Рӯнамоии китобномаи “Муҳаммад Ғоиб: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ”
Имрӯз , 12 июли соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи библиографияи миллӣ рӯнамоии китобномаи Шоири халқии Тоҷикистон “Муҳаммад Ғоиб: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Шоирони халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Аскар Ҳаким, Нависандаи халқии Тоҷикистон Каром атуллоҳи Мирзо, ҳамчунин олимону адибони маъруф, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони Китобхонаи миллӣ ширкат намуданд.
Чорабиниро директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҷумахон Файзализода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки таҳқиқу баррасӣ ва таҳияи дастурҳои библиографӣ, шарҳиҳолӣ ва дигар нашрияҳои маълумотдиҳанда вобаста ба шахсиятҳои маъруф ва машҳури ҷомеаи кишвар аз зумраи вазифаҳои Китобхонаи миллӣ дониста мешавад, ки дар меҳвари маърифатафзои роҳбарияти Муассиса ва кормандони он қарор дошту дорад. Махсусан, дар бобати фаъолияти шоирон ва нависандагони сермаҳсул ва чирадасти адабиёти муосир ҷамъоварӣ ва таҳияву чопи дастурҳои библиографӣ аз маромҳои созандаи Китобхонаи миллӣ буда, рӯнамоӣ намудани ин дастурҳо аз ҳадафҳои дигари мо ба ҳисоб меравад.
Директори Китобхонаи миллӣ дар бахши дигар аз суханронии худ иброз дошт, ки адибон дар пайдоиш, шаклгирӣ ва рушду инкишофи тамаддуни ҳар як миллат бо эъҷози қаламу коғаз ва бузургии сухану каломи мавзун ҷойгоҳ ва нақши созгор доранд. Ҳар байту шеър бахше аз таърих ва фарҳангу тамаддуни халқ буда, меҳвари асосии тасвири афкори умум мебошад. Маҳз хотири ин адибон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ ва дар мақоми эҳтирому икроми зимомдорони вақту замонҳо буданду ҳастанд ва ҷойгоҳ ва мақоми онҳо имрўзҳо низ даҳчанду садчанд боло рафта, мавриди эътимоду эҳтиром ва таваҷҷуҳи махсуси ҳукумати мамлакат, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Пешвои миллат ҳамеша ва дар ҳама мулоқоту суҳбатҳояшон эътимоду боварии худ ва ҳукумати кишварро нисбат ба аҳли адаб ва илму фарҳанг иброз намуда, таъсир ва нуфузи онҳоро дар ҷомеа муҳим мешуморад. Ин аст, ки ҳамасола дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли зиёи кишвар баргузор мегардад, ки нишони ҷойгоҳи баланди аҳли илму ҳунар ва фарҳангу адаб дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Профессор Ҷумахон Файзализода Муҳаммад Ғоибро аз зумраи шоирони номвар ва баркамоли шеъру адабиёти имрӯзи тоҷик донист, ки бо ашъори мондагор ва баландмазмуни худ дар замони муосир мавқеи намоёнро соҳиб аст. “Бешак Муҳаммад Ғоиб,-гуфт ӯ,- аз саромадони шоирони ватанпарвар ва ватанситои тоҷик аст. Муҳтавои меҳварии ашъори ӯро Ватан, Тоҷикистон, ҳар зарраи хоки ин кишвари биҳиштосо ва муқаддасоти миллӣ ташкил медиҳанд”.
Дар нишаст Муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, адабиётшинос, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аламхон Кӯчарзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, профессор Аслиддин Низомӣ, муҳаққиқи шинохта ва адабиётшиноси маъруф Ҳафиз Раҳмон, шоир, сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо, шоир Толиби Луқмон ва дигарон суханронӣ намуданд ва дар бораи паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти Муҳаммад Ғоиб ибрози назар карданд.
Ато Мирхоҷа аз ҷумла гуфт, ки Муҳаммад Ғоиб шеърро на танҳо ба хотири шеър гуфтан, балки барои оромишу таъсиргузории он менависанд, ки инро метавон хеле осон аз навиштаҳояш пайхас кард. Ӯ натанҳо шоир, балки насрнависи хуб ва публистисти варзида низ ҳаст. Шеърҳои суннатиро дар ин шакл мисли худи ӯ каси дигаре гуфта наметавонад.
Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким гуфт: Барои шоир шудан бояд шоир зода шуд. Муҳаммад Ғоиб дилбохтаи фанни риёзӣ буд, вале то ин андоза дар шеър муваффақ гардид. То имрӯз китобҳои зиёдро ба чоп расонида ва умед дорем, ки минбаъд низ майдони адабиётро ороста мегардонанд.
