Китоби нав. “Нафт ва газ: аз пайдоиш то инкишоф”
Ин китоб аввалин китоби дарсиест оид ба геологияи нафту газ, ки ба забони тоҷикӣ барои донишҷӯён ва толибилмони соҳаи нафту газ, ҳамчунин барои мутахассисони соҳа, ки ҷиҳати парма намудани чоҳҳои нафтиву газӣ ва кашфи захираҳои саноатии онҳо машғуланд, пешниҳод мегардад.
Муаллифони ин китоб номзади илмҳои геология, ходими пешбари Институти геология сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сеймсологияи АМИТ Мавлонӣ Субҳонқул Раҳмонқулзода ва ходими илмии ҳамин Институт Фирӯз Раҳимов мебошанд. Тавре дар муқаддимаи китоб муаллифон менависанд:Дар тараққиёти саноати нафту газ илми геологияи нафт нақши истисноӣ мебозад. Дуруст фаҳмидани хусусиятҳои сохти геологии ин ё он кон ба азхудкунии бомуваффақияти он – ҷустуҷӯ, пармакунӣ, ва омӯзиши минбаъда вобаста аст.
Дарки ин масъалаҳо ба донистани сохти бурришҳои геологӣ, навъи сохторҳои конҳои нафт, навъи қабатҳои нафтдор аҳмияти махсус дорад ва барои омӯзиши амиқтар бояд ба сохти геологии конҳои дар ҳолати истихроҷ қарордошта шинос шавем.
Донистани хусусиятҳои пайдоиш ва мавҷудияти захираҳои нафту газ зарурати омӯзиши васеъ ва махсуси сохтори геологӣ, рушди минқаҳои калон, мутаносибан донистани доираи васеи масъалҳои геологиро дар бораи шароити пайдошавии нафту газ, куч кардани карбогидратҳо ва марказҳои пайдошавии нафту газ ба минтақаҳои захирашавии онҳо, бо вуҷуд омадани минтақаҳои захиравии нафту газро тақозо менамояд.
Ҷустуҷӯи конҳои саноатии карбогидратҳо дар ҳама намуди домҳо ҳамон қадар бо муваффақият сурат мегирад, агар хусусиятҳои сохтории қабатҳое, ки дар онҳо нафту газ захира мешаванд, пурратар омӯхта шаванд. Барои ин донистан лозим аст, ки дар куҷо ва кай шароитҳои мусоид барои ташаккули ин гуна конҳо ба вуҷуд омадаанд, хусусиятҳои ирсӣ ва шаклҳои геометрии онҳо чӣ дар бурриши геологӣ ва чӣ дар ҳудуди майдон чигунаанд.
Геологияи нафт, ҳамчун илми амалӣ, бо бисёр фанҳои ба ҳам алоқаманд рушд ёфтааст ва зимнан бисёр донишҳои иловагиро барои истифодаи саривақтии онҳо дар таҷрибаи корҳои ҷустуҷӯӣ истифода мебарад. Барои ин лозим аст, ки ҳар як кони карбогидратҳоро ҷиддӣ бо дигар системаҳои геологӣ дар пайваст биомӯзем.
Дар ин китоби дарсӣ андешаҳои мавҷуда дар бораи пайдоиши нафту газ, тавсифи геологии баъзе конҳои нафту гази Тоҷикистон, хусусиятҳои сохтори қабатҳои махзан, хосиятҳои таровиш ва масоманокии онҳо, нақши домҳои ғайрисохторӣ дар зиёд намудани бойгонии сохторҳои ояндадор, масъалаҳои куч кардани карбогидратҳо, тавсифи усулҳои мавҷуда ҷиҳати ҳисоб кардани захираҳои карбогидратҳо мухтасар баён шудаанд.
Ҳангоми тартиб додани ин китоби дарсӣ муаллифон аз дастурҳои таълимии гуногуни вабаста ба мавзуъ, монографияҳо ва адабиёти маълумотӣ, ки дар маҷаллаҳои илмӣ чоп шудаанд, истифода кардаанд. Ғайр аз маъхазҳои адабӣ таҷрибаи ҷамъшудаи гузарондани лексияҳо ва машғулиятҳои амалӣ дар курсҳои «Литология қабатҳои нафту газ», «Геологияти умумӣ» ҷамъбаст карда шудааст.
Китоби мазкур ҳамчун воситаи таълимӣ ва илмии ёрирасан барои донишҷӯёни гурӯҳи нафту газ, магистрантҳо ва муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод мешавад.
Муаллифон умед доранд, ки хонандаи азиз китобро ҳамчун «барги сабз» қабул хоҳад кард ва пешниҳодоти худро ҷиҳати беҳтар намудани матни он барои такмили минбаъда пешниҳод мекунанд.
Ҳаводорону донишомӯзони ин соҳа метавонанд китоби «Нафт ва газ: аз пайдоиш то инкишоф»-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.