Мулоқот дар муассисаҳои таълимӣ дар мавриди омодагиҳо ба озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”

Кормандони Медиатекаи Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон бо мақсади корбарӣ бо донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи пойтахт ҷиҳати омодагӣ ба озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо сардори Раёсати илмӣ – методӣ, иноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ муассиса Хуршеда Раҳимова ҳамсуҳбат шуданд.

Хуршеда Раҳимова қайд кард, ки аз баргузории чунин озмунҳо хурсанд мебошанд ва соли дуюм аст, донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар ин Озмун фаъолона иштирок доранд, бо як боварии комил гуфта метавонам, ки донишҷӯёни мо сазоворӣ ҷойҳои намуна мегарданд.

Ёдовар меавем, ки дари аввали озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” дар доираи талаботи Низомнома баргузор гардид, ки ғолибон барои ширкат ба дари ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

Бегова Адиба Ёдгоровна, донишҷӯи бахши сеюми ихтисоси фармасефти МДТК тиббии ҷумҳуриявӣ ва Холисамоҳи Ҷумъахон донишҷӯи бахши чоруми ихтисоси момодоягӣ ба даври ниҳоии озмун роххат гирифтаву ҳоло барои ширкат ва бо нияти ишғоли ҷойҳои намоён омодагӣ мебинанд.

Меҳрангез Муҳаббатова
Мавзуна Салимова
кормандони Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.