Мизи гирди таснифоти китобҳо мутобиқи талаботи ҷадвали “Таснифоти даҳгонаи универсалӣ”

Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи коркарди адабиёт ҳамоиш дар мавзуи Таснифоти китобҳо мутобиқи талаботи ҷадвали “Таснифоти даҳгонаи универсалӣ” ва “Таснифоти китобдорӣ-библиографӣ” баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш намояндагон аз Хонаи китоби Тоҷикистон,  Китобхонаи марказии илмии АМИТ, роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ифтитоҳи мизи гирд муовини директори Китобхона Сайфиддин Камолзода доир ба вазъ, дурнамо ва рушду такомули ҷадвали “Таснифоти даҳгонаи универсалӣ” ва “Таснифоти китобдорӣ-библиографӣ” ҳарф зад. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки ҳоло Таснифоти даҳгонаи универсалӣ дар тамоми кишварҳои олам мавриди истифода қарор дорад.

Таснифоти китобҳоУнвони Таснифоти даҳгонаи универсалӣ, яъне универсалӣ ва даҳгонагии он бозгўйи моҳияту хусусият ва имкониятҳои ин таснифоти беназир мебошанд. Он дорои шуъбаҳои асосӣ, зершуъба ва ҳар як зершуъба боз дорои фасл ва ҳамин тавр бо мурури пешрафти илму техника бо рақамҳо барои ҳар як қисм беохир идома меёбанд. Таснифоти даҳгонаи универсалӣ барои мураттабсозии нашрияҳо, ҳуҷҷатҳо, феҳристҳо ва ҷустуҷўй, сарчашмаи бебаҳост. “Мавзуи таснифот барои китобхонаҳо ва китобдорон мавзуи бисёр муҳим буда, дар коркард ва ҷобаҷогузории бойгонии китобхона нақши бориз дорад. Аз ин рӯ, дар ҳамоиши имрӯза мавзуи мазкурро мавриди таҳлилу барраси қарор медиҳем”- илова кард, муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода.

Сипас, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода дар мавзуи “Вижагиҳои истифодаи ҷадвалҳои таснифотӣ дар даврони истиқлол” маъруза карда, таъкид намуд, ки истифодаи ҷадвалҳои таснифотӣ ва рақамгузории китобҳо аз рӯи ин ҷадвалҳо кори саҳлу осон набуда, аз мутахасиссон таҷрибаи зиёд ва дақиқназариро талаб мекунад.

Яке аз масъалаҳои асосие, ки мо дар вақти рақамгузорӣ аз рӯи ҷадвалҳои “Таснифоти даҳгонаи универсалӣ” ва “Таснифоти китобдорӣ-библиографӣ” бояд ба инобат гирем, ин хусусиятҳои  китобчопкунӣ дар Тоҷикистон, яъне вобаста ба анъана, тамаддун ва махсусиятҳои китоб онҳо рақамгузорӣ карда шаванд.

Оксана Титова, мудири шуъбаи библиографияи миллии Хонаи китоби Тоҷикистон дар қисмати дигари ҳамоиш доир ба рақамгузории давлатии китобҳо ва нишондиҳандаи давлатии библиографӣ суханронӣ кард. Ӯ гуфт, ки Хонаи китоби Тоҷикистон дар робита ба мавзуи рақамгузории китобҳо аз рӯи ҷадвали “Таснифоти даҳгонаи универсалӣ” ва “Таснифоти китобдорӣ-библиографӣ” меъёрҳои асосии ин ҷадвалро ба инобат гирифта пайваста, рафти чопи китоб дар Тоҷикистон ва китобҳои нав ба чопрасидаро зери назорат мегирад.

Ёдгор БердизодаВобаста ба таҳаввулот ва масъалаҳои муосири истифодаи ҷадвали “Таснифоти даҳгонаи универсалӣ” дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақамигардонии иттилоот муовини директори Китобхонаи илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ёдгор Бердизода суханронӣ кард.

