Муаррифӣ. “Конструксияҳои оҳанубетонӣ” (қисми 3)

Констурсияҳои оҳанубетонӣКитоби “Конструксияҳои оҳанубетонӣ” (қисми 3) соли 2013  чоп шудааст ва тавре аз номаш ҳам бармеояд, дар атрофи сохтмони биноҳо бо оҳану бетон баҳс мекунад. Дар оғоз омадааст, ки ду китоби дарсӣ бо номи “Конструксияҳои оҳанубетонӣ” соли 2011 чоп шуда буд ва дастури илмиву методӣ барои донишҷӯён, мутахассисони соҳаҳои гуногуни сохтмон ба шумор мерафт. Китоби сеюм низ ҳамин вазифаро адо мекунад.

Муаллиф Лутфулло Шарипов дар сарсухани китоб навиштааст:

Конструксияҳои  оҳанубетонии восили одӣ ва шиддати пешакӣ дошта дар сохтмони  биноҳо ва иншоотҳои гуногун ба тарзи васеъ истифода мешаванд, хусусан дар биноҳои бисёрошёна ва якошёнаи саноатӣ. Лоиҳабандии конструксияҳои восили оҳанубетонӣ бо худ комплекси ҳисобӣ ва корҳои нақшакаширо, ки аз марҳилаҳои дар корхонаҳо истеҳсол намудан, бо воситаи нақлиёт ба майдони сохтмон овардан, васл намудан ва истифодаи онҳоро дар бар мегирад. Сарфакорӣ, эътимоднокии истифодабарӣ, тобоварӣ ба заминларза ва истифодаи дурударози конструксияҳои алоҳидаи биноҳо ва иншоот дар якҷоягӣ аз рўйи ҳалли қабулгардидаи лоиҳабандӣ муайян карда мешавад, зеро дар тайёр намудани муҳандисони сохтмончӣ бояд дар мадди аввал ҳалли ҳаматарафаи лоиҳа бо истифода аз технология ва барномаҳои компютерии муосирро омўзонем. Лоиҳабандии аз ҷиҳати иқтисодӣ сарфаноки конструксияҳои оҳанубетонӣ дар асоси донистани кори конструксияҳои оҳанубетонӣ дар зери борҳои беруна, интихоби дурусти намуди конструктивӣ, бурриш ва бо истифода аз конструксияҳои арматураи шиддати пешакӣ дошта, ки ба сарфаи маводи сохтмонӣ (бетон ва арматура) мусоидат менамояд, кам кардани вазни конструксия, баланд бардоштани мазбутӣ, тарқиштобоварӣ ва эътимоднокӣ, истифодаи бетонҳои сабук бо пуркунандаҳои ковокдор ва намудхои нави сарфаноки арматураҳои фавқулмустаҳкам иҷро карда мешавад.

Муаллиф мегӯяд масъалаҳои лоиҳабандии конструксияҳои оҳанубетонии биноҳо ва иншоотҳо мувофиқи меъёри қоидаҳои сохтмонӣ (СН и П 2. 03. 01 – 84) ва дигар адабиёти маълумоти хонишӣ , манографияҳо ва адабиёти ёридиҳанда асоснок карда мешаванд. Вале дар бисёр мавридҳо дар адабиёти гуногун ҳисоб ва лоиҳабандии конструксияҳои алоҳидаи биноҳо ва иншоот гирд оварда шудаанд, бо нақшаҳои конструктивии биноҳо ё иншоот бевосита вобастагӣ надоранд. Ба ғайр аз ин биноҳо ва иншоотҳо, мувофиқи талаботи МҚС ҶТ 22 -07 – 2007 (13)  “Сохтмони зилзилатобовар” ҳисоб ва лоиҳабандӣ мешаванд. Табиист, ҳамаи ин камбудиҳо барои намоиши пурраи кори конструксияҳои алоҳида бо якдигар, ҳалли бандҳои конструктивии онҳо ва ғайра халалдор месозад, махсусан дар замоне, ки адабиёти техникии муосир намерасанд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки нарасидани адабиёт ва дастурҳои методии лоиҳабандии конструксияҳои оҳанубетонӣ барои ташкили протсесҳои хониш, иҷрои корҳо ва лоиҳаҳои курсию дипломии донишҷўён таъсири манфӣ мерасонад. Мисолу масъалаҳои ҳисоб ва лоиҳабандии конструксияҳои оҳанубетонии бинои якошёнаи синҷӣ, ки бо кранҳои пулии реҷаи кораш миёна ҷиҳозонида шудааст, бо назардошти камбудиҳои дар боло нишон додашуда дар китоби дастурии муаллиф таҳлил гардидааст.

Қисми сеюми китоби дарсии “Конструксияҳои оҳанубетонӣ”-ро шумо метавонед дар толори хониши шуъбаи  адабиёти табиатшиносӣ, техникӣ ва илмҳои дақиқ мутолиа намоед.

Ҳурматпочо ЗИКРАЛИЕВА,
сардори шуъбаи  адабиёти табиатшиносӣ,
техникӣ ва илмҳои дақиқ