Фармоиши Директори Китобхонаи миллӣ дар бораи ташкили Гӯшаи электронии китобҳои гӯё ва имову ишора
Бо фармоиши Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми июли соли 2025 дар Китобхонаи миллӣ Гӯшаи электронии китобҳои гӯё ва имову ишора ташкил карда шуд.
Дар ин фармоиш омадааст:
Мувофиқи банди 24 Оинномаи Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” аз 13-уми сентябри соли 2022, №454 ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
- Бо мақсади таъмини шароити иҷтимоӣ ба маъюбон, ҷалби онҳо бо китобу китобхонӣ, мусоидат дар рушди маънавии шахсони дорои маъюбият ва муосиргардонии хизматрасонӣ дар назди шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд Гӯшаи китобҳои гӯё ва имову ишора бо фарогирии дастгоҳи планшет, гӯшмонакҳо ва мизу курсӣ ташкил ва муҷаҳҳаз карда шавад.
Асос: банди 24 Оиннономаи Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” фармоиши директор ва розигии ман.
- Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини директор оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва интишорот вогузор карда шавад.
Директор Ҷ.Файзализода
Гуфтанист, ки ташаббуси Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода дар доираи ҳамкориҳо бо Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд як теъдод китобҳои гӯё ва имову ишора дар шакли электронӣ ва ҳамчунин китобҳои чопӣ тақдим кард. Ҳадаф аз ин иқдом дастгирии афроди маъюб ва беҳбуди шароиту имконот барои омӯзиш ва нишон додани маҳорати хоси онҳост. Ин аст ки дар шуъбаи мазкури Китобхонаи миллӣ акнун “Гӯшаи китобҳои гӯё” амал мекунад.
Дар доираи ҳамкорӣ бо Китобхона, хосатан, бо шӯъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ин Агентии бонуфуз барои хонандагони шуъбаи мо китобҳои махсус ,чи дар шакли чопӣ ва чи дар шакли электронӣ ҳадя намудааст.
Як қатор китобҳои савтӣ ва имову ишора аз тарафи кормандони шуъба аввал ба компютерҳо ва баъдан ба ноутбукҳои дар хидмати хонандагонбуда боргирӣ шуданд, ки ин барои хонандагони қувваи босираашон суст ва маҳдуд (нобиноён) тӯҳфаи саривақтӣ аст.
Китобҳои Ато Мирхоҷа “Эҳсосамро шиносам”, Муҳриддин Сабурӣ “Мисли худат бош”, Роберт Макклоски “Марминҷон барои Соро”, Муродалӣ Собир “Наҷоти моҳиён” ва монанди инҳо аз зумраи аввалин китобҳои савтии тақдимшудаанд. Ногуфта намонад, ки дар ин қатор гӯшиҳои бесим низ барои истифодаи хонандагони шуъба тӯҳфа гаштанд.
Шуъбаи мазкур аз ҷумлаи шуъбаҳои асосии хидматрасонӣ дар Китобхона маҳсуб ёфта, барои беҳтар намудани дастрасии хонандагонаш ба китоб пайваста талош меварзад.
Бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.