Китоби нав. Ҷўрабек Назрӣ. Китобномаи шарҳиҳолӣ

Ҷўрабек НазрӣДар китобномаи мазкур асарҳои Ҷўрабек Назрӣ ва адабиёт доир ба зиндагию рӯзгори ӯ, санаҳои муҳимми ҳаёт ва фаъолият, тақриз, маърўзаю гузоришҳо ва маводи таҳиянамудаю таҳриркардаи ў пешниҳод шудааст.

Ин китобнома зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода аз ҷониби Ҷӯрабой Раҷабов мураттаб шудааст. Ба китоб номзади илмҳои филологӣ Муҳаммадиқбол Атозода тақриз навиштаву онро Абдуҷамил Валиев муҳаррирӣ кардааст.

Дар пешгуфтори китоб омадааст, ки китобномаи мазкур бахшида ба зиндагию осори яке аз шахсиятҳои шинохтаи илми филология – узви вобастаи АМИТ, докто­ри илми филология, профессор Ҷўрабек Назрӣ таҳия шудааст ва он осори илмӣ, методӣ, публитсистӣ ва таҳқиқоту пажӯҳишҳои ўро дарбар мегирад.

Китобнома аз пешгуфтор, мақолаи муқаддимавӣ, санаҳои муҳимми ҳаёт ва фаъолияти донишманд, ду қисм мавод, зерқисмҳо ва замима иборат мебошад.

Қисми аввал фарогири бахшҳои «Асарҳои Ҷўрабек Назрӣ” буда, дар зерқисмҳои он нашри алоҳида, мақолаҳо дар нашри даврӣ, ғайридаврӣ ва давомдор, тақризу мусоҳиба, корҳои мураттабиву таҳрирӣ, ки зери роҳбариаш унвони номзадиро дифоъ кардаанд, ҷой дода шудаанд.

Дар қисми дуюм – «Адабиёт оид ба зиндагинома ва фаъолияти Ҷўрабек Назрӣ», маводи чопии интишоршудаи ӯ пешкаш шудааст.

Дар қисматҳои номбурда мавод ба тарзи солшумо­рӣ (хронологӣ) ва дар дохил ба таври алифбоии муалли­фон ҷойгир карда шудаанд. Дар ҳолатҳои мавҷуд набудани муаллифон онҳо аз рўйи номгуйи асарҳо ҷобаҷо шудаанд. Тасвирҳо тибқи стандарти соҳаи китобдорӣ сурат гириф­таанд.

Дар анҷоми китобнома барои дарёфти таъҷилии ма­вод кумакфеҳристҳои алифбоии осор ва ашхос пешниҳод карда шудааст, ки онҳо барои дарёфти маводди чопӣ мадад мерасонанд.

Барои ҷомеаи илмии кишвар маълум аст, ки осори чопии устод Ҷўрабек Назрӣ хеле зиёд мебошад. Ин Китобнома дар асоси маводи фонди Китобхонаи миллӣ ва сомонаҳои интернетӣ мураттаб гардидааст ва дар он маводи пешниҳоднамудаи фарзандони ў – Шаҳриёр ва Масрур низ истифода ва ворид карда шудаанд.

Дар замимаи китоб, мақолаҳо ва назариёти донишмандону муҳаққиқон оид ба ҷанбаҳои илмию ҳунарии устод ҷой дода шудааст. Инчунин, баъзе аз тасовири таърихию хотиротӣ низ китобномаро музайян кардааст.

Китобнома барои донишҷӯён, олимон, пажӯҳишга­рон ва доираи васеи хонандагон пешниҳод мешавад.

Зокирҷон Рабиев,
мудири бахши
таҳрир ва интишорот