Таснифоти даҳгонаи универсалӣ, аз тарафи олими машҳури соҳаи китобдорӣ – Мелвил Луис Дюи (олими амрикоӣ) соли 1876 тартиб дода шудааст. Барои он даҳгона номида мешавад, ки бахшҳои таркибии он аз 10 қисм ё 10 шуъба иборат мебошад. Барои муайян намудани шуъбаҳо дар ин ҷадвал аз ҳуруфи арабӣ истифода бурда мешавад. Зеро ин ҳуруф байналмилалӣ буда, новобаста аз он ки он ҳуруфи забони кадом халқу миллат аст ва бо кадом забон гуфтугў мекунад ва ё аз кадом алифбо истифода мебаранд, ба ҳама фаҳмост ва зуд дар хотир мемонад. Рақамҳои даҳгонаи универсалӣ байни худ робитаи зич доранд ва бо ҳамроҳ намудани рақамҳои нав (бо мурури замон) дақиқтар мегардад”- гуфт дар маърӯзаи худ Ёдгор Бердизода.

Ҳамчунин, дар бахши дигар аз суханронии худ Бердизода вобаста ба мушкили муосири ҷадвали “Таснифоти даҳгонаи универсалӣ” ҳарф зада, таъкид кард, ки мураккабӣ ва нокифоя будани шуъбаҳо барои соҳаҳои нави дониш талаб мекунад, ки ин таснифот коркард ва ба талаботи замон мутобиқ карда шавад.

Шуъбаи коркарди адабиёт, ҳамчун яке аз шуъбаҳои муваззаф ба рақамгузорӣ ва коркарди адабиёт дар Китобхонаи миллӣ буда, ҳамарӯза садҳо китоб тавассути шуъбаи мазкур рақамгузорӣ ва ба махзанҳои асоси ворид карда мешаванд. Аз сабабе ки кори ҷадвали “Таснифоти даҳгонаи универсалӣ” ва “Таснифоти китобдорӣ-библиографӣ” дониши хуб ва таҷрибаро талаб мекунад, махсус мутахассисон омӯзиш дода шуда ба шуъбаи мазкур ба кор ҷалб карда мешаванд.

Маҳбуба Амонова сармутахассиси шуъбаи коркарди адабиёт дар Китобхонаи миллӣ чандин сол аст масъалаи гузоштани рақамҳо аз рӯи ҷадвалҳои болозикр дар китобхона мебошад. Дар ин ҳамоиш Маҳбуба Амонова доир ба  хусусиятҳо ва аломатҳои асосии ёрирасони “Таснифоти даҳгонаи универсалӣ” ба ҳозирин маълумот дода, зикр намуд, ки “Таснифоти даҳгонаи унверсалӣ” дар раванди омӯзиш аз муҳимтарин объекти таълим ба шумор рафта, донишомӯзонро бо нуқтаҳои муҳимми назариявию методологӣ ва истилоҳоти соҳавӣ ошно менамояд. Аз ҳамин лиҳоз бояд дар донишгоҳҳои махсусгардонидашуда китобдорон ба ин соҳаи муҳим диққати ҷиддӣ дода, онро хуб аз худ намоянд. “Аломатҳои асосӣ ва ёрирасон дар вақти рақамгузорӣ ҳамон шуъбаҳое, ки дар ҷадвал оварда шудаанд, буда метавонад ва ҳар як китобдор бо аз худ намудани рақамҳои соҳаҳои муайян метавонад китобҳоро рақамгузорӣ кунад”- таъкид кард, сармутахасиси шуъбаи коркарди адабиёт Маҳбуба Амонова.

Ҳамоиш бо табодули афкор миёни иштирокдорон ва пешниҳоди беҳтарнамоии вазъияти истифодаи дуруст аз ҷадвали “Таснифоти даҳгонаи универсалӣ” ва “Таснифоти китобдорӣ-библиографӣ” ба итмом расид.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа