Коллеҷ: дирӯз ва имрӯзи он. Дар олам ва дар мо
Коллеҷ истилоҳи нав барои Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Дар замони Шуравӣ мо техникуму омӯзишгоҳҳои мухталиф доштем, вале баъди соҳибистиқлолӣ, аниқтараш аз соли 1998 ҳамаи онҳо ба коллеҷ табдил дода шудааснд.
Чист коллеҷ ва дар асоси кадом барнома амал мекунад? Чӣ таърих дорад? Мақолаи зер посух ба ин суолҳост.
Коллеҷ муассисаи махсуси таълимии мустақил ё ҷузъи таркибии доишгоҳ, академия ё донишкада, ки барномаҳои умумии таҳсилоти олии пурра нопурраи касбиро амалӣ мекунад. Коллеҷ асосан барои тайёр кардани мутахассисон мувофиқи зинаи аввали таҳсилот (олии нопурра) ва мутахассисони хурд фаъолият мекунад.
Вобаста ба савияи таҳсилот Коллеҷ 3 намуд мешавад: 1) мувофиқ ба дараҷаи мактаби олӣ; 2) дорои мақоми таҳсилоти миёна байни мактаби олӣ ва миёна; 3) баробар ба мақоми мактабҳои миёна (аз 16-сола боло).
Аввалин коллеҷҳо дар ибтидои асри 13 дар Британияи Кабир ба вуҷуд омадаанд. Навъи анъанвии коллеҷ дар Донишгоҳи Оксфорд ва Донишгоҳи Кембриҷ боқӣ мондааст. Дар ИМА нахустин коллеҷҳо ҳамчун муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар асри 17 пайдо шудаанд, ки дар онҳо рӯҳониён ва хидматчиёни давлатӣ таълим мегирифтанд ва то ҳол аз маъмултарин навъи муассисаи таҳсилоти олӣ ба шумор мераванд.
Бисёр коллеҷҳо чорсола буда, унвони бакалавр медиҳанд. Дар Федератсияи Руссия аз ибтидои солҳои 90 асри 20 чандин муссисаи таълимӣ (техникум ва омӯзишгоҳҳо) ба коллеҷ табдил ёфтанд.
Дар Тоҷикистон низ дар баробари дигар ҷумҳуриҳо техникум ва омӯзишгоҳҳо аз солҳои 1935 фаъолият доштанд, ки баъдан (аз 1998) ба коллеҷ табдил дода шуданд. Ҳоло дар кишвар 75 колеҷ (13-то дар шаҳри Душанбе, 24-то вилояти Хатлон, 21-то вилояти Суғд, 16-то ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 1-то ВМКБ) фаъолият доранд, ки 5-тои онҳо мақоми ҷумҳуриявӣ, 54 давлатӣ, 16 мақоми ғайридавлатӣ (хусусӣ) доранд.
Фаъолияти коллеҷҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба роҳ монда шудааст. Барои беҳтар кардани сатҳи таълиму тарбия дар коллеҷҳо шӯрои махсуси директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
Энсиклопедиямиллиитоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С.316.
Муаллиф: Ш. Ашӯриён.
Таҳияи Замира Давлатова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