Марди 72-сола, ки 54 сол хонандаи Китобхона аст

Кенҷабой БобомуродовКенҷабой Бобомуродов хонандаи шуъбаи абонементи байникитобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронии Китобхонаи миллӣ аз соли 1968 аъзои Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ аст.

Кенҷабой Бобомуродов соли 1954 дар шаҳри Ҳисор зода шуд ва  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси устоди забони забони англисӣ хатм намуд.

Пас аз он ба деҳа рафт ва ба кори тадрис оғоз кард. Бо гузашти чанд соле дар деҳаашон мушкили нарасидани омӯзгори забони русӣ ба миён омад. Мудири маорифи маҳалашон, ки падари ҳамсинфаш буд, тавсия дод, ки фарқиятро супор, дипломи забони русӣ ҳам бигир ва дар деҳа муаллими русӣ низ кор кун. Пас аз таҳсили забони русӣ дар се деҳаи шаҳри Ҳисор кор кард.

Соли 1999 аввалин компютерҳоро ба шаҳри Ҳисор оварданд ва чун  забони компютерҳо англисӣ буд, ӯро ба шуъбаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор барои кӯмак даъват намуданд. Аз ӯ хостанд ба онҳо забонро омӯзад. Ҳамин тавр забондониву маҳорати ӯро дида, ба кор қабул карданд ва 25 сол дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор фаъолият намуд.

Пас аз бознишаста шудан ҳам ӯро ба ҳоли худ нагузоштанд, чун мутахассиси пуртаҷрибаву кордон ва дар кори худ моҳир аст, барои ба насли наврас таълим додан ба деҳаи Арчазор даъват намуданд. Собиқаи омӯзгории ӯ 52 сол аст.

Ӯ мегӯяд:

Ба синни 72 расидам. Кормандони пешини Китобхонаи миллӣ бештарашон ба нафақа баромаданд. Аз хидматарсонии кормандони Китобхонаи миллӣ шод ҳастам, дархостамро саривақт иҷро мекунанд, ман ҳам дар замони муқарраршуда китобҳоро бармегардонам. Ҳар моҳ як бор барои гирифтани китоб ба китобхона мешитобам, бе китоб тоқат карда наметавонам. Ба фарзандону шогирдон маслиҳат медиҳам, ки ҳатман аъзои Китобхонаи миллӣ шаванд. Китобҳоеро, ки аз дигар китобхонаҳо пайдо намекунанд, аз ин ҷо меёбанд. Агар онҳо ба шаҳри Душанбе биёянд, ҳатман ба Китобхонаи миллӣ барои китобхонӣ меоянд. Фарзандон ва шогирдонам дар ҷои кор ва ҳангоми ба сафар баромадан як китоб бояд ҳамроҳ дошта бошанд.

Ин пирмарди 72 сола, ки давлати пирӣ меронад, аз китобҳои ахиран хондааш гуфт. Китоби “Тоҷикон”-и Александр Шишов, ки соли 1910 нашр шуда буд, хондам.

– Ҳоло асари “Кишвари беҳуқуқӣ”-ро, ки аз Китобхонаи миллӣ гирифтам, мутолиа дорам. Ин китоб аз таърихи Бухоро мегӯяд ва бо расмҳояш нишон дода шудааст. Халқи одӣ ва заҳматкашро мехостанд бо фармони 2-3 ҷоҳил ба зиндон партоянд ва онҳо дар зиндон пӯсида раванд. Чунон ки Абдуллоҳ ибни Муқафаъро (номи аслиаш Рӯзбеҳ) барои осори паҳлавиро ба забони арабӣ тарҷума карданаш бадбинӣ, намуда куштанд.

Бобои 72-сола, ки нисбат ба солаш чандон пир ҳам ҳам ба назар намерасад, китобҳоро ба забони англисӣ русӣ ва форсӣ мехонад. Бештар  таърихи гузаштагонро мехонад.

Намунаи адабиёти тоҷик”- ро ҳам хондаву дар мавридаш ҳарф зад.  Аз гузаштагонамон устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, академик Бобоҷон Ғафуров ва дигарон сипосгузорӣ намуд, ки барои барпо шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз нобудӣ эмин мондани тоҷик чунин хидматҳои таърихӣ намуданд. Ин хидмати бузургонмамонро аз хотир набарорем, мутолиа ва фарзандонамонро ба китобхонӣ ва омӯзиши таъриху гузаштаи пурифтихору пурғановатамон ташвиқ бинамоем. Ҳарчанд имрӯз китоб дар интернет пур аст, аммо китоби электронӣ ҳаргиз ҷои китоби чопиро намегирад.

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа, Нигина Қурбонова шуъбаи абонементи байникитобхонавӣ ва таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ.