторияҳо, табобатгоҳҳо, марказҳои сайёҳиву ҷаҳонгардӣ арзи вуҷуд мекунанд. Ин ҳама хоставу нохоста ба намоди анъанавии хонасозӣ таъсири мусбат мерасонад.

photo_2024-04-15_11-24-33Дар бахши дигари ҳамин мақола муаллиф талош кардааст диққати хонандаро ба имрӯзи водии Яғноб ҷалб кунад. Вай менависад, ки сокинони имрӯзаи онро боқимонда аз суғдиёни бостон меноманд ва ягона қавме, ки забони суғдиро зинда нигоҳ дошта. “Аммо зиндагонии яғнобиён саропо дар қабзаи имтиҳони таърих будааст. Охирин имтиҳони шадид он буд, ки солҳои 70-и асри гузашта бо мақсади ҷалби аҳолии ин гӯши кӯҳистон онҳоро ба ноҳияи навбунёди Зафаробод муҳоҷир карданд. Имрӯз дар деҳоти Яғноби қадим наздик ба 70 хонавода ҳаёт ба сар мебаранд ва онҳо асосан ҳамон касонеанд, ки дар оғози бозсозии Горбачёвӣ тавонистанд аз водӣ дубора ба кӯҳистон, ватани аҷдодии худ баргарданд. Яғнобиёни имрӯза чун пешгузаштагони худ асосан саргарми чорвопарварӣ ва кишоварзианд ва аз ҳамин шуғл қут мехӯранд….”

  Ин маҷалла мақолаҳои зиёди шавқовару хонданиро дар саҳифаҳои худ ҷо додааст. Чунончӣ, Анна Левковская-корманди аршади  илмии осорхонаи кишваршиносии Сахалин дар мақолае бо номи “Моҳипӯстон” дар бораи анъанаҳои таърихиву муосири халқияте бо номи айнҳо маълумоти басо ҷолиб ироа кардааст. Вай гуфта, ки “онҳо барои омода кардани либос ва пойафзол ҳар чиро, ки мерӯяд, мепарад, шино мекунад ва медавад, истифода кардаанд”.

Ин муаллиф ҳамчунин мегӯяд, ки айнҳо қадимитарин ва муаммобарангезтарин халқиятанд. Дар бораи онҳо, таърихи пайдоиш, рушду камолот, фарҳангу тамаддуни онҳо садҳои китобу рисолаҳои илмиву мақола навишта шудаанд. Замоне онҳо бештар дар қисмати ҷанубии Сахалин , ҷазираҳои Курил, ҷануби нимҷазираи Каммчатка ҳаёт ба сар мебурданд. Дар асл ин қавм бумии ҷазираҳои ҷопонии наздик ба қаламрави Русия мебошанд.

111-(2)  Ба намуди зоҳирӣ ишон аз муғулнажодони минтақа ба куллӣ фарқ мекунанд. Дорои чашмони бозу калон, ранги рӯшани пӯст, мӯҳои печонанд, мардонашон ришҳои ғулливу паҳн доранд. Занҳои айнҳо чун рамзи зебоӣ ва мақоми иҷтимоӣ гирдогирди лабонашон холкӯбии муносиб ба андомашон доранд, ки ҳар аврупоиро мафтун мекунад.

Аммо ин мақола бештар дар бораи сарулибос, вижагиҳои дӯхтани либосу пойафзол ва ҳифзи анъанаҳои таърихии ин қавм ҳикоят мекунад, ки барои хонанда басо ҷолиб аст.

Ин шумораи маҷалла мақолаҳои дигари ҷолибе дорад. Аз ҷумла навиштаи Александ Пачкалов “Манзума дар бора мегалистҳо” ва муаллифони дигар “Асрори анҷуманҳои даврони Иван Грозний”, “Ба одамони ва кайҳонавардон”, мақолаи Нина Дубинина дар бораи ҷасорати генерал-губернатор Муравёв, ки Камчаткаро муҳофизат кардааст ва ғайра.

Хоҳишмандон метавонанд ин маҷаллаи “Человек и мир”-ро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Бобоҷон Шафеъ