Оғози Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии “Китоби Душанбе”
Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки аҳли фарҳанг, адибон, зиёиён, меҳмонон ва ҳаводорони китобу мутолиа Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 7 давлати дунё, аз ҷумла Федератсияи Русия, Беларус, Ҳиндустон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Эрон ва беш аз 30 муассисаи нашриявии дохилӣ, аз қабили Муассисаи нашриявии «Маориф», «Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик», «Нашриёти муосир», «Ирфон», «Адиб», «Эр-граф», КВД «Шарқи озод», «Матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «Матбааи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ», Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, «Адабиёти бачагона» ва ғайра фаъолона иштирок намуданд.
Роҳбарияти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарғиби китобу китобдорӣ, таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои дӯсту бародар ва таблиғи мутолиа дар ҷомеа ёдовар шуданд.
Иброз гардид, ки аз соли 2010 инҷониб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар шаҳри амну амон ва дилорои Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии китоб таҳти унвони «Китоби Душанбе» ҳамчун рукни пойдори фарҳанг ва иртиботи фарҳангӣ бо ноширони давлатҳои дӯст баргузор мегардад. Бо таваҷҷуҳ ба ҳамин аҳаммияти фавқулода бузурги китоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи нашри китобҳои хонданиву босифат ва ташвиқу тарғиби ҷомеаро ба мутолиаи китоб дар сиёсати созандаи фарҳангии хеш дар авлавият қарор додаанд.
Ҳамчунин роҳбарияти вазорат ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ иштироки ноширону адибони Федератсияи Русияро баёнгари сиёсати созандаи давлатҳои дӯст- Тоҷикистон ва Русия арзёбӣ намуданд. Иброз гардид, ки соли 2023 дар қаламрави давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил «Соли забони русӣ» эълон гардидааст. Забони русӣ, ки 250 миллион нафар дар кураи Замин бо он гуфтугӯ менамоянд, дар иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба сифати забони муоширати байни миллатҳо истифода мешавад. Имсол дар доираи «Соли забони русӣ» ноширони Федератсияи Русия дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ба ҳайси «меҳмони ифтихорӣ» иштирок меварзанд, ки ин падида дар намоишгоҳ бори нахуст ба вуқуъ мепайвандад.
Меҳмонон низ аз истиқболи гарм ва мардуми китобдӯсту фарҳангсолори тоҷик изҳори хурсандӣ намуда, ҷиҳати тавсеаи ҳамкории фарҳангию адабӣ ва нашри китобҳои муштарак ибрози андеша намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» то 5 октябр идома меёбад.
Манбаъ: Ховар