Китоби нав. Номвар Қурбон. “Дурахши ахтарони илм”

Дар китоб, ки ба тозагӣ чоп шудааст, мақолаҳо доир ба ҳаёт ва фаъолияти як қатор олимону донишмандон ва фарҳангиёну зиёиёни шинохтаи точик, ки давоми солҳои гуногун дар матбуоти даврӣ ба нашр расидаанд, гирдоварӣ шудааст.

Академик Ҳ.Муминов дар сарсуханаш ба китоб навиштааст: Китоби «Дурахши ахтарони илм» гулчине аз мақолаҳо ва андешаҳои муаллиф дар бораи гурўҳе донишмандон, рўшанфикрон, шасиятҳои фарҳангӣ ва зиёиёни гузаштаву муосири тоҷик мебошад. Бахши аввали китоб бештар хусусияти таърихӣ дошта, дар он андеша ва шинохти муаллиф оид ба ҳакимони табиатшиноси форс, намояндагони физикаи муосири точик,нақши бархе аз бонувон дар рущди илм,васфи гурўҳе азолимони номвари тоҷик,  махсусан физикадонҳо эҷод гардидаанд, гидоварӣ шудааст.

Бахши сеюми китоб бошад, дар асоси биниши муаллиф оид ба шинохти олимонудонишмандони дўст ва ҳамкор иншо  гардидааст. Бахши чорум ба гиромидошти  хотираи неки гурўҳе аз олимону  зиёиёни соҳибмактабу рўшанфикр бахшида шудааст.

Муҳаққиқи фозил ва олими пуркори мо Номвар дар ин китоби худ бештар доир ба илми ростин (физика) ва донишмандони ростини ин илм баҳс кардааст. Ва китоби «Дурахши ахтарони илм»-ро ба дўстони худ бахшидани вай ҳам бесабаб нест. Зеро Номвар огоҳона рафтор намуда, ба ин восита мехоҳад, то наҳзати ҳакимони табиатшиноси миллии моро эҳё намояд. Дар таърихи илми мо мутафаккирони табиатшиносе, ба монанди Абўрайҳони Берунӣ ва Насриддини Тўсӣ аз пешинагони худ хеле хуб ёдовар шудаанд ва дар мавориди зарурӣ аз онҳо дифоъ кардаанд. Дар замони муосир файласуфони соҳибноми табиатшинос Муҳаммад Осимӣ ва Акбар Турсон низ дар ин масир шоҳкориҳо анҷом додаанд.

Донишманди ҷовони мо Номвар Қурбон, ки дар ин самт пайроҳои хешро эҷод кардааст, бо офаридани  ин китоб на танҳо фазои холиеро пур месозад, балки дар роҳи ҳакимони табиатшиноси тоҷик аламбардорӣ мекунад. Дар баробари ёдоварӣ аз корҳои илмию тадқиқотӣ ва навоварию эҷодкории олимону донишмандон Номвар кўшидааст,ки раванди рушди умуми таабиатшиносиро дар фарҳанги миллии мо нишондиҳанд. Албатт, дар саргаҳи ин раванд олимону донишмандоне қарор мегиранд, ки дар баробари навоварию эҷодкорӣ, боз дар масири огоҳӣ ва бедории миллӣ устуворона қадам мегузоранд. Аз ин рў,огоҳ будан аз паҳлуҳои мухталифи зиндагӣ ва фаъолияти ин олимону донишмандон барои насли имрўзаю оянда ибратомўз хоҳад буд ва ба андешаи аллома Иқболи

                                      Қавм равшан аз саводи  саргузашт,          

                                      Худшинос омад зи ёди саргузашт.

                                      Саргузашти худ гар аз ёдаш равад,

                                      Боз андар нестӣ гум мешавад.

Ногуфта пайдост, ки китоби «Дурахши ахтарон илм» аз рўи илҳом ва ангезаҳои хушбинӣ ва мусбат таълиф шудааст. Ба гумони ғолиб беҳтарин калимаҳо ва таъбирҳои ситоишомўзе, ки дар фарҳанги халқи тоҷик вуҷуд доранд, дар шаъни донишмандони дар китоб зикриномрафта нисор шудааст. Ва сазовори ин калимоти зоҳирона ҳам ҳастанд.

 

Китоби Номвар Қурбон “Дурахши ахтарони илм”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

 

Таҳияи Гулрӯ Исмоилова.