Китоби нав: Пайроҳаи сабз

Китоби нав: Пайроҳаи сабз

Дар ин китоб сӯҳбату мақолаҳои таърихи гузашта ва имрӯза, фаъолияти илмӣ, хидмати давлатӣ, ҳаёт ва фаъолият, дар матбуоти даврӣ, китобҳо, баромадҳо дар ҷаласаҳои гуногуни Маҷлисҳои Олӣ, ҳукуматӣ, давлатҳои муштаракулманофеъ, сафарҳои хидматӣ,  андешаҳои муаллифони гуногун дар бораи ходими давлатӣ ва сиёсӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Узви пайвастаи Академияи улуми байналмилалии мактабҳои олӣ, иштирокчии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттори Абдуҷаббор гирд оварда шудааст.

Академикҳо Фарҳод Раҳимӣ ва Мӯсо Диноршоев дар сарсухани худ ба ин китоб аз ҷумла навиштаанд:

            Дар баробари ин муаллифон кӯшидаанд, ки бораи ҳаёту фаъолияти Абдусаттори Абдуҷаббор ва хидматҳои шоистаи ӯ, ки баҳри ободии зодгоҳаш масраф кардааст, ёд кунанд ва умре, ки дар хидмати халқу ватани азизаш Тоҷикистон бахшидааст низ ҳикоят менамоянд, то баҳри наслҳои оянда дар зиндагӣ каме ҳам бошад сабақе гардад.

            Адусаттори Абдуҷаббор аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳим-ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ҳамчун Вазири таъминоти иҷтимоии  аҳолӣ дар тӯли қариб даҳ сол сарпарастӣ намуда, аз ҷумла ба масъалаҳои илмии соҳа низ диқкати  ҷиддӣ додаст.

Гуфтан мункин аст, ки профессор Абдусаттори Абдуҷаббор нафақат ҳамчун роҳбари шинохтаи соҳа, балки яке аз аввалин ҷорикунандагон илми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ӯ яке аз  аввалинҳо шуда дар ҷумҳурӣ масъалаҳои омӯзиши таърихи ташаккул ва инкишофи соҳаи таъминоти иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, ва таҳқиқи марҳилаҳо ва самтҳои дурнамои тараққиёти сиёсати таъминоти нафақа ва шаклҳои хизматрасонии иҷтимоӣ  ба аҳолиро ба миён гузошт. Ⱪайд кардан ба маврид аст, ки худи ӯ нахустин шуда ба корҳои илмӣ-таҳлилӣ ва таҳқиқотҳои амалию сотсиологӣ дар ин замина даст зад.

            Маҷмӯаро мутолиа карда ба ин хулоса мерасед, ки навиштаву суханрониҳо ҳуҷҷат ва ҳикояту санади он собит мекунанд, ки профессор Абдусаттори Абдуҷаббор марди хирадманд, накӯкор ва инсонпарвар мебошад.

    Китоби “Пайроҳаи сабз”, ки соли 2020 чоп шудааст, шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Малика Абдуллоева