Абдуллоҳи Раҳнамо иброз дошт, ки дар замоне, ки арзишҳои миллии мо ба буҳрон гирифтор шуданд ва адабиёти мо аз ҷумла ба ҳифзу нигаҳдорӣ эҳтиёҷ дошт, ҳамон давра шоироне мисли Муҳаммад Ғоиб барои ҳифзи он ба майдон омаданд. Бояд ин гуна шахсиятҳо зери таваҷҷуҳи хоса қарор бигиранд ва шеъри мо ба ҷаҳониён муаррифӣ гардад.
Донишманди маъруф Ҳафиз Раҳмон бо ситиш аз иқдоми Китобхонаи миллӣ дар мавриди таҳияи китобе, ки рӯнамоӣ мешавад, иброз дошт: “Ин дастури бибилиографие, ки имрӯз рӯнамоӣ шуда истодааст, воқеан хеле боарзиш аст. Барои мо муҳақиқон беҳтарин маъхаз маҳсуб меёбад”. Ва боз гуфт: “Шеъри Муҳаммад Ғоиб ба гурӯҳи шеърҳое дохил аст, ки иҷтимоӣ шудааст. Хеле аз шеърҳо ҳастанд, ки солҳо дар китобҳо маҳфузанд ва ба ҷуз аз муҳақиқони соҳа касе ҳам онҳоро намехонад. Вале шеъри Муҳаммад Ғоиб миёни омма хеле маҳбубият дорад ва ин бешубҳа аз дарки баланд ва истеъдоди ӯ дарак медиҳад”.
Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб дар охир суханронӣ намуд ва барои чопи чунин китобнома ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард.
Бояд гуфт, ки Муҳаммад Ғоиб яке аз қаламкашони тоҷик мебошад, ки бо шеъраш миёни мардум маъруфият пайдо кардааст. Вай муаллифи зиёда аз 40 асар, аз ҷумла «Турнаҳо», «Роҳи деҳа», «Фарёди ёдҳо», «Меҳри гиёҳ», «Хоки ватан», «Гавҳари меҳр», «Нури дида», «Боми сипеҳр», «Гумгаштапайдо», «Роҳи каҳкашон», «Сад ғазал», «Поси ошноӣ», «Парчами нанг», «Девон» «Каъбаи дил», «Подарок», «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» ва ғайра мебошад.
Устод Муҳаммад Ғоиб дар навиштани намоишномаҳо дасти расо дорад ва драмаҳои машҳури “Шоҳи Ҳамадон”, “Мири Кабир”, “Имоми Аъзам”, “Арвоҳзада”, “Зиндамаргон”, “Волидони беворис”, филмномаҳои “Гумгаштапайдо”, “Пуштаи хандақпеч”, “Ҳасрати дидор”, “Вафодор“ ва ғайра маҳсули қалами ӯянд.
Хидматҳояш дар адабиёт ва тарғиби фарҳангу адаби тоҷик бо ордени «Шараф», унвони Шоири халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, медали ҷашнии «100-солагии матбуоти тоҷик», Ҷоизаи ба номи Шамсиддин Шоҳин ва Ҷоизаи адабии ба номи Чингиз Айтматов қадр шудааст.
Гуфтанист, ки китоби “Муҳаммад Ғоиб: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” аз ду қисм иборат мебошад. Қисми аввал “Муҳаммад Ғоиб дар эҷодиёти адибону адабиётшиносон” унвон дошта, андешаҳои удабо роҷеъ ба рӯзгор ва осори ӯ гирдоварӣ шудааст.
Қисми дувум “Китобномаи шарҳиҳолӣ” номида шуда, аз бахшҳои “Асарҳои Муҳаммад Ғоиб”, “Адабиёт доир ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Муҳаммад Ғоиб” ва “Кумакфеҳрист” иборат мебошад.
Дастури библиографии мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи библиографияи миллӣ мураттибон Наргис Валиева, Ҳусния Назарова; муҳаррир Шариф Комилзода ва пажӯҳишгари библиографӣ ва ҷамъоварандаи мавод Шаҳнозаи Шерафган, Зафар Ғолибов ва Рамзи Ҷумъақулов таҳия шудааст.
Китоб дар нашриёти «Меҳроҷ Граф» бо теъдоди 250 нусха дар ҳаҷми 264 саҳифа аз чоп баромад.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши робитаҳо бо ҷомеа