Қурбон Аламшоев: “Фарҳанги шикор дар Помир”. Таърихи шикор дар кишвари мо

Қурбон АламшоевШИКОР ДАР КӮҲИСТОНИ ПОМИР

Ҳижборон сар афканда дар кӯи ӯ,

 Палангафканон сайди оҳуи ӯ.

Хоҷу

Мардумони бумӣ, ё ки асилу маскунии Помир, ки умдатан дар иртифоҳи аз 3000 то 5000 метр аз сатҳи баҳр умр ба сар мебуданд, асрҳои аср дар инзивоъи амиқи ҷуғрофиёӣ қарор дошта, бо марокизи иқтисодии дуру наздик додугирифти мураттабу мунтазами тиҷоративу иқтисодӣ надоштанд ва бинобар ин муҳимтарин омили таъмини онҳо захоири табии маҳалӣ буд. Вале деҳқониву заминкорӣ ва кишоварзӣ ҳам, ки дар заминаи қитъатоти кӯчак-кӯчаки замин бо заҳмати беандозае анҷом мешуд, наметавонист тамоми хоҷоти онҳоро бароварда созад. Заминҳо ҳеҷ вақт қодир набуданд сокини маҳаллиро барои тамоми сол бо маводи ғизоӣ таъмин кунанд. Ҳосили бардоштаи зироатҳои донагиву лӯбиёгӣ умдатан барои ҳафт моҳ ҳам кифоят намекард. Дар мӯҳлати боқимонда манбаъи асосии ғизои кӯҳистониён озуқаҳои гӯштиву ширӣ буданд. Аммо ба далели адами пойгоҳҳои хуби ғизотаъминкунӣ барои ҳайвоноти хонагӣ (камбуди чарогоҳҳои доимӣ, камбуди рустаниҳои муқаввӣ, норасогии заминҳои сеҳосил, инзивои тулонии даврони зимистон) сокинони кӯҳистон аввалан имкон надоштанд шумори ҳайвоноти хонагиро нигаҳбонӣ кунанд, сониян ҳайвоноти хонагӣ ба хотири забҳ ва истифода чун гӯшт танҳо дар тули 6 моҳ – аз июл то декабр мувофиқ буданду бас. Барои ҳамин дар замони боқимонда яке аз манбаъҳои аслии таъмини мардуми бумии Помир бо ғизо дар тули қарнҳо табиати ваҳшиашон буд.

Шикори ҳайвоноти ваҳшӣ дар имтидоди асрҳо яке аз пешаҳои ҳаётан муҳими маҳаллӣ буд. Чунин пайвастагӣ ва қаробат бо шикор дар навбати худ дар мафкураи мардуми Помир дар бораи рафтори ҳайвоноти ваҳшӣ ва дигар равандҳои табиӣ дониши мукаммле ба вуҷуд овард.

Шикоригарӣ дар Помир (шояд чун дар дигар мамолики дунё) пешаи сирф мардона аст ва ба он танҳо ҷинси мардина машғул мешавад. Мардуми кӯҳистон барои истифода дар маишати ҳаррӯзаи худ ҳама ҷизро шикор мекарданд: паранда, даранда ҳайвоноти чарандаи пистондори ҳалол.

Вале беш аз ҳама мавриди таваҷҷӯҳи шикорчиёни маҳаллии Помир нахчир (бузи ваҳшӣ, киик ё ба истилоҳ бузи сибирӣ), архари (гӯспанди) Марко Поло – яке аз намудҳои асосии ҳайвоноти ваҳшии ширмак ва ҳалол буданд. Маҳз гӯшти ҳамин ҳайвонот дар мавсимҳои тулонӣ мардумро бо ғизои муқаввӣ ва пок таъмин менамуд. Сайди ин ҷонварон мардумро на танҳо бо гӯшти лазиз таъмин мекард. Ба ҷуз аз он одамон аз пӯсти ин ҳайвонот либоси чармӣ ва мӯинадор, пойафзол ва дигар маҳсулот тайёр мекарданд ва аз шохҳои онҳо ҳар гуна асбоби корӣ ва ашёи зебузинатӣ месохтанд.

Суннати шикор дар тули таърих дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии давраҳои гузашта нақши умдае бозӣ карда, ҳамвора мавзӯъе буд хос миллӣ. Шикор барои мардуми маҳаллӣ касбе ифтихорнок ва пурғурур буд ва одамон онро чун мафҳуме мефаҳмиданд барои баёни диловарӣ дар набард бо мушкилӣ ва ё ба истиқболи хатар рафтан. Ҳамин тариқ дар тули асрҳо дар миёни кӯҳистониёни Помир, ки тавъам бо табиати худ зиндагӣ мекарданд, фарҳанги бузурги шикорӣ тавлид шуд, анъанаи бойи шикорӣ, парастиши пешаи сайёдӣ ба вуҷуд омад, ки минбаъд зимни амал ҳар як гоми инсонро дар муқобили ҳайвоноти ваҳшӣ дар як чаҳорчӯби муайян зери назорат мегузошт. Арзишҳои фарҳангӣ ва амалияи сайд чун ҳисси ғамхорӣ нисбати табиат инъкос шуда, ҳамзамон дар зиндагии кӯҳистониён кӯмакрасони асосӣ мешуданд. Тибқи талаботи ахлроқи кӯҳистониён ҳама ҷонварони дунё баробари инсон ҷон доранд (одаманд мис ҷӯнат мурзаканд мис ҷӯн) ва бесабаб аз ҳаёт маҳрум кардани онҳо барои инсон гуноҳи азимест.

