Search results for ""

Results 1 - 10 of 3059 Page 1 of 306
Sorted by: Relevance | Sort by: Date Results per-page: 10 | 20 | 50 | All

Китобе аз нақши арзишҳои маънавӣ дар фазои дигаргуниҳои фарҳангии ҷомеаи муосири Тоҷикистон

Дар ин монография масоили марбут ба хусусиятҳои бунёдии ташакккули ҳаёти маънавии ҷомаи  Тоҷикистон дар даврони  соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Дар сарсухани китоб муаллифи  он Суҳроб Зокиров навиштааст, ки вазъи иҷтимоӣ-фарҳангии замони муосир дар худ масъала ва равандҳои гуногунро касб намудааст, ки онҳо аз буҳронҳои гуногун, афзоиши падидаҳои номатлуби тундгароиву ифторгароӣ, рақобатҳои фарҳангӣ ва ғайра иборат мебошанд. Дар ин замина ҳаёти ҷамъиятии замони имрӯза хеле пуртазод ва мураккаб буда, аксар маврид ҳодисаҳои дар он баамаломада хусусияти ғариинтизорӣ ва аҳёнан пешгӯинашавандаро доранд. Бинобар ин, шуури ҷамъиятӣ аз ҷумла сатҳи психологияи ҷамъиятии он қобилияти ин дигаргуниҳоро на ҳамеша имконияти саривақт пайгирӣ кардан…
Read more » Китобе аз нақши арзишҳои маънавӣ дар фазои дигаргуниҳои фарҳангии ҷомеаи муосири Тоҷикистон

Раҷабмоҳ САФАРОВА. Рисолати китобдор

Соати 8.00 дақиқаи пагоҳӣ. Кас вориди шуъбаи коркарди адабиёт шуда, чашмаш беихтиёр ба занону духтарони машғули кор меафтад, ки ҳар яке паи иҷрои кори худ ҳастанд. Бале, дар ин ҷо китобдорон иҷрои вазифа мекунанд. Китобдор куҳантарин ва бонуфузтарин касбе ҳаст, ки аз қадимулайём боиззату азизи мардумон аст. Ман шахсан ҳаёти худро бекитоб ва мутолиаи он тассавур карда наметавонам. Аз овони мактабхони бароям мароқангез буд, ки китоб чӣ гуна таҳия ва чоп мешавад? Бисёр вақт орзу мекунам, ки ақалан як китоби пурхонандае нависам. Аз  хурдӣ ба китобхона алоқамандӣ доштам. Баъзан хаёлан худро соҳиби китобхона эҳсос мекардам. Сад шукр, ки ба орзуям …
Read more » Раҷабмоҳ САФАРОВА. Рисолати китобдор

Мирзоди Маонӣ: “Фуруғи Хуршед”. Сарсухани академик Лутфуллоев ба ин китоб

Китоби Мирзода Маонӣ (Тӯйчӣ Миров) “Фурӯғи Хуршед” соли 2010 чоп шудааст ва аз рӯзгори Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳикоят мекунад. Ин дуюмин романи адиби маъруф дар бораи Исмоили Сомонӣ буда, романи аввал бо номи “Тулуи Хуршед” пештар аз он нашр шуда буд. Ба ин китоб Академики Академияи илмҳои педагогии Тоҷикистон М.Лутфуллоев сарсухан навиштааст, ки онро комил меорем: Ёд кардан рўзгори рангин ва амалҳои неку шоистаи бузургони миллат кори хайр ва савоб аст. Дар байни ин абармардон Исмоили Сомонӣ мисли ситораи тобон дурахшон аст. Аз ин ҷост, ки Раиси Ҷумҳур ўро доҳии тоҷикон гуфтааст. Ба ҳамин хотир дар бораи Исмоили Сомонӣ асарҳои…
Read more » Мирзоди Маонӣ: “Фуруғи Хуршед”. Сарсухани академик Лутфуллоев ба ин китоб

