Мизи мудаввар дар ҳошияи Озмуни Ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Имрӯз бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи Озмуни Ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мизи мудаввар зери унвони «60-рўзи таътил дар Китобхона» баргузор гардид.
Чорабиниро муовини директории Китобхонаи миллӣ Нурзода Ҷалолиддин ифтитоҳ намуда, зикр намуд, ки китоб беҳтарин дўсту ғамхор роҳнамои ҳаёти осоиштаву мададгори инсон мебошад. Маҳз китоб аст, ки манбаи пайдоиши фазлу эҳсони инсони комил, манбаи илму дониш ба шумор меравад. Бо ташабуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли охир дар ватани азизамон ин озмун ба роҳ монда шудааст. Барои дар роҳи ватандўстӣ тарбия намудани насли наврас, бедор намудани ҳувияти миллӣ озмун «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таъсири худро мерасонад.
Баъдан, суханронии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод оид ба муҳтавои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шунида шуд.
Одинаева Сурайё,
Сармутахассиси шуъбаи чорабиниҳои фарҳангӣ.