Китоби нав. Шераки Ориён. “Ҳикояҳо аз китобҳои «Эҷод чист? Эҷодгар кист?»
Ҳикояҳои ин китоб то ҳадде бар фалсафа ва бадеият кашида шудаанд ва ҳар кас аз он панду ҳикмат бардошта, бо анвораш як гўшаи зиндагии худашро мунаввар карда метавонад. Ва онҳоро муаллиф дар асоси рўйдод ва ё дар асари омўзиш, ё дар асоси саргузашти эҷоргароне, ё ҳодисоте, ё ривояте, ё нақле офаридааст.
Китоби «Эҷод чист? Эҷодгар кист?» аз асарҳои муҳим ва хеле хондании адиби маъруф Шераки Ориён аст. Худи ӯ ба ин назар аст, ки ин ҳикоят дар асл “зиндагигўй ва зиндагисоз мебошанд.
Чун дар дили хонанда майлу ҳаваси ин ҳикоятҳоро дар алоҳидагӣ низ мутолиа кардан пайдо гардид ва борҳо чунин хоҳиш пеш гузошт, пас аз сари ҳамин заруратҳо онҳоро аз дохили се китоби «Эҷод чист? Эҷодгар кист?» интихобу ҷудо намудем. Яъне интихоб аз ҳамон китобҳое бошанд, ки ба забонҳои зиёди олам тарҷумаю нашр гардида, ҳамчунин дар шўъбаҳои марбут ба эҷоду эҷодгарии шонздаҳ донишгоҳи кишварҳои дунё ҳамчу китоби дарсӣ, ё дастури таълимӣ истифода мешаванд”.
Муаллифи онҳо Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) дорандаи ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ буда, навиштаҳояш ба 43 забони олам тарҷумаю чоп гардидаанд.
Китоби мазкурро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутоллиа намоед.
Фарҳоди САЛИМ, мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд.