Диди илмии рушди соҳаи китобдории даврони Истиқлол

 Бо дарназардошти фарогирии маҷмўи рўйдодҳои сиёсӣ ва воқеияти таърихӣ раванди ташаккул ва рушди китобхонаҳои Тоҷикистонро дар даврони истиқлол метавон ба ду марҳила тақсим кард: марҳилаи якум – солҳои 1991-2000 ва марҳилаи дуюм – солҳои 2001-2021.

 Марҳилаи якум (солҳои 1991-2000) аз эълони «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (9 сентябри соли 1991) оғоз ёфта, то таъсисёбии парлумони касбӣ (моҳи феврали соли 2000) идома пайдо кардааст. Дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолӣ чун дигар бахшу самтҳои фарҳангу санъат ҳолати китобхонаҳо низ ниҳоят вазнин гардида, садҳо китобхонаҳо дар шаҳру деҳоти кишвар барҳам дода шуда, биноҳои онҳо ё шахсӣ гардидаанд ё барои истифода ба тавозуни дигар муассисаю ташкилотҳо гузаронида шудаанд. Дар натиҷаи рўй додани чунин ҳолат захираи китоби онҳо низ аз байн рафта, хонандагони китобхонаҳои барҳамхўрда ё аз фаъолият бозмонда пароканда гардидаанд. Дар соли 1991 теъдоди умумии китобхонаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол маҷмўан 1747 ададро ташкил медод. Вале дар солҳои минбаъдаи идомаи ҷанги шаҳрвандӣ бо иллати зоҳир нашудани таваҷҷуҳи зарурӣ ба ин бахш, ҳам теъдоди китобхонаҳо, ҳам захираи китоби китобхонаҳо ва ҳам теъдоди хонандагони онҳо бо таври назаррас коҳиш ёфтанд. Таври мисол, дар соли аввали ҷанги шаҳрвандӣ, яъне соли 1992, шумораи умумии китобхонаҳо қариб 500 адад кам шуд. Дар солҳои минбаъда коҳишёбии китобхонаҳои ҷумҳурӣ тамоюли манфиро касб карда, сол то сол рў ба пастравӣ ниҳоданд. Чунончи, дар соли 2000-ум то 1441 адад, дар соли 2005 – 1414 адад, дар соли 2010 – 1392 адад ва дар соли 2015 – 1366 ва дар соли 2016 низ ба ҳамин теъдод боқӣ монданд, ки ин аз боздории раванди камшавии теъдоди китобхонаҳо шаҳодат медиҳад. Тайи ин солҳо дар зери таъсири омилҳои дарҷшуда, теъдоди захираи китобӣ ва шумораи хонандагони китобхонаҳо низ сол то сол рў ба камшавӣ ниҳодааст. Аз ҷумла, шумораи умумии захираи китоби китобхонаҳои мамлакат дар соли 1991, дар маҷмўъ 16 миллиону 115 ҳазор нусхаро ташкил медод, ки аз ин миқдор дар соли 2000-ум то 13 миллиону 487 ҳазор нусха, дар соли 2013-ум то 11 миллиону 800 ҳазор нусха коҳиш ёфтааст. Теъдоди хонандагони китобхонаҳо дар давоми ҳамин солҳо аз 1256,9 ҳазор нафари соли 1991, дар соли 2000-ум то ба 805,9 ҳазор нафар поин рафта, шурўъ аз соли 2011 нишондиҳандаҳо дар ин бахши китобдорӣ рў ба болоравӣ ниҳодааст: соли 2011 – 1311,5 ҳазор нафар, соли 2015 – 1461,8 ҳазор нафар ва дар соли 2016 то 1626,7 ҳазор нафар боло баромадааст, ки ин омор вазъи воқеии китобхонаҳои ҷумҳуриро дар ин солҳо инъикос менамояд.

Дар марҳилаи дуюм (солҳои 2001-2021) рушди устувори ҷумҳурӣ ба Ҳукумати мамлакат имкон дод, ки барои беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла фаъолияти китобхонаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд. Дар ин давра, заминаи меъёриву ҳуқуқии китобхонаҳои мамлакат тақвият ёфта, қарору қонунҳои нав ва консепсияву барномаҳои давлатӣ марбут ба соҳаи китобдорӣ қабул шуданд, заминаҳои моддиву техникии китобхонаҳо беҳтар гардиданд, барои азнавсозӣ ва бунёди китобхонаҳои нав аз ҳисоби буҷети давлат маблағҳои зарурӣ ҷудо шуданд. Аз ҷумла, сохтану ба истифода додани биноҳои нави Китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода, Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи марказии ноҳияи Ҳисор бо иштироки Пешвои миллат, роҳандозӣ шудани низоми нави худкори раванди китобдорӣ-иттилоотӣ дар фаъолияти ин китобхонаҳо, таъсис ёфтану ба фаъолият шурўъ кардани китобхонаҳои электронӣ, баргузории ҳамасолаи намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе ва ҷашн гирифтани 4-сентябр ҳамчун Рўзи китоб дар ҷумҳуриро метавон аз дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолӣ дар самти рушди фаъолияти китобдории мамлакат арзёбӣ кард.

Қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи беҳтар намудани вазъи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» аз 14 августи соли 2003 ба тақвияти фаъолияти китобхона мусоидат кард. Тибқи банди 4-и Қарори мазкур ду барномаи давлатӣ: «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» ва «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015» таҳия шуд ва баҳри татбиқи онҳо аз ҳисоби буҷети давлат  7 миллиону 310 ҳазору 200 сомонӣ пешбинӣ гардид. Илова бар ин «Барномаи компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» низ қабул шуд.

 Татбиқи барномаҳои зикршуда имкон дод, ки фонди китобхонаҳои мамлакат бо адабиёти тозанашр таъмин гардад, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар шавад, заминаи моддӣ-техникии китобхонаҳо тақвият ёбад, дар фаъолияти китобхонаҳо низоми нави худкори раванди китобдорӣ-иттилоотӣ ҷорӣ гардад, ҳамкориҳои байналмилалии китобдорӣ густариш ёбад ва заминаҳои устувор барои воридшавии китобхонаҳои мамлакат ба ҷомеаи иттилоотӣ муҳайё карда шаванд. Аз ҷумла, бо мақсади мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии китобхонаҳои мамлакат тибқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» аз ҳисоби маблағҳои пешбинигардида дар маҷмўъ 608 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, бинои 59 китобхона, аз ҷумла 7 китобхона дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, 8 китобхона дар вилояти Суғд, 16 китобхона дар вилояти Хатлон, 6 китобхона дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъмир шуд. Барои таъмини  китобхонаҳои ҷумҳурӣ бо таҷҳизот, аз ҷумла мебелу ҷевонҳо, дастгоҳҳои нусхабардорӣ, аудиовизуалӣ, системаҳои шамолдиҳӣ ва чангкашӣ, рафҳои китобмонӣ, компютерҳо 423 ҳазору 240 сомонӣ ҷудо гардида, ба суратҳисоби шўъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо интиқол гардид». Ҳамзамон, дар доираи Барномаи мазкур ташкили «Корвони китоб» чиҳати таъмини китобхонаҳои мамлакат бо китобҳои тозанашр мусоидат намуд. Ин Корвон аз соли 2007 инҷониб 1405 ҳазор нусха китобро ба маблағи 1 миллиону 588 ҳазору 802 сомонӣ ройгон ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо тақсим намудааст.

Ҳамзамон дар ноҳияи Рашт 3 бинои китобхона бунёд гардида, Китобхонаи деҳаи Харангони Болои ноҳияи Варзоб, Китобхонаи марказии шаҳри Роғун ба бинои нав кўчонида шуда, бинои Китобхонаи марказӣ ва филиалҳои № 4,5,6,7-и ноҳияи Шаҳринав ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ, Китобхонаи «Дўстии халқҳо»-и шаҳри Норак ба маблағи 45000 сомонӣ, филиалҳои Китобхонаи марказии ноҳияи Ваҳдат ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ, Китобхонаи марказӣ ва филиали № 65 ноҳияи Хуросон, бинои китобхонаҳои деҳоти Пилдони миёна ва Чолболоти ноҳияи Ҷиргатол, китобхонаҳои марказии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Роштқалъа, Ванҷ таъмир гардиданд. Баъди қабули барномаҳои зикршуда дар китобхонаҳои  кишвар дигаргунии зиёд ба вуҷуд омад. Масалан, тўли солҳои 2009-2013 бинои беш аз 50 китобхонаи навоҳии дурдаст таъмир гардида, бо  рафи китобмониву мебел таҷҳизонда шуданд. Дар ноҳияҳои Восеъ, Балҷувон ва баъзе навоҳии дигари кишвар 20 китобхонаи наву замонавӣ сохта ба истифода дода шуд.

            Дар зарфи 30 соли истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ теъдоди зиёди муассисаҳои нави таълимӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки ҳамаи онҳо дорои китобхонаҳои наву бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Масалан, дар тўли солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 685 адад афзуд. Имрўз дар ҷумҳурӣ 151 муассисаи типи нав, аз ҷумла 83 гимназия (61 гимназияи давлатӣ, 22 гимназияи ғайридавлатӣ), 68 литсей (60 литсейи давлатӣ, 8 литсейи ғайридавлатӣ) фаъолият мекунад. Ҳамчунин, дар ин давра 9 адад мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд. Дар даврони истиқлолият шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ афзуда, аз 13 адад ба 38 адад расид, ки ҳамаи муассисаҳои зикршуда соҳиби китобхонаҳои замонавӣ мебошанд.

Бо вуҷуди ин дастовардҳо, дар кори китобхонаҳои кишвар ҳанўз ҳам камбудиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд. Масалан, натиҷаи таҳқиқи фаъолияти китобхонаҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ нишон дод, ки «аксари китобхонаҳои деҳот ба ҳоли худ вогузошта шуда, аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ дастгирие намебинанд ва як қисми ин китобхонаҳо таъмирталаб ва қисми дигар дар биноҳои мактаб, хонаи шаҳрвандон ва дигар ҷойҳо иҷоранишинанд. Дар ноҳияҳое, ки зиёда аз 100 деҳа доранд ҳамагӣ аз 25 то 35 китобхона амал менамояд, ки аз он 70% аҳолии деҳот бебаҳраанд. Китобхонаҳои амалкунада аз ҷиҳати таъмини мутахассис, китобҳои нав, таҷҳизот, дастрасӣ ба иттилоот ба талаботи замони муосир ҷавобгў нестанд».

