Намоиши китоб бахшида ба ҷашни Сада

Сада-1Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31 уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.

Ҳамин тариқ, ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи бузургдошти Митра (Меҳр), омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардид.

Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буда, деҳқононро барои киштукори саҳро омода менамуд. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайвандад ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна интизорӣ кашида, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли Нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегарданд.

Имрӯзҳо мо низ дар арафаи ҷашни таҷлили рӯзи Сада қарор дорем ва ин ҷашни аҷдодиро дар саросари мамлакатамон таҷлил менамоем. Аз ин ҷост, ки шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин ҷашнвора  намоиши китобро  омода ва  таҳия намудааст.

Манижа ИБРАГИМОВА,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