Китоби нав. Меҳр Собириён: “Ду роҳкори рушди миллӣ”
Китоби ходими пешбари илмии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоикистон Меҳр Собириён «Ду роҳкори рушди миллӣ» ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуд. Китоби мазкур мақолаҳои муаллифро дар бар мегирад, ки дар матбуоти даврии кишвар рўи нашр омадаанд. Масъалаҳои худшиносии миллӣ ва рушди иқтисодӣ мавзуӣ асосии ин китоб аст.
Ин китоб дар нашриёти «Дониш » бо теъдоди 150 адад чоп шудааст ва муҳаррирони он мудири Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозим Нурзода ва шоир ва муҳаққиқ Назрӣ Асадзода мебошанд.
Бояд гуфт китоб аз ду боб иборат буда, 24 мақоларо дар бар гирифтааст. Боби якум «Фарҳанг ва худшиносии миллӣ» ва боби дувум «Рушди иқтисоди миллӣ» номида шудааст.
Нозим Нурзода дар пешгуфтори китоб навиштааст:
«Давлат ва ҷомеаҳои пешрафта ва ба истилоҳ, мудерн аз ду комёбии умда бархўрдоранд: яке, миллият ва дигаре, илмоният ва муваффақияту комёбии башар ҳам ба ин ду асл бастагӣ дорад. Аз ин ҷост, ки давлатҳои бузург ва дар айни замон миллиятҳои бакамолрасида маҳсули зеҳни бедор ва хиради зиндаи афроди саршиноси башаранд. Дар зимн, ақлбоварӣ ва хирадмеҳварӣ, ки аз зеҳну тафаккури донишмандону рўшанфикрон бурун таровидааст, тайи таърихи башарӣ сарнавишти миллияту халқиятҳоро рақам зада, роҳро барои таҳаввулу тараққӣ ва саодату хушбахтӣ ҳамвор сохтааст. Афзун бар ин, маҳз қишри огоҳу рўшангари ҷомеа, ки имрўз дар қолибу титули зиёию фарҳангӣ инсиҷом меёбанд, худсозию худкифоиро ба унвони аслу меъёри зиндагӣ марҷаъ қарор дода, бо анҷом додани рисолати иҷтимоӣ, миллӣ, илмӣ, эҷодӣ ва инсонӣ сатҳи огоҳиҳои иҷтимоиро боло бурда, бад-ин минвол ҷомеаро ба дараҷаи баланди фикрӣ, ахлоқӣ, ҳувийятӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва маданӣ мерасонад. Ин аст, ки пажўҳишгарони миллӣ дар садри интеллегенси ватанӣ қарор мегиранд ва дар масири бедории фикрӣ ва сифатан тағйир додани биниши миллӣ ҳаракат мекунанд».
Нозим Нурзда, сардабири маҷаллаи «Илм ва ҷомеа» дар пешгуфтори китоб Меҳр Собириёнро аз зумраи донишмандону пажӯҳишгарон ва иқтисодшиносони ҷавоне донистааст, ки «солҳост дар шоҳроҳи бедории фикрӣ ва таҳкими раванди ҳуввияти миллӣ устуворона гом бардоштааст».
Раҳима АЪЗАМ,
бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа