Китоби нав. Саҳбо: «Эй ватан, маро ҷонӣ…»

Эй ватан, маро ҷонӣДар китоб шеърҳои шоир Саҳбо (Ҳақдод Рашидов), ки аз ҷумлаи шоирони ба истилоҳ, музофотист, манзури хонандагони соҳибзавқ шудааст. Шеърҳо мувофиқи сохтори жанрӣ ва қолаби қофия, ба анвои ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ, қитъа ва чаҳорпора табақандӣ шудаанд. Ғазалҳо мувофиқи тартиби ҳуруфи алифбои кириллии тоҷикӣ, ба эътибори ҳарфи аввали мисроъҳои якум танзим шуданд.

Фардбайтҳо, зодрӯзномаҳо, ёдномаҳо, шеъри кӯдак ва навҷавон фаслҳои хурди ҷудогонаро ташкил медиҳанд, ки дар охир ҷой гирифтаанд. Мухаммас (бар ғазали Ҳофизи Шерозӣ) дар охири фасли маснавиёт оварда шуд.

Ҳақдод Рашидов соли 1952 дар деҳаи Артучи ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакенти вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 1969 баъд аз хатми мактаби миёна (1959 -1969) ба факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1974 бо ихтисоси “Филолог. Муаллими забон ва адабиёти тоҷик” хатм кардааст.

Аз сентябри 1974 фаъолияти кориашро ба сифати омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи рақами 18 ба номи Абулқосим Лоҳутии деҳаи Артуч оғоз намуда, то замони ба нафақа баромадан (2013) дар ҳамин боргоҳи муқаддас ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шудааст. Айни замон давлати пирӣ меронад ва ба эҷоди шеър ҳам машғул аст.

Алоқаи Саҳбо ба шеъру шоирӣ аз муҳити хонавода маншаъ мегирад. Гузаштагонаш ҳама аҳли хатту савод ва аз ҷумлаи донишмандони равшанфикри замони худ буданд. Ба усули кунҷакӣ дар назди падараш аз китобҳои таълимии суннатӣ ва Ҳофизу Бедил дарс хондааст.

Донишманди тоҷик Мисҳобиддинги Нарзиқул дар сарсуханаш ба китоб, ки бо номи “Соҳибзавқе дар ҷодаи эҷод” чоп шудааст, аз ҷумла навиштааст: Ҳақдод Рашидов, ки бештар бо тахаллуси Саҳбо эҷод мекунад, аз зумраи чунин шоирони музофотиест, ки ҳавсалаи муаррифии ашъори худро надорад. Аммо аз ин ҷиҳат ӯ танҳо нест, дар муҳите, ки Саҳбо эҷод мекунад, соҳибзавқони дигаре ҳам ҳастанд, ки шеъри хуб мегӯянд, вале ба муаррифии эҷодиёташон чандон майл надоранд. Аз ҷумлаи чунин шоирон яке Фармон Аҳмадзода аст, ки бо намунаҳои ашъораш мо ҳанӯз аз овони мактабхонӣ огоҳ ҳастем.

Саҳбо ва Фармон ҳарду омӯзгор ҳастанд, ҳамроҳ дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 18 деҳаи Артуч кор кардаанд. Аввалӣ ба сифати муаллими фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, дуюмӣ омӯзгори фанни таърих дар тарбияи чандин насли хонандагони мактаб саҳми шоиста гузоштаанд. Истеъдоди шоирии Саҳбо ва Фармон реша дар вижагии қареҳаи авлодӣ ва суннати хонаводагӣ дорад. Ҷадди бузургвори Саҳбо-Мулло Ҳақдод ва Фармон – Мулло Аҳмад аз ҷумлаи донишмандони хушзавқ, равшанзамир ва соҳибмактаби деҳаи Артуч буданд, ки аз назари равиши зиндагӣ, парҳезгорӣ, садоқат дар муносибат, ҳусни амал ва бисёр сифатҳои дигари неки инсонӣ мумтоз буданд.

Китоби «Эй ватан, маро ҷонӣ…» соли 2025 дар нашриёти “ЭР-граф” аз чоп баромадааст, хонандагон ва ҳаводорони назми тоҷик метавонанд онро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.