Маъно ва мафҳуми арӯз
Шинохтану донистани истилоҳи “арӯз” дар назмшиносӣ аз масоили калидӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, бо такя ба афкори донишмандон тавзеҳ намудани масъалаи мазкур афзалият дорад. Арӯз дар сарчашмаҳои илмию адабӣ чун вожаи арабӣ ба маъниҳои зиёд шарҳу тавзеҳ ёфтааст. Аз ҷумла: арз намудани фикр, баён кардани андеша ва бахшидан; роҳи кушода дар кӯҳ; абри боранда ва нофеъ; яке аз номҳои шаҳри муқаддаси Макка; рукни охири мисраи аввал; модашутури саркаш; кашфу зуҳури чизе ва ғайра мебошад.
Дар истилоҳ илмест, ки тавассути он шеърро арз кунанд ва мавзунию номавзунии он маълум гардад. Ба қавли Шамси Қайси Розӣ: “Арӯз мизони каломи манзум аст” (77,31), ки шеър тавассути он дар авзони муайян суруда шуда, анвои он таъйин ва сиҳҳату нуқси он маърифат мегардад.
Кашшофу поягузори илми мазкур забоншиноси маъруфи араб Халил ибни Аҳмади Басрӣ мебошад. Аҷобати дастоварди мазкур дар ин аст, ки он ба табиати забони мо мувофиқ омада, тамоми шеъри тоҷикиро сар карда, аз устод Рӯдакӣ то шоирони муосир дар авзони худ фаро гирифтааст. Бо дар назардошти ин, муҳаққиқони муосир аксар онро арӯзи тоҷикӣ номидаанд, ки дуруст мебошад.
Ин ҷумлаҳо аз китоби тозанашри Абдуҳамид Шоев “Муқаддимаи назмшиносӣ” иқтибос шуданд, ки чанд рӯз пештар ба Китобхонаи миллӣ ворид шуд. Рисола ба маъалаҳои асосии назмшиносӣ, аз он ҷумла вазн, қофия ва радиф бахшида шудааст. Он хусусияти таҳқиқӣ ва таълимӣ дошта, барои омӯхтани унсурҳои зотии шеър ёрӣ мерасонад.
Хонандагон метавонанд китоби “Муқаддимаи назмшиносӣ”-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Таҳияи Барно САМИЕВА, мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.