Китобномаи шарҳиҳолии Нависандаи халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муаммадиев

Фазлиддин Муҳаммадиев [Матн]: Маҷмӯаи мақолаҳо ва китобномаи  шарҳиҳоли / Мураттибон Н. Валиева, Б. Қурбонова; муҳаррир Г. Маҳмудов; зери назари профессор Ҷ. Файзализода. – Душанбе: ЭР-граф, 2020. – 80 с.

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Коркуни хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиев, кайҳост дар байни аҳли адаб ва хонандагон ҳамчун адиби навовару тозагӯ машҳур аст. Эҷодиёти устод Фазлиддин Муҳаммадиев ба туфайли арзишҳои пурқимати ғоявию ҳунари аз саҳфаҳои дурахшони адабиёти навин, насри воқеъгарои садаи ХХ тоҷик ба шумор рафта, барои имрӯзиёну ояндагон низ замонавӣ садо хоҳад дод. Фазлиддин Муҳаммадиев фаъолияти эҷодии хешро аз солҳои панҷоҳуми асри ХХ оғоз намуда, аввалин осори ӯ дар солҳои донишҷӯиаш чоп шудаанд. Вай дар жанрҳои мухталифи наср – роману очерк, ҳикоя, қиссаҳои ҳаҷман хурду бузург-асарҳои ҷолиби хондани ва марҳилавии адабиётро офарида, дар инкишофи насри муосири тоҷик, алалхусус жанрҳои ҳикояву қисса саҳми босазое гузоштааст.

 Дастури библиографии мазкур бо мақсади танзиму феҳристбанди, омӯзишу тарғиби осори адаби ва адабиёт оид ба Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯадулло Рӯдакӣ ва Корманди хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиев таҳия шудааст.

 Дастур аз пешгуфтор, ду қисми асоси ва кумакфеҳристҳо иборат мебошад.

 Дар қисми аввали дастур номгӯйи осори дар шакли алоҳида чопшуда ва намунаи осори дар нашрияҳои даврии чопи ва электрони, тарҷумаҳо ва мусоҳибаҳои Фазлиддин Муҳаммадиев иникос ёфтааст.

 Қисми дуюми дастур адабиёти марбут ба ҳаёту фаъолияти эҷодии Фазлиддин Муҳаммадиев ва маводи оид ба ӯро дар бар мегирад.

 Номгӯйи ҳамаи асарҳо ба забони асл ва тибқи меъёрҳои стандарти пазируфта тасвир шудаанд. Мундариҷаи асарҳои калонҳаҷм ба таври мухтасар шарҳ дода шуда ва асарҳое, ки тавассути сарлавҳаҳо дарки мазмуни нашрашон душвор аст, бо тавсифҳои маълумоти комил гардида шудаанд. Тақризҳо оид ба мавод зери ҳамон мавод ҷой дода шудаанд. Мавод дар қисмҳо ва дар зерқисмҳои дастур тибқи замони чопи асарҳо ва дар дохили онҳо бо тартиби алифбои ҷо ба ҷо гузошта шудааст.

Дастури шарҳиҳолию библиографии мазкур маводи чопию электронии солҳои 1951-2018 нашршударо дар бар мегирад. Он дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва веб-сайтҳои Интернет таҳия шудааст.

Барои осон дарёфт намудани мавод дар дастур нишондиҳандаҳои ёрирасони алифбоии асарҳо ва номи оварда шудааст.

 Ба хотири ошноии комил пайдо кардан ба эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиев Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастури шарҳиҳолию библиографии ӯро дар шакли нисбатан комил карда, онро ба аҳли илму адаби кишвар ва доираи васеи хонандагон пешниҳод менамояд.

 Фазлиддин Мухаммадиев [Текст]: Биобиблиография / Составители Н. Валиева, Б. Курбонова; редактор Г. Махмудов; под общей редакции профессор Дж. Файзализода. – Душанбе: ЭР-граф, 2020. – 80 с. (На таджикском языке)