Фарҳанги рафтори мардум дар табиати ваҳшӣ ба тадриҷ ба яке аз омилҳои асосии истифодаи самаранок, оқилона, муассир ва саҳеҳи захоири табиӣ мубаддал гашт. Чунин ахлоқи наку дар ваҳимтарин ва сахттарин шароити табиию иқлимӣ ба аҳолии кӯҳистон на танҳо имкони зистан дод, балки он  меъёри муҳими нигоҳдошти ҳамешагии шумори мутаъодили ҳайвоноти ваҳшӣ шуд. Аҷоибаш дар он аст, ки тибқи ҳикоёти афроди куҳансоли Помир, донандагон ва нигоҳдорандагони фарҳанги шикории мардум, шикорчиёни урфӣ бо пилтакамонҳои хеле одӣ ба сайд баромада, ҳеҷ гоҳе аз кӯҳдоманҳои худ бо дасти холӣ барнамегаштанд. Ба онҳо ҳамеша муяссар мешуд ба ҳадаф ноил шаванд, ҳадди ақал он сайдеро, ки орзу доштанд, аз по биафкананд.

Як шикорчии пире ба ман нақл кард, ки ӯ сайдашро ҳамеша дар хобаш медидааст. “Одатан рӯзе, ки сайд насибам мешуд, ман шаб, ҳангоми хоб мӯйсафедеро дар хобам медидам. Ман аз ҷой хеста ба мӯйсафед салом медодам. Вақте муйсафед ба ман даст дароз мекард ва ман ҳам дастамро ба дасташ доданӣ мешудам, мӯйсафед ҳамоно ғоиб мешуд ва ман медидам, ки дасти ман ба як чизи сахте мерасид. Сипас нигоҳ, кунам он чизи сахт шохи нахчир аст. Ман аз хоб бедор мешудам ва рӯзи дигараш ҳаман сайд ба дастам меомад. Ҳамин хобро ман даҳҳо маротиба дидаам…”, гуфт ба ман шикорчӣ.

Шикор барои шикорчиёни асили пешин нисбати талаботи ҷисмонӣ дида қабл аз ҳама бароварда сохтани талаботи рӯҳиву маънавӣ буд. Шикорчиёни ҳақиқии Помир то куллияи муқаррароти анъанавии шикорро риоя намекарданд, тамоми қавонини сайёдиро ба иҷро намерасонданд, ҳеҷ гоҳ, сӯи сайдашон гоме намениҳоданд. Барои онҳо аз сайд дида риояи фарҳанг ва ахлоқи шикор муҳимтар буд. Зеро чунин ақида доштанд, ки “ризқи ҳавои” маҳз бо ҳамин роҳ насибашон мешавад.

Дар Бадахшон бисёр деҳаҳо бо сайёдони машҳури худ номвар буданд. Мардум чунин мегӯянд, ки ин кор барои сокинони онҳо аз ҷоноиби Худо расида (баххихӣ) аст. Аҷдодони мо шикорро муносибтарин мактаб ва ҳақиқатарин омӯзгор барои омӯзиш ва парвариш, таълиму тарбия ва фунуни набард, саҳархезӣ, бурдборӣ, таҳаммули сахтиҳо ва омӯзиши назму тартиб барои навҷавонон медонистанд ва ҳар касе мекӯшид фарзандонашонро аз кӯдакӣ дар ин мактаб парварад. Чун шикор рафтан як таваккуле буд ва шикорчиён аз пайомади худ чизе намедонистанд, бо мурури замон ин шуғл арзишҳои эътиқодӣ пайдо кард.

Масалан, дар Шоҳдара ин кор гӯё барои мардуми деҳаи Бароҷ эҳсон ва атои Худо – баххихӣ аст. Сокинони ин деҳа беҳтарин шикорчиёни Помир будаанд. Ва сирри аслиашон дар он аст, ки онҳо ҳеҷ вақт анъаноти шикории мардуми худро вайрон накардаанд. Мегӯянд дар аҳли қадим дар Бароҷ тақрибан ҳар як хонавода шикорчигии худашро доштааст. Дар аҳди қадим, замоне ки ҳанӯз дурбин ва дигар афзорҳои наздикбинӣ вуҷуд надоштанд, шикорчиён сайди худро танҳо бо роҳи мушоҳида ва омӯхтани роҳу рафтори  ҷонварон пайдо мекарданд. Табиати ваҳшӣ ҳамчун манбаъи ризқдиҳанда ҳамеша дар зери назари маскунони кӯҳистон буд. Онҳо роҳу рафтори ҳар як намуди ҳайвонотро дар тамоми фасли сол меомӯхтанд ва барои ҳамин зимни шикор чӣ тавр рафтор кардани ҳама гуна ҳайвонотро медонистанд ва амалиёти худро мувофиқи табиати он ҷонвар анҷом медоданд.

