Маърифат. Истилоҳотнигорӣ чист?
Истилоҳнигорӣ, фаъолияти огоҳонаи сохтан, пазируфтан ва мавриди истифода қарор додани истилоҳот. Дар забони тоҷикӣ асосан чор равиши истилоҳнигорӣ мавҷуд аст.
- 1. Муодилҷўӣ – истифода аз захираи луғавии забони тоҷикӣ, ки дар тўли бештар аз ҳазор сол гирд омада, дар осори илмию адабии ниёгон ва бархе дар забони зиндаи мардум маҳфуз мондааст. Бо истифода аз ин равиш ба дўши калимаҳои маъруф ё номаъруфи забон бори ифодаи маънии истилоҳи мушаххас гузошта мешавад. Масалан, бозор, иқтисоди бозорӣ, девон, бозаргон ва ғайра.
- Истилоҳсозӣ, яъне, сохтани истилоҳи нав бо риояи қатъии қолабҳои таърихии калимасозию истилоҳнигории забони тоҷикӣ. Муҳим он аст, ки мутобиқи қоидаи маъмули истилоҳнигорӣ истилоҳи нав бо унсури зинда ва маънодори забон сохта шавад ва дар заминаи он барои сохтани истилоҳоти дигар имкон мавҷуд бошад. Масалан, паймонкор, соҳибкорӣ, софкории пул ва ғайра.
- Тарҷумаи истилоҳ, яъне, сохтани истилоҳоти нав бо роҳи тарҷумаи истилоҳот аз забонҳои дигар, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ. Масалан, заринбарг (золотолистник), худнавис (самописец), ашёи камбаҳову зудфарсо (малоценные и бистроизнашиваюшие предметы), сабти дугонаи ҳисобдорӣ (двойная бухгалтерская запись) ва ғайра, ки аслан ба тарҷумаи муваффақонаи истилоҳот ноил шудан кори душвор аст. Тарҷумаи дурусту саҳеҳ барои сарфи назар кардан аз тарҷумаҳои дурушту дағал муҳим аст.
- Иқтибос гирифтани истилоҳот вобаста ба табиати забон аз забонҳои дигар. Дар сурати мавҷуд набудани муодили тоҷикии истилоҳ ва имкон надоштани истилоҳсозии нав дар ин замина истилоҳ ба таври мустақим аз забони асл ё ғайримустақим ба воситаи забони сеюм иқтибос гирифта мешавад. Масалан, бонк, мониторинг, холдинг, трансферт, форвард ва ғайра. Ҳангоми иқтибос гирифтани истилоҳот бояд хусусиятҳои дастурӣ ва овоии забон ба назар гирифта шаванд.
Меъёри муҳми дигари истилоҳнигории тоҷикӣ, ки ба чор равиши дар боло номбурда вобастагии зич дорад, риояи шевоӣ, назокат ва фасоҳати забони тоҷикист, яъне, дар забони тоҷикӣ истилоҳнигор илова бар дониши олии забонӣ бояд дорои табъи салим ва завқи баланди сухансанҷию суханшиносӣ бошад, зеро ба истиснои баъзе истилоҳоти дурушт, дар даврони шўравӣ ва солҳои охир сохта шуданд, дар забону адабиёти илмию адабии бештар аз ҳазорсолаи мо истилоҳоти дурушту дағал ва душворнавису душворбаён ба мушоҳида намерасанд.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2019. – Ҷ.8. – С. 642.
Муаллиф: М.Ҳ. Султон.
Таҳияи Дилафрўз Назарова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.