Дар вилояти Суғд – 116, Хатлон – 145, ВМКБ – 49, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 109 китобхона  таъмирталаб буда, мутаносибан 7, 21, 27, 33  китобхона дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Илова бар ин, дар вилояти Хатлон – 92 китобхона, Суғд – 59 китобхона, ВМКБ – 39 китобхона, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 117 китобхона бинои мустақил надошта, дар биноҳои истиқоматӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо ҷойгир шудаанд.

Дар Тавилдара, Дарвоз, Мастчоҳ ва баъзе ноҳияҳои дигар «то ҳол аз сабаби надоштани бинои асосӣ қисме аз китобхонаҳо дар хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир шудаанд. «Барномаи компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» низ пура иҷро нашуд. Мутаассифона, дар ин муддат ба ҳамаи китобхонаҳои кишвар танҳо 220 компютеру  280 принтер харидорӣ шуд ва ин ҳам аз ҳисоби маблағи барнома. Масъулини вилоятҳо барои анҷоми ин кор чораҳои зарурӣ наандешиданд».

Ҳамин тавр, метавон хулоса кард, ки дар даврони истиқлол, барои ташаккул ва рушди фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон як қатор омилҳо мусоидат намуданд, аз ҷумла:

– ҷараёни рушди ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии ҷомеа;

– дастгирии мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ташаббусҳои алоҳидаи шахсони воқеӣ;

– ҷудо шудани маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети давлат барои азнавсозӣ ва бунёди китобхонаҳои наву замонавӣ;

– тақвият ёфтани заминаи моддиву техникии китобхонаҳо дар партави қабули барномаҳои давлатӣ ва татбиқи онҳо;

– баланд шудани масъулияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ваколатдор дар соҳаи китобдорӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати ислоҳоти инфросохтори китобхонаҳо;

– иштироки фаъолонаи китобхонаҳо барои соҳиб шудан ба бурсҳои хурд ва татбиқи лоиҳаҳои китобдорӣ;

– аз ҷониби шахсони воқеиву ҳуқуқӣ бунёд шудани китобхонаҳои нав ва такмил ёфтани фонди онҳо.

Дар радифи муваффақиятҳо, дар фаъолияти китобхонаҳои мамлакат камбудиву норасоиҳо ҷой доранд, ки рафъи онҳо ба пешрафти кори китобхонаҳо, мусоидат хоҳад кард:

– то кунун на ҳамаи китобхонаҳо дар шароити деҳот бо биноҳои алоҳидаи замонавӣ таъмин шудаанд;

– на ҳамаи китобхонаҳои мамлакат, бахусус китобхонаҳои деҳот бо технологияи нави иттилоотӣ-коммуникатсионӣ таҷҳизонида шудаанд;

– бештари китобхонаҳои мамлакат ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи китобдорӣ сахт эҳтиёҷ доранд;

– китобхонаҳо аз имконоти воситаҳои нави иттилоотӣ-коммуникатсионӣ кам истифода менамоянд ва то кунун дар аксари китобхонаҳои мамлакат сомонаҳои интернетӣ вуҷуд надоранд;

– таҳқиқотҳои сотсиологии марбут ба омўзиши дороии фонди китобхонаҳо ва мувофиқати мазмуну муҳтавои онҳо ба эҳтиёҷи хониши хонандагон баргузор нагардидаанд.

             Барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ба андешаи мо, ҳалли чунин масоил зарур мебошад:

 – таҳия ва татбиқи барномаи давлатии «Рушди китобхонаҳои деҳот барои солҳои 2023-2032»;

 – таъмини китобхонаҳо, бахусус китобхонаҳои деҳот бо биноҳои мувофиқ ва замонавӣ;

  – ташкили донишкадаи такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳо;

             – таъмини китобхонаҳои мамлакат (бахусус китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои дурдаст ва баландкўҳи ҷумҳурӣ) бо технологияи нави иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;

            – истифодаи бамавриди шабакаи байналмилалии Интернет баҳри тарғиби фаъолияти китобхонаҳо дар самти тарғиби фонди китоб ва ҷалби хонандагон ба китобхонӣ;

 – ташкил ва баргузории таҳқиқотҳои сотсиологӣ дар самти омўзиши дороӣ ва ноқисии фонди китобхонаҳои мамлакат ва мувофиқати онҳо ба талабот ва эҳтиёҷи хониши хонандагон;

– таъсиси сомонаҳои интернетӣ ва тавассути онҳо тарғиб намудани донишҳои китобдорӣ-иттилоотӣ.

Меҳроҷ КОМИЛОВ,

муовини сардори шуъбаи

хизматрасонии библиографии КМТ.