Масалан медонистанд, ки оҳу дар ҳар фасли сол роҳи рафтор, чаро ва гашти худро дорад. Ин хатсайрҳои оҳувон дар ҳар фасли сол аз рӯи иртифоҳ ва баландии худ фарқ мекарданд. Баҳорон оҳуҳо ба пастиҳо мефуромаданд, тобистон иртифоҳи миёнаро ихтиёр мекарданд ва танҳо дар фасли тирамоҳ баландтарин мақомро мегирифтанд. Ин ҷонварон асосан субҳи барвақт ва шом вақте ки офтоб набошад ба чаро машғул мешаванд. Вале замоне, ки офтоб мебарояд (хиирпал) ва тафсон мешавад, онҳо ба қуллаҳои баланд баромада роҳат мекунанд, ба хоб мераванд

Ба бовари мардуми Помир, ҳар касе ки дар сайд беадолатии зиёд нишон диҳад, ба вай аз ғайб садо меомадааст ва вай таъкид мешудааст. Ба ман дар бораи Мадумар ном шикорчӣ аз деҳаи Разӯчи Бартанг, Хуррам ном шикорчие аз деҳаи Шод ва Каргас ном шикорчӣ аз деҳаи Бароҷи ноҳияи Роштқалъа, Сардор аз деҳаи Шидвуди вулусволии Шуғнон қисса кадрданд.

Ба ин одамон, дар натиҷаи шикори бисёр ва бетартибона (ба фасли сол ва синну ҷинси сайдашон нигоҳ намекунанд) аз ғайб садо омада, онҳо хушдор дода мешаванд. Лекин онҳо боз аз феъли худ бознаистода корашонро давом медиҳанд. Дар натиҷа Хуррам ба шах афтода ҳалок мешавд. Каргас ба садама дучор шуда то ҳоли нимамурӣ мерасад. Мардумар ба бадбахтиҳои зиёде гирифтор мегардад. Сардор девона ва нобино мешавад.

Шикорчиёни ҳақиқӣ ҳар як пайроҳаи нахчирон ва гӯспандонро меомӯхтанд, мувофиқи замони гузаштани онҳо аз пайроҳаҳо амал мекарданд ва бо ҳамин сайдкунӣ тахминан хато намекарданд. Дар ин ҳолат интихоби сайд дилхоҳ низ барояшон душворие надошт. Умдатан шикорчиёни куҳан модабуз, бузғола ва ҷавонаҳоро ҳеҷ вақт нишони тир намекунанд.

Агар шикорчиён касе комёб мешуд, ки баландтарин роҳи ҷонваронро масдуд мекард. Нахчир гӯё худаш низ гуфта будааст: “му саракен ди анҷувд, вузум муд” (Роҳи сарикӯҳии маро, ки гирифтанд (банд карданд), ман мурдам). Одатан ҷавонмардон дар Помир ба шикор аз синни чаҳордаҳ ва ё понздаҳсолагӣ оғоз мекарданд. Ин ба он хотир буд, ки сайди афгандаашро пуштора карда ба деҳа оварда тавонанд (лак вам сайд бас дед).

Шикоргарӣ ҳамчун касби мардон талаб мекард, ки довталаб сараввал санъати шикорро аз устодони ин соҳа омӯхта ё камаш шунида, малакаи дар кӯҳсор чобукона ҳаракат карданро дошта бошад. Бештар худи фарзандони марди шикорчӣ ба ин касб мерафтанд. Зеро шикорчӣ ҳанӯз аз синни хурдӣ писарашро бо худ ҳамроҳ ба шикор бурда ба ӯ тарзи дарёфти сайд ва дигар паҳлӯҳои касбро меомӯхт. Бисёре аз сокинони Помир ин касбро авлодӣ мешуморанд. Аммо дар амалия бо ҳар гуна сабабҳо наслҳо на ҳама вақт ба ин ноил мешуданд. “Барои ин ҳам дар хонадоне, ки чанд бародар якҷо мезистанд ва ё аз ҳам ҷудо мезистанд камонро ба оне, ки малакаи шикорчигиаш беш аст, месупориданд. Шикорчии интихобшуда, агар шароити хона даст медод, аз дигар корҳои рӯзгор озод мешуд ва баъди гирифтани дуои падару устод аз паи иҷрои вазифа мешуд”.

МАНБАЪ: Қурбон Аламшоев: “Фарҳанги шикор длар Помир”. Душанбе, “Ирфон”, соли 2015.

Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Фирўза Таурова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
 доир  ба  фарҳанг  ва  ҳунар.