Лидия Бат. Адибе, ки дар бораи Алишери Навоӣ китоб навишт, кӣ буд?
Китоби “Боғи ҳаёт”, аввал бо номи “Хуршеди Ҳирот” чоп шудааст, ҳосили чанд соли умри адиб аст, ки дар Тошканд гузашт. Як бахши хеле муҳими китоб дар бораи Алишери Навоӣ қиссаи дӯстии ӯ бо Абдурраҳмони Ҷомӣ мебошад. Лидия Бат дар бораи Алишери Навоӣ навишта, наметавонист ин дӯстии абадиро ба риштаи тасвир накашад. Порчаҳо аз ин китоб (танҳо бахше, ки ба дӯстии ду абармард дахл дорад) бо қалами Раҳим Ҳошим тарҷума ва соли 1964 дар шумораи 12-уми маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шудааст. Аммо тарҷумон ва ҳам маҷалла дар бораи муаллиф ҳеч маълумоте надодаанд.
Кӣ буд Лидия Бат? Қабл аз он ки тарҷумаи Раҳим Ҳошимро манзур кунем, лозим донистем аввал ба хонанда муаллифи “Боғи ҳаёт”-ро мухтасар муаррифӣ кунем.
Лидия Бат-нависанда ва рӯзноманигори яҳудитабори Иттиҳоди Шӯравӣ. 11 (23) майи соли 1897 дар шаҳри Одесса ба дунё омада, 10-уми январи соли 1980 дар синни 82-солагӣ дар Москав дида аз олам бастааст. Падараш Григорий Гедеонович (Герш-Йона Гдалевич) Бат (1862—1918) нозири мактаби тиҷорати ҷамъияти яҳудиён будааст. Модараш бо ихтисоси таъриху филология ва тиббӣ дандонпизишк буд. Бародарбузургаш Александр Бат ҳуқуқшинос ва узви каллегияи адвокатҳо буд ва чун душмани халқ соли 1937 парронда шуд.
Шиносоӣ ва дӯсти бо Вера Инбер дари илму ҳикматро ба рӯяш боз кард. “Аз Вера Инбер дар ҳалқаи хонадони мо зиёд ном бурда мешуд. Волидони мо бо ҳам дӯстӣ ва рафтуомад доштанд. Маро бештар ин андеша такон медод, ки миёни ошноҳои падару модари ман як нафаре чун шоири ҳақиқӣ ҳузур дорад”,-навишта буд ӯ.
Исми шавҳари аввали ӯ маълум нест, аммо мегӯянд чун фаҳмид, ки Лидия Бат ҳамроҳ бо самуил Мотолянский романи муштарак навиштааст, худро парронд. Худи ҳамон сол Бат ва Мотолянский ба ҳам омаданд ва дар як оила зиндагӣ карданд. С.Мотолянский ҳуқуқшинос, иқтисоддон буд ва лоиҳаҳои шаҳрсозиро зери назар дошт.
Бат солҳои 1915—1920 дар шуъбаи таъриху филологияи курсҳои олии занонаи Одесса таҳсил кард.
Аз соли 1928 сарагарми кори рӯзноманигорӣ дар матбуоти Одесса шуд. Соли 1929 аввалин ҳикояи ӯ бо номи “Шӯхӣ” бо тахаллуси “Л.Мортс” дар маҷаллаи “Огонёк” чоп шуд. Аз 29-уми июни соли 1929 чун хабарнигори ин маҷалла ба кор сар кард.
Аз сентябри соли 1929 мудири китобхонаи клуби марказии кормандони матбуоти Одесса буд ва аз соли 1930 студияи адабиро сарварӣ кард.
Соли 1932 Л. Бат ба Москав кӯчид, дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун кор кард, ду мақола барои Энсиклепедияи адабӣ низ навишт.
Чун дониши хуби таъриху филология дошт ва забони фаронсавиро нағз медонист, 16-уми декабри соли 1934 котиби масъули рӯзномаи “Маҷаллаи де Моску” таъин шуд.
Аз моҳи декабри соли 1937 Л.Бат дар маҷаллаи “Ревю де Моску”, ки ба забони фаронсави мунташир мешуд, ба кор пардохт. Дар ин муддат вай бо духтари Мариана Светаева Ариадна Эфрон шинос шуд. Чун Светаева ба Иттиҳоди Шӯравӣ баргашт, Л.Бат меҳмони хонаи Эфронов шуд ва бо ташаббуси ӯ Марина Светаева ба тарҷумаи лирикаи Юрий Лермонтов ба забони фаронсавӣ оғоз намуд.
Соли 1939 дар ҳаммуаллифӣ бо А.Дейч китоби “Тарас Шевченко” –ро нашр кард.
Соли 1941, ки Ҳитлер ба Иттиҳоди Шуравӣ ҳамла кард, қаторо даҳҳо ҳазори дигар Л.Бат низ ба ақибгоҳ, ба шаҳри Тошканд равона шуд. Худи ҳамон сол ба ҳайате ҳамроҳ шуд, ки бахшида ба 500-солагии Алишери Навоӣ омодагӣ медид. Ба ин муносибат ба навиштани повести “Хуршери Ҳирот” оғоз кард.
Баъди бозгашт ба Москав дар соли 1943 Л.Бат дар нашрияҳои зиёде кор кард. соли 1948, замоне, ки муҳаррири калони маҷаллаи “Советская литература” буд, китобаш дар бораи Алишери Навоӣ бо номи “Боғи ҳаёт” мунташир шуд, ки аз ҷониби мунаққидон ва доираҳои адабӣ баҳои баланд гирифт.
Лидия Бат на танҳо дар бораи Алишери Навоӣ, балки дар бораи Ойбек низ китоб навиштааст. Ҳамчунин тӯли умраш аз ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои зиёди фарҳангӣ очеркҳои иншо кардааст, ки дар миёни онҳо намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳастанд.
Солҳои охири умр бо вуҷуди он ки гирифтори бемории Паркинсон буд, ба фаъолияҳои адабии худ идома дод. Соли 1970 китобаш бо номи “Дидорҳои фаромӯшношуданӣ” чоп шуд, ки асосан очекрҳои адабии ӯро дар бар мегирифт. Дар китоб бобест бо номи “Дӯстони осиёимиёнагии ман”, ки муаллиф очекрҳои худро дар бораи адибони маъруфи Осиёи Миёна, аз ҷумла Ҷалол Икромӣ, Зулфия, Ойбек, Ғафур Ғулом ва дигаронро ҷо додааст.
Дар нашри дуюми китоб муаллиф очеркҳо дар бораи Василий Гроссман ва ҳунармандони дигрро бурун карда, навиштаҳои нав дар бораи М.Рилский, Абдулло Қаҳҳор ва Қуддус Муҳаммадиро шомил ккардааст.
Лидия Бат 10-уми январи соли 1980, замоне, ки синнааш аз 80 гузашта буд, дар шаҳри Москав аз олам гузашт.
Бахши тарҷумакардаи Раҳим Ҳошим аз китоби Л.Бат “Боғи ҳаёт”-ро фардо дар сомонаи Китобхонаи миллӣ интизор бошед.
Б.Шафеъ