Намоиши китоб бахшида ба рўзи гиромидошти хотираи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода

Турсунзода2-уми май зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, яке аз чеҳраҳои тобноки адабиёти муосир, шоири маҳбуби халқ Мирзо Турсунзода аст.

Устод Турсунзода ниёз ба шиносоӣ надорад, чун дарвоқеъ маҳбуби дилу дидаи ҳар сокини кишвар аст. Хидмати ӯ дар рушди адабиёти муосири тоҷик беназир аст. Шоирест, ки умре аз дӯстӣ ҳарф заду аз сулҳу салоҳ. Шоире буд ними оламро гашт ва ҳар ҷо рафт пайғоми сулҳ бурду бо ҳамин пайғом ба диёраш баргашт.

Ин абармарди таърихро на фақат дар Тоҷикистони имрӯза, балки дар тамоми дунё хусусан манотиқи Осиё ва Африқо мешиносанд ва то имрӯз номи некашро ба ёд меоваранд. Зеро ӯ тавассути нерӯи сухан тавонист дар дили мардуми кишварҳои олам ҷой гирад ва бо ҳар нафаре бо забону фаҳми ӯ сӯҳбат кунад ва ҳар суханеро дар мақоми хеш ба мардум расонад.

Ин буд, ки дӯстони хуберо аз тамоми кишварҳои олам кашф кард. Дӯстони Турсунзода дӯстони миллати тоҷик шуданд. Даҳҳо шеъру хотирае, ки адибони оламшумуле назири Файз Аҳмади Файзи покистонӣ, Расул Ғамзатови доғистонӣ, Чингиз Айтматови қирғиз, Олжас Сулаймонови қазоқ ва дигарон навиштанду суруданд, баёнгари муҳаббати оламиён ба шоири маҳбуби тоҷик аст.

Ба муносибати зодрӯзи ин абармарди таъриху адабиёт ва инсони комилу шоири маҳбуб шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ намоиши китоб ташкил кардааст, ки хонандагон ва ҳаводорони шеъри Турсунзода метавонанд аз он баҳра баранд.

Ин намоиши китоб дар Шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ воқеъ дар ошёнаи панҷуми бинои Китобхонаи миллӣ ташкил шудааст.