Рӯнамоии тарҷумаи арабии китоби “Тоҷикон” дар Китобхонаи миллӣ. Суратгузориш

Ҷумахон ФайзализодаСубҳи имрӯз, 27-уми октябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии тарҷумаи арабии китоби Академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳо, Вазорати маориф ва илм, адибон, донишмандон, омӯзгорон, донишҷуён ва рӯзноманигорон доир гардид.

Директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализода бо суханони муқаддамотӣ чорабиниро ифтитоҳ намуд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, профессор Эмомалӣ Насриддинзода дар бораи ҷойгоҳ ва мақоми китоби “Тоҷикон” дар таърихнигорӣ ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар адабзинда гардондани номи муаллифи ин асари оламшумул Бобоҷон Ғафуров суханронӣ кард.

Дар рӯнамои ҳамчунин Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, муаллифи муқаддимаи тарҷумаи арабии китоби “Тоҷикон”, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Назруллоҳи Назар, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад ва дигарон ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар зер суратгузориши моро аз ин нишаст мебинед.