Гуфтанду мегӯянд ва боз хоҳанд гуфт…

Беш аз 30  сол аст, ки дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон менависанд. То кунун даҳҳо китоб аз ҷониби шоирону нависандагон, олимону шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ навиштаву чоп шуд. Аммо сифатҳои инсонии ин марди шариф ба мисли кони нокушодаанд, ки ҳар касе меҷӯяд, чизе меёбад. Ҳар қадар гуфтанду навиштанд, вале ҳарфи ногуфтаву нонавишта боз ҳам боқӣ мондааст. Шукурҷон Зуҳуров, ки солҳои сол дар паҳлуи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буду дар вазифаҳои мухталиф ифои масъулият кардааст, дар китоби “Ходими намоёни давлатӣ ва сиёсиву ҷамъиятӣ” нукоти зиёдеро аз ин ҳамнишиниҳову ҳамкориҳо қисса кардааст, ки пораеро, ки хеле аз назарамон ҷоиб аст, меорем. Зимнан ёдовар мешавем,…
Read more » Гуфтанду мегӯянд ва боз хоҳанд гуфт…

Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 17-уми май

Соли 1873 дар Асниер-сюр-Сен нависандаи фаронсавӣ Анри Барбюс чашм ба олами ҳастӣ кушод. Анри Барбюс нависанда ва ходими барҷастаи фаронсавӣ мебошад, ки бо романҳои дурандешонаи зиддиҷангии худ шӯҳрати васеъ пайдо кард. Вай хатмкардаи Донишгоҳи Сорбонна буда, дар он ҷо рисолаи номзадиашро дар риштаи фалсафа дифоъ кардааст.  Иштирокчии Ҷанги якуми ҷаҳон ва барандаи мукофоти Гонкур (1916) мебошад. Анри Барбюс соли 1889 ба эҷодиёт шурӯъ кард ва бо шарофати романи зиддиҷангии «Оташ» (1916)  машҳур гардид. Ба услуби Барбюс натурализм (натурализм – табиатгароӣ, равияест дар санъат ва адабиёти нимаи дуюми асри 19 Аврупо ва Амрико, ки ҷараёни ҳаётро дар заминаи зуҳуроти дақиқи биологию…
Read more » Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 17-уми май

Китоби нав дар бораи асосҳои назариявии демократикунонии низоми идоракунӣ  

Номи пурраи ин китоб «Асосҳои назариявии демократикунонии низоми идоракунӣ дар шароити ислоҳоти фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» буда, муаллифи он Ҷамшед Намоззода мебошад. Ин монграфияи илмӣ ба таҳлилу таҳқиқи асосҳои назариявии демократикунонии низоми идоракунӣ дар шароити ислоҳоти  фаъолияти муассисаҳои  таҳсилоти муёнаи умумӣ бахшида шудааст. Дар муқаддимаи китоб омадааст, ки маориф дар ҷаҳони имрӯза захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон гаштааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва татбиқи барномаҳои ислоҳоти соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, қайд меунанад, ки «… дар ин раванд як ҳақиқатро…
Read more » Китоби нав дар бораи асосҳои назариявии демократикунонии низоми идоракунӣ  

Идомаи боз як Форуми ҷаҳонӣ дар Китобхонаи миллӣ

Рӯзи дуюм аст, ки дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Форуми байналмилалии Рушди сармояи инсонӣ мегузарад. Форум дар фазои кушод ва сатҳи хеле баланд ҷараён дошта, меҳмонони зиёде дар он иштирок доранд. Сатҳу сифати толорҳо ва хидматрасониро шуъбаи менеҷмент ва маркетинги Китобхонаи миллӣ ба уҳда дошта, талош дорад ин хидматрасониҳо дар сатҳи лозим бошанд, то Форум тавонад бе ягон монеъа ба кори худ идома диҳад. Толорҳои ҷаласоти Китобхонаи миллӣ ҳамеша омодаи баргузории чунин форуму маҳфилҳои бошукӯҳи сатҳҳои гуногунанд. Барои баргузории чорабиниҳои худ аз ин толорҳо истифода кунед. Толорҳои муҷаҳҳаз бо техникаи замонавӣ, Интернети босуръат, муҳити мусоиди муколамаву…
Read more » Идомаи боз як Форуми ҷаҳонӣ дар Китобхонаи миллӣ

