Таҷлили Рӯзи маъюбон дар Китобхонаи миллӣ
Шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар доираи як мизи гирд бо иштироки хонандагони фаъоли шуъба ва намояндагони ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятии маъюбон Рӯзи маъюбонро таҷлил кард.
Дар ифтитоҳи нишаст Муҳаммадиқбол Атозода, муовини директори Китобхонаи миллӣ суханронӣ карда, ҳозиринро ҳамчун қишри ҷудонашавандаи ҷамъият, муаррифӣ намуд. Ӯ таъкид дошт, ки давлату ҳукумати Тоҷикистон махсусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмони доштаро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, онҳоро дастгирӣ ва сарпарастӣ мекунад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гурӯҳи махсуси ҷамъият дорои ҳуқуқҳои хоси худ буда, метавонанд, дар ҳама корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, номбардори ватану миллат гарданд. Бо ҳамин далелу гуфтаҳо Рӯзи махсуси шахсони дорои нуқсонҳои ҷисмонидошта, таҷлил мегардад, чун онҳо бо иродаи қавӣ ва гомҳои устувор пайваста ба пеш ҳаракат намуда, дар ҷамъият мавқеи худро пайдо намудаанд.
Муовини директори Китобхонаи миллӣ дар идомаи суханронии худ аз хонандагони фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ёдовар шуда, аз дастоварду мувафақияти онҳо сухан ронд.
Сипас, Абдулҳақ Асоев, намояндаи ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе “Имконият” дар робита ба барномаи давлатии “Муҳити дастрас” барои солҳои 2021-2025 ва афзалиятҳои ин барномаи барои шахсони дорои имконияти маҳдуд муҳим ва саривақтӣ суханронӣ намуд.
Абдулазиз Ашӯров, директори ташкилоти ҷамъиятии “Хайрияи озод” аз зиндагиву фаъолияти худ ва кумаку хайрияҳо ба шахсони дорои нуқси ҷисмонӣ ба иштирокдорони ҳамоиш сухан гуфт. Ӯ иродаи мустаҳкам ва талоши расидан ба ҳар ҳадафи дар пеш гузоштаро дар ҷои аввал гузошта, таъкид намуд, ки шахсе ки бо амри тақдир нуқсони ҷисмонӣ дорад, набояд худро аз ҷамъият канор гирад, баръакс кӯшиш бояд кард, то афзалияти мо барои ҷомеа эҳсос гардад ва мо канор гузошта нашавем. Ӯ бо эҳсос нақл кард, ки ҳеҷ гоҳ худро маъюб ҳис намекунам ва то метавонам ба онҳое ки ҳамтақдирони мананд ва волидони онҳо кӯмак кунам, то худро созанд ва зиндагиро дӯст доранду зиндагӣ кунанд. Бечоранолӣ моро ба пастии ҳаёт мебарад, бояд талош кард то касе шуд ва касе буд”- гуфт Абдулазиз Ашӯров.
Дар кори ҳамоиш Алӣ Асадуллозода, директори ташкилоти ҷамъиятии рушди иҷтимоии маъюбон “Неъмат” суханронӣ кард. Ӯ зарурат ва аҳамияти батасвибрасонии конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афзалиятҳои онро дар доираи як маърузаи пурмуҳтаво пешкаши иштирокдорон намуд. Шароиту имконот барои ин қишри ҷомеа рӯз ба рӯз беҳтар ва доираи фарогирии самтҳои фаъолияти онҳо низ васеъ мегардад ва ба тасвибрасонии конвенсияи мазкур метавонед заминаҳои ҳуқуқии дигарро низ фароҳам оварад.
Дар қисмати дигари ҳамоиш хонандагони шуъбаи мазкур, ки иштирокчиёни озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ…” “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҳамчунин ғолиби мусобиқоти гуногуни варзишӣ мебошанд, бо хондани суруду иҷрои рақс хотири иштирокдорони маҳфилро шод намуданд.
Абдулазиз Ашӯров директори ташкилоти ҷамъиятии “Хайрияи озод” ба шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд нусхаҳои китобҳои брайлӣ (китобҳо барои нобиноён)-ро тақдим карданд.
Ҳамчунин дар доираи ин ҳамоиш гӯшаи намоиши дастовардҳои хонандагони шуъбаи мазкур ташкил карда шуд, ки иштирокдорон аз онҳо дидан карда, бо мувафақиятҳои илмию варзишии онҳо шинос гардиданд.
Дар фарҷом аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ба хонандагони шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд зиёфат ташкил карда шуд.
Наргис Назарзода