Китоби нав. “Пардиси Тоҷик”

pardisДар ин китоб, ки муаллифаш шоири эронитабори муосир аст, ашъоре фароҳам омадаанд, ки дар васфи таърихи ғановатманди мардумони ориёитабор, махсусан, тоҷикону эрониён, ваҳдату муҳаббати пойдори ҳамзабону ҳамнажодон, фарозу шеби рўзгорони гузашта, ифтихороти муштараки таърихии тоҷикону эрониён, дастовардаҳои азими Тоҷикистони соҳибихтиёр дар имтидоди 30 соли соҳибистиқлолӣ ва мақому манзалати беқиёсу беназири Пешвои ғамхору хирадманду ҷасури тамоми тоҷикзабону тоҷиктаборони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон ва омади бахту барори қисмати миллати сарбаланди тоҷик эҷод гардидаанд.

Бинобар таъкиди худи муаллиф, ин «дафтари ёдномаи Пардиси Тоҷик сухансурудаҳое аз омехтагии сароишу пажўҳиш, ки бар нигори нигоҳам нигин гаштаанд, ҳар ҳангоми сароишу пажўҳиш бо меҳри меҳрўбонӣ, дилӣ диловарӣ, доди додгарӣ ва тобиши тавоноӣ офаридгор гарданд, метавонанд чун оҳуи орзу “Шоҳнома” шаванд».

Китоб аз чаҳор дафтар: Нигористон, Оташистон, Ориёшаҳр, Нигаришнома таркиб ёфта, ба истиқболи 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон зери назари академи Фарҳод Раҳимӣ чоп шудааст.

Шумо метавонед китоби мазкурро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.