Гулчеҳра Маҳмадизода меҳмони маҳфили “Дар сӯҳбати адиб”

Шӯъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ моҳе як мартаба ин маҳфилро барпо менамояд ва ба он адибони маъруфи бачаҳо даъват мешаванд. Дирӯз меҳмони навбатии маҳфил нависандаи маҳбуби кӯдакон Гулчеҳра Маҳмадизода бо бачаҳо сӯҳбати гарме дошт. Хонандагони асарҳои Гулчеҳра Маҳмадизода аз нависандаи дӯстдоштаашон дар атрофи ҳикояву қиссаҳо ва афсонаҳои адиб ва рӯзгори ӯ зарф заданд. Аз таърихи ҳикояи "Кабутари сулҳ" ва "Ғалаби Ситора", ки ҳаётӣ ҳастанд ва аз зиндагии  нависанда навишта шудааст, то даврони бачагиву китобҳои дӯстдошта ва нақшаҳои кории ӯ барои оянда дар маҳфил сӯҳбат шуд. Атрофи "Кабутари сулҳ" нависанда ба наврасон чунин ҳикоя кард:  Вақте набераҳои ман ба…
Read more » Гулчеҳра Маҳмадизода меҳмони маҳфили “Дар сӯҳбати адиб”

Ташаккули фарҳанг, маънавиёт, тарбия ва сифатҳои ахлоқии  хонандагон дар Китобхона

Дар марҳилаи муосири инкишофи ҷомеа дарки мафҳуми фарҳанги миллӣ бе омӯзиши амиқи масъалаҳои фарҳанг, маънавиёт, маориф ва ақидаҳои маорифпарварии гузаштагон имконнопазир аст. Арзишҳои фарҳангии халқи куҳанбунёди тоҷик, мероси маънавии ӯ дар давоми ҳазорсолаҳо манбаи пуриқтидори маънавиёти халқҳои Шарқ ба ҳисоб мераванд. Қобили зикр аст, ки мероси бою гаронбаҳои фарҳангии халқи тоҷик собит месозад, ки тарбияи ҷавонон, пеш аз ҳама, аз фикру ақидаҳои инсондӯстӣ, ахлоқи баланди ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва меҳнатдӯстӣ сарчашма мегирад, ки асоси онро хислатҳои олии инсонӣ-олиҳимматӣ, дӯстӣ, росткорӣ, поквиҷдонӣ ва ғайра ташкил медиҳанд. Олимон дуруст қайд кардаанд, ки “Китоб- ихтирои башар, манбаи нуру зиё аст. Он раҳнамои беғаразу хирадгустарест,…
Read more » Ташаккули фарҳанг, маънавиёт, тарбия ва сифатҳои ахлоқии  хонандагон дар Китобхона

Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 16 – уми май

Соли 1703 дар шаҳри Порис дар синни 75-солагӣ афсонагӯи фаронсавӣ, шоир, мунаққид Шарл Перро вафот кард. Ӯро дар ватанаш классики адабиёти кӯдак меномоманд. Шарл Перро 12-январи соли 1628 дар шаҳри Порис ба дунё омад ва шашумин кӯдак дар оила буд. Соли 1717 барои асарҳои ҳаҷвиаш файласуфи маорифпарвар, шоир, ҳаҷвнигор, фоҷеанавис, муаррхих ва публистисти аҳли Фаронса Волтер дар Бастилия зиндонӣ шуд. Номи аслии ӯ Франсуа-Мари Аруэ буд, вале бо исми Волтер машҳур аст. Соли 1836 дар Бостон нависанда, шоир, вироишгар, мунаққиди адабиёти амрикоӣ Эдгар По бо Вирҷония Клемм издивоҷ намуд. Аз Эдгар По ба унвони яке аз поягузорони ҷунбиши романтикӣ дар…
Read more » Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 16